КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ОЛИИ ҲУҚУҚӢ ВА РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Конститутсия, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, сутуни асосии давлатдорӣ ва таҷассуми орзую ниятҳои некбинонаи мардум ба ҳисоб меравад. Маҳз дар асоси Конститутсия давлат қомат меафрозад, ҷомеа бо қонун зиндагӣ мекунад ва инсон соҳиби ҳуқуқу озодиҳои кафолатёфта мегардад.
Барои миллати тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ ва тамаддуни пурғановат дорад, Қонуни асосӣ на танҳо ҳуҷҷати расмӣ, балки рамзи ваҳдат, субот ва худшиносии миллӣ аст. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар нафаси тоза бахшид ва пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро гузошт.
Он солҳо кишвар тоза аз марҳилаи пурташаннуҷи таърихӣ гузашта, ба сӯи сулҳу оромӣ рӯ оварда буд. Қабули Конститутсия ифодаи иродаи мустақили мардум гардид. Халқи Тоҷикистон бори нахуст сарнавишти давлату миллатро бо раъйи худ муайян кард ва ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузошт.
Имрӯз, баъди зиёда аз сию як сол, Конститутсия ба ҳуҷҷати зинда табдил ёфтааст он на танҳо қонун, балки роҳнамои сиёсӣ ва ахлоқии ҷомеа мебошад. Маҳз дар партави он дар мамлакат низоми демократӣ, озодии сухан, фаъолияти озоди ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон таъмин гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид намудаанд, ки: «Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки кафолати зиндагии озод, давлатдории мустақил ва ваҳдати миллӣ мебошад.»
Дар ҳақиқатан ҳам, Конститутсия барои ҳар шаҳрванди кишвар роҳнамоест, ки дар он арзишҳои волои инсондӯстӣ, адолат, баробарӣ ва эҳтиром ба қонун дарҷ шудаанд. Ҳар як моддаи он барои ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими истиқлолият нигаронида шудааст.
Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо такя ба меъёрҳои Конститутсия рушд мекунад. Роҳбарияти давлат, сохторҳои қонунгузор, ҳокимиятҳои иҷроия ва судӣ ҳама фаъолияти худро дар асоси ҳамин санади муқаддас ба роҳ мондаанд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати сиёсиву иқтисодӣ аҳамияти Конститутсия боз ҳам меафзояд. Зеро он кафолати асосии истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва суботи ҷомеа мебошад. Барои ҳамин ҳар як шаҳрванд бояд Конститутсияро на танҳо бидонад, балки ба он эҳтиром гузорад ва дар амал татбиқ намояд.
Хулоса Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки санади тақдирсоз ва рамзи ваҳдати миллӣ мебошад, ки ба шарофати он давлати соҳибистиқлоли мо пояҳои устувори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ пайдо кардааст. Он роҳи равшани давлатдории навинро муайян намуда, халқро ба сӯи адолат, сулҳ, ваҳдат ва пешрафт раҳнамоӣ мекунад.
Дар ин замина, масъулияти ҳар як шаҳрванди мамлакат дар он ифода меёбад, ки Конститутсияро эҳтиром намуда, онро ҳамчун дастури зиндагӣ ва омили бақои давлату миллат дар амал татбиқ созад. Зеро пойдории давлат ва саодати мардум аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза мо ба арзишҳои дар Конститутсия зикршуда содиқ мемонем.
Конститутсия ин на танҳо қонуни асосӣ, балки эъломияи ваҳдат, адолат ва озодии миллат аст. Он моро ба ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан даъват намуда, роҳи рушди устувор ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин месозад.
Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул ходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
