НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ “ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР”
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли ҷорӣ ироа гардид, санади муҳими стратегии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва барномавӣ ба шумор меравад, ки дар он дастовардҳои давраи пештара мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, ҳадафҳои стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ кишвар муаяйян муайян намуданд.
Хусусияти муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар он ифода меёбад, ки дар он аввал таҳлили мукаммали дастоварди даҳ соли охири рушди кишвар ва баъдан самтҳои нави рушди давлат дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ба таври возеҳ мушаххас гардиданд,ки ҳамчун роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон хидмат мекунад.
Вобаста ба ин, тасмим гирифтем,ки дар бораи Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди амалишавии чанде аз “Ҳадафҳои Рушди Устувор” дар кишварро мавриди барассӣ қарор диҳем.
Мафҳуми “рушди устувор” рушди иқтисодиёт, баробарии иҷтимоӣ ва суботи экологиро дар худ таҷассум менамояд ва он ба ҳалли мушкилоти дарозмуддат равона гардида ва имкон медиҳад, ки ниёзҳои насли ҳозира таъмин гардида, имкониятҳои насли оянда барои таъмини ниёзҳои худ маҳдуд нашавад.
Ин мафҳум дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба муҳити зист ва рушд дар Рио-де-Жанейро (1992) расман эътироф шуда, то имрӯз бо таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар бисёр давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон ворид гардидааст.
Консепсияи “Ҳадафҳои Рушди Устувор”, ки соли 2015 аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид (СММ) тасдиқ шудааст, маҷмӯи 17 ҳадаф ва 169 вазифаҳоро дар бар мегиранд ва он ҳуҷҷати асосии роҳнамои кишварҳо то соли 2030 ба шумор рафта, ба ҳалли мушкилоти дарозмуддат равона гардида, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро таъмин менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи “Ҳадафҳои Рушди Устувор” ташаббускор ва пешсаф буда ва барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати худ як қатор барномаву стратегияҳо ва харитаи роҳи муштаракро амалӣ менамояд.
Яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа, ки дар “Ҳадафҳои Рушди Устувор” баён гардидааст камбизоатӣ медошад. Дар консепсия омадааст: “Камбизоатӣ дар ҳама шаклҳояш дар ҳама ҷо хотима дода шавад. Мақсади асосии ин ҳадаф аз байн бурдани камбизоатии шадид то соли 2030 мебошад.
Ҷиҳати иҷрои ин ҳадаф, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба таври мунтазам тамоми имконияту захираҳо барои коҳиш додани сатҳи камбизоатии мардуми кишвар равона карда истодааст.”
Вобаста ба ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023 омадааст: “Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд. Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.
Дар Паёми навбати Пешвои миллат 16.12.2025 вобаста ба ин мавзӯъ омадааст”. Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт”, ки ин аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Масъалаҳои маориф ва илм ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар паёми навбатии Пешвои миллат масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ва таҳкими омӯзиши забонҳои хориҷӣ баррасӣ гардид.
Вобаста ба ин, ҳадафи 4-уми “Ҳадафҳои Рушди Устувор” «Таҳсилоти босифат»-Таъмини таҳсилоти босифати фарогир ва одилона,инчунин фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил дар тӯли ҳаёт барои ҳама номида мешавад,
Дар ин замина, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам қонунгузории соҳаи маориф ва илм пайваста такмил ёфта, таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ сурат гирифта барои татбиқи гардидани онҳо амалӣ карда мешаванд. Вобаста ба ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ ва татбиқ гардида истодааст.
Инчунин, 17-уми декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» имзо карданд. Ҳадаф аз қабули ин қонун баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар барои онҳо дар мебошад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ дар робита ба рушди маорифи кишвар таъкид намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Оид ба масъалаи маблағгузории соҳаи маориф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон қайд намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад».
Таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим равона карда шуда, таъкид намуданд, ки мебояд аз ҳоло чораҷӯйӣ кард, зеро дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба чор миллион нафар мерасанд.
Дар Паёми навбатӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф ва илм, аз хусуси зиёд кардани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм 20 фоиз аз 1 сентябри соли 2026 мужда доданд.
Ҳадафи навбатии консепсияи “Ҳадафҳои Рушди Устувор” (ҲРУ) ин тағирёбии иқлим мебошад. Тавсия мешавад, барои мубориза бо тағирёбии иқлим ва таъсири он чораҳои таъҷилӣ андешида шавад. Қобили қайд аст, Созмони Милали Муттаҳид тағирёбии иқлимро бузургтарин таҳдид барои рушд эълом кардааст.
Ташаббусҳои созанда ва бевоситаи Пешвои муаззами миллатро дар ҷодаи ҳифзи захираҳои обии ҷаҳонӣ аз қабили: соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”. Солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» эълон гардид.
Инчунин, соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март), таъсиси «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул карда шуд.
Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардиданд ки ин яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Дастовардҳои номбурда гувоҳи он аст, дар замони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускор ва пешоҳанг дар масъалаи обу иқлим дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст.
“Раванди оби Душанбе” ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон оид ба баргузории конфронсҳои байналмилалӣ дар доираи Даҳсолаи амали СММ «Об барои рушди устувор» (2018-2028) мебошад,ки бо мақсади фаъол намудани саъю талошҳо ва дастгирии иҷрои ӯҳдадориҳо дар самти пешбурди ташаббусҳои ҷаҳониии Тоҷикситон дар соҳаи об созмон гардидааст ва ба таври мунтазам мавзуъҳои идоракуни ва истифодаи самараноки захираҳои об, коҳиши офатҳои табиии марбут ба об, иқлим, об барои рушди устуворро бо ҷалби таваҷҷуҳ ва иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди барассӣ қарор додааст.
“Раванди оби Душанбе” ҳамчун ниҳоди байналмилалии пешбарандаи муколама ва дипломатияи муосири об дар таҳкими заминаҳои сиёсӣ, институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва илмию таълимии масъалаҳои вобаста ба об ва иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ нақши воқеъӣ гузошта истода, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври хос муаррифӣ намуда имиҷи онро баланд карда истодааст.
Хулоса Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегии давлати буда, самтҳои асосии рушди кишварро барои оянда муайян мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъоли татбиқкунандаи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба ҳисоб рафта, пояҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар заминаи принсипҳои ҲРУ ба роҳ монда, дар самти коҳиши сатҳи камбизоатӣ, рушди маориф, ҳифзи захираҳои об, идоракуни ва истифодаи самараноки захираҳои об, коҳиши офатҳои табиии марбут ба об, иқлим, об барои рушди устувор фаъолияти амалии худро ба таври мунтазам пеш мебарад.
Амалисозии пайгиронаи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар Паём зикршуда метавонад заминаи устувор барои рушди босуботи иқтисодӣ,
таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди нерӯи инсонӣ беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмин намудани ояндаи дурахшони миллат фароҳам оварад.
