ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКТРЕМИЗМ: ЧОЛИШҲОИ НАВ ВА СТРАТЕГИЯҲОИ МУОСИР
Мушкилоти терроризм ва ифротгароӣ дар асри XXI яке аз мушкилоти ҷиддии амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ боқӣ мемонад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги харобиовари шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва ин муноқишаҳо аз ҷумла ба эҳсосоти ифротӣ асос ёфта буданд, ин таҳдид аҳамияти хоса дорад. Мавқеи геополитикии кишвар, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст ва ин кишвар айни замон як макони бесуботӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ маҳсуб мешавад Тоҷикистонро ба як посгоҳи калидӣ дар таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ табдил додааст.
Шароити таърихӣ ва омилҳои ифротгароӣ дар Тоҷикистон хеле мураккабанд. Вазъи имрӯзаи мушкилот бо терроризм ва ифротгароӣ дар Тоҷикистонро берун аз заминаҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) тасаввур кардан имкон надорад. Ҳарчанд муноқишаҳои ҷанги шаҳрвандӣ омилҳои таҳмилӣ ва хусусиятҳои асосан дунявӣ-сиёсӣ доштанд, вале унсурҳои экстремистии динӣ ба он фаъолона ворид шуданд. Хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 дар ин марҳила нуқтаи гардиши вазъият буд, аммо идеологияи ифротгароӣ комилан аз байн нарафт. Таҷрибаи байналмилалӣ ва ҳам таҷрибаи миллӣ нишон медиҳад, ки омилҳои ба ифротишавии одамон мусоидаткунанда дар аксари ҷомеаҳо ва давлатҳо асосан инҳоянд:
1) Мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ: Сатҳи бекорӣ, бахусус дар байни ҷавонон, камбизоатӣ ва оянда норашунаи зиндагӣ қишрҳои муайяни ҷомеаро дар баробари таблиғоти ифротгароӣ, ки ангезаҳои молӣ ва эҳсоси мансубият ба “давлаҳои олӣ” пешниҳод мекунанд, осебпазир месозад.
2) Омилҳои геополитикӣ: Вазъи ноороми дохилии давлатҳо ва дар онҳо ташкилу фаъолият намудани гурӯҳҳое чун “Давлати исломӣ”, Ташкилоти «Ал-Қоида», Ҳаракати Исломии “Туркистони Шарқӣ”, Ҳаракати “Толибон”, Ташкилоти “Бародарони Мусулмон” (фаъолияти ин ташкилотҳо дар Тоҷикистон манъ карда шудааст) ва дигар ҳизбҳо, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои террористӣ - экстремистӣ, ки манбаи доимии густариши идеологӣ ва кадриро барои дигар давлатҳо ба вуҷуд меоранд.
3) Омили мазҳабӣ: Сатҳи пасти саводнокии динии аҳолӣ ба густариши ҷараёнҳои радикалии исломии аз хориҷ воридшуда мусоидат мекунад. Онҳо ҳиссиёти динии одамонро моҳирона идора карда, ғояҳои аслӣ ва асосии исломро таҳриф мекунанд.
4. Омили иттилоотию идеологӣ: Истифодаи фаъоли шабакаи интернетӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби созмонҳои ифротӣ барои ҷалб, таблиғ ва ташкили ҷомеаҳои виртуалӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти фаромиллии таҳдиди терроризмро дарк намуда, ба низоми ҷаҳонии амнияти зиддитеррористӣ фаъолона ворид мешавад. Ин мавқеи Тоҷикистон дар тасдиқ ва татбиқи санадҳои асосии байналмиллалӣ, иштирок дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ифода мегардад.
Тоҷикистон иштирокчии тамоми санадҳои асосии бунёдии байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм мебошад, ки ҳамрайъии онро ба меъёрҳои умумиэътирофгардида, тасдиқ мекунад. Ба инҳо дохил мешаванд: Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба мубориза бо маблағгузории терроризм (1999) (ки барои муқовимат ба заминаи иқтисодии терроризм муҳим аст) ва Конвенсияи Созмони ҳамкориҳои Шанхай бар зидди терроризм (2009). Тасдиқи ин санадҳо Тоҷикистонро муваззаф мекунад, ки амалҳои дар онҳо зикршударо тавассути қонунгузории миллӣ дар амал татбиқ кунад, юрисдиксияи ҷинояткорони эҳтимолиро амалӣ созад ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар заминаи кумаки ҳуқуқӣ ва истирдоди онҳо густариш диҳад.
Дар сатҳи минтақавӣ Тоҷикистон механизмҳои зеринро фаъолона истифода мебарад:
1) Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ): Тоҷикистон яке аз муассисони СҲШ мебошад. Ба ин созмон Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм (2001) марбутанд. Ин Конвенсия яке аз аввалин санадҳои байналмилалест, ки дар он таърифи мафҳуми “ифротгароӣ” ҳамчун як таҳдиди алоҳида дарҷ шудааст.
2) Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД): Дар СПАД Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ амал мекунад. Ҳуҷҷатҳои асосӣ, аз қабили Созишнома дар бораи тартиби ташкил ва фаъолияти низоми амнияти дастаҷамъии СПАД (2010) ва Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм (2023), ки машқҳои муштараки зиддитеррористиро (масалан, таъсиси гурӯҳҳои «Сарҳад» ва ҳамкории минтақавӣ) пешбинӣ мекунанд, қабул гардиданд.
3) Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ): Тоҷикистон дар кори Маркази зиддитеррористии ИДМ иштирок мекунад, Шартнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм (1999) ва Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии ифротгароиро ба имзо расонидааст (2017). Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, пеш аз ҳама бо Федератсияи Россия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон ва дигар кишварҳо як қатор созишномаҳои дуҷониба дорад. Ин созишномаҳо табодули иттилооти фаврӣ, амалиёти муштарак ва омӯзиши кадрҳоро танзим мекунанд.
Татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар робита ба ӯҳдадориҳои Тоҷикистон аз рӯи санадҳои байналмилалӣ бевосита дар қонунгузории миллӣ инъикос ёфтаанд. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» бо назардошти ин меъёрҳои байналмилалӣ таҳия ва такмил дода мешаванд. Дар асоси стандартҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ҳамаҷонибаи бисёрзинагӣ барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ташаккул ёфтааст. Дар кишвар Консепсияи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соҳаи амнияти миллӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар кишвар феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда тартиб дода шуда, мунтазам тӣакмил дода мешавад.
Албатта танҳо истифодаи қувва барои мубориза бо терроризм ва эксретремизм дар шароити имруз басанда нест. Бо назардошти ин, Тоҷикистон баарои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ тавассути татбиқи чунин чораҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад:
1) Омӯзиши динӣ: Давлат соҳаи диниро тавассути Кумитаи оид ба корҳои дин фаъолона танзим мекунад. Барои омода намудани имом-хатибони муосир ва диншиносони ба давлат содиқ, ки барои муқовимат ба таблиғи тундгароӣ қодиранд дар сатҳи маҳаллӣ барномаҳо амалӣ карда мешаванд.
2) Кор бо ҷавонон: Барномаҳои давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстӣ, шуғли аҳолӣ ва рушди варзиш дар байни ҷавонон фаъолона таҳия ва табиқ мешаванд.
3) Муқовимати иттилоотӣ: Дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади фошсозии моҳияти аслии терроризм ва идеологияи онҳо маводи иттилоотию таблиғотӣ интишор мешаванд. Арзишҳои таҳаммулпазирӣ ва ризоияти байни миллатҳо, ки барои ҷомеаи тоҷик анъанавӣ мебошанд, тарғиб мешаванд.
4) Мутобиқсозии иҷтимоӣ: татбиқи барномаҳои гуногун барои баргардонидан ва реинтегратсияи иҷтимоии шахсоне, ки аз ҷониби ифротгароён ҷалб шудаанд, татбиқ карда мешаванд, ки натиҷаҳои назаррас дорад.
Хулоса, сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо терроризм ва экстремизм фарогир ва гуногунҷанба мебошад. Он аз чораҳои фаврӣ-амалиётӣ барои безарар кардани таҳдидҳо аз терроризм ва чорабиниҳои пешгирӣ аз ифротшавӣ дар ҷомеа иборат аст. Ба шарофати ин низоми мубориза ва дастгириҳои шаҳрвандон имкон пайдо шуд, ки тули ин солҳо аз ҳамлаҳои зиёди террористӣ дар кишвар пешгирӣ карда шуда, таъмини субботу амнияти ҷомеа нигоҳ дошта шавад.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассиртарин моделҳои мубориза бо терроризмро дар Осиёи Марказӣ созмон додааст, ки албатта муваффақияти дарозмуддати он ба тавоноии ҷомеа барои мутобиқ шудан ба чолишҳои нав ва аз байн бурдани сабабу омилҳои аслии ифротгароӣ вобаста хоҳад буд.
Сарфи назар аз комёбиҳои назаррас дар мубориза бо терроризм, заминаҳои таҳдиди он аз байн нарафтааст. Мубориза бо терроризм ҳушёриву зиракии доимӣ, ташхису муайянсозии омилҳо ва заминаҳои наву муосири он ва тадбирҳои саривақтиро тақозо мекунад. Зеро ин падидаи номатлуб пайваста табдил меёбад, такмил мешавад, шаклҳои нав пайдо мекунад (аз қабили кибертерроризм), барои амалӣ намудани нақшаҳои нопокаш аз технологияҳои нав ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода мебарад.
Аз ин лиҳоз, таҳлили илмии низоми мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар Тоҷикистон, ошкорсозии ҷиҳатҳои қавӣ ва осебпазирии он яке вазифаи ниҳоят муҳими тадқиқотии илми ватанӣ ба назар мерасад. Зарур аст омӯзиши мунтаззами стратегияҳо ва механизмҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ба роҳ монда шавад.
Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

