КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ИСТИҚЛОЛ: ДИДГОҲ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ИҶТИМОӢ”
16 сентябри соли 2025 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзуи “Истиқлол: дидгоҳ ва дурнамои рушди иҷтимоӣ”баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо иштироки олимони варзида аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, бо мақсади таҳлили ҳамаҷонибаи равандҳои ташаккули давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ ва рушди иҷтимоӣ дар замони истиқлол баргузор гардид.
Дар сухани ифтитоҳии ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои филологи Саломиён М, муҳимияти мавзуи истиқлолро дар замони муосир, бахусус дар шароити таҳдидҳои глобалӣ ва тағйирёбии сохтори геополитикӣ, таъкид гардид.
Дар сухани ифтитоҳии доктори илмҳои фалсафа, профессор Н.Д. Маҳмадизода, таваҷҷуҳи иштирокчиён ба самтҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии истиқлол ҷалб кардаанд, ки дар шаклгирии ҳувияти миллӣ ва пойдории давлатдорӣ нақши калидӣ доранд.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқони дохилию хориҷӣ профессор М.З. Раҳимзода дар мавзуҳои "Ташаккули низоми давлатӣ ва ҳуқуқӣ дар замони истиқлол" ҷанбаҳои ҳуқуқии инкишофи давлатдории миллӣ ва зарурати таҳкими пояҳои конститутсионӣ ва қонунгузорӣ дар шароити муосир, Наталя Лвовна Сейтахметова масъалаи муҳим — таносуби арзишҳои динӣ ва дунявиро дар шароити истиқлол, бахусус дар мисоли Қазоқистон, З.М. Диноршоева ба масъалаи истиқлол аз дидгоҳи фарҳангшиносӣ рӯ оварда, нақши мероси фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ дар таҳкими ҳувият, профессор Б.Ҷ. Самиев истиқлолро ҳамчун маншаи ташаккули ҳувиятро миллӣ ва давлатдории миллиро арзёбӣ карда, масъалаи масъулияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар таҳкими истиқлол, А. Абдулҷалилов дар масъалаи соҳибихтиёрии давлатӣ дар шароити глобализатсия ва таъсири интернетро ба амният ва мустақилияти иттилоотӣ, Рита Бобуевна Салморбекова ва Е.К. Касабекова таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя – Қирғизистон ва Қазоқистон – ро дар татбиқи сиёсати озодии динӣ ва дунявият дар низоми конститутсионӣ баромад намуданд.
Конференсия собит намуд, ки истиқлол танҳо мафҳуми сиёсӣ набуда, балки падидаест мураккаб ва бисёрҷабҳа, ки ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад: аз низоми давлатдорӣ то фарҳанг ва шуури миллӣ. Маърузаҳо ва музокирот нишон доданд, ки баррасии масъалаи истиқлол бояд дар заминаи таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва технологияҳои муосир сурат гирад.
Ингуна чорабиниҳо на танҳо ба таҳкими робитаҳои илмии байналмилалӣ мусоидат мекунанд, балки барои тарбияи насли нав дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ нақши муассир доранд.
