Skip to main content

Иттиҳоди Аврупо ҳамчун модели беназири ҳамгироии минтақавӣ ва рушди устувор дар ҷаҳони муосир

Дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир  дар баробари  раванди ҷаҳонишавии иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки   яке аз муҳимтарин  хусусияти системаи ҷаҳонии муосир ба шумор меравад,  раванди ҳамгироии минтақавӣ (regional integration) низ рушд ва ташаккул намуда истодааст, ки  дар натиҷаи он,   созмонҳои  нави байналмилалии минтақавӣ  таъсис гардида истодаанд, ки ҳадафи онҳо рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои минтақа,  ҳалли якҷояи мушкилоти умумии минтақаро фарогиранда, фароҳам овардани шароит барои рушди устувор ва таҳкими амнияти миллӣ  ба шумор меравад.   

Созмонҳои байналмилалии минтақавӣ    тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расида  фаъолият намуда,  дорои ваколатҳои мушаххаси ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буда,   ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои узви Иттиҳодро ,  танзим ва иҷрои қарорҳои муштараки иштирокчиёни онҳоро ҷиҳати  амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои ҳамгироии минтақавӣ таъмин менамоянд.

Яке аз чунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ Иттиҳоди Аврупо (European Union EU) мебошад.

Иттиҳоди Аврупо  (European Union EU) иттиҳодияи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва байналмилалии 27(бисту ҳафт) давлатҳои аврупоӣ мебошад, ки дар асоси  Шартномаи Маастрихт (Maastricht Treaty) 1-уми ноябри соли 1993  созмон гардидааст.

Иттиҳоди Аврупо(ИА) барои амалигардонии сиёсати худ низоми мураккаби институтҳо ва мақомотҳоеро дорад, ки онҳо хусусиятҳои хос доранд: сохторҳое, ки аз ҷониби шахсони алоҳида, ки ба сифати намояндагони расмии давлатҳои аъзо амалкунанда  ташкил гардидаанд, сохторҳое, ки ҳайати онҳоро ҳукуматҳои миллӣ пешбарӣ мекунанд ва ҳамаи аъзоён аз номи Иттиҳоди Аврупо амал менамоянд.

Муассисаҳои  асосии идоракунии Иттиҳоди Аврупо: Шурои Иттиходи Аврупо (Шурои вазирон), Комиссияи аврупоӣ, Парлумони аврупоӣ, Палатаи аудиторхо, Комитети иктисодӣ ва ичтимоӣ, суди Иттиходи Аврупо,  забонхои Иттиходи Аврупо, молия ва ҳуқуқ,  иқтисодиёти Иттиходи Аврупо  мебошанд,  ки тавассути онҳо Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳагӣ  фаъолияти серпаҳлуи кишварҳои узви иттиҳодро таъмин менамояд.

Низоми ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо-ро созишномаҳои дохилӣ (муассисон), шартномаҳои байналмилалии хориҷӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки байни давлатҳои узв  ба имзо расиданд, муайян менамояд, ки   онҳо арзишҳо, ҳадафҳо, салоҳиятҳо, сохтори институтсионалӣ ва механизмҳои фаъолияти Иттиҳодро мушаххас менамояд.

Низоми ҳуқуқии Иттиҳод аз қисмҳои зерин иборат аст: шартномаҳои таъсисдиҳандаи Иттиҳоди Аврупо, шартномаҳои тағйирот дохилкунанда, шартномаҳо дар бораи қабули аъзоёни нав ба Иттиҳоди Аврупо, қонунҳое, ки муассисаҳои Иттиҳоди Аврупо нашр менамояд, қарорҳои Суди Иттиҳоди Аврупо ва дигар органҳои суди иттифоқ мебошанд, ки онҳо дар низоми ҳуқуқии ИА қувваи олии ҳуқуқӣ доранд ва Додгоҳи адлияи ИА риояи созишномаҳо ва тафсири ягонаи онҳоро таъмин менамояд

Иттиҳоди Аврупо (ИА)   дорои  хусусиятҳои хоси фарқкунанда дар муқоиса бо дигар созмонҳои байналмилалии минтақавӣ мебошад.

Аввалан, созишномаҳои ҳуқуқии миёни кишварҳои узви Иттиҳод ба имзо расида хусусияти фаромиллӣ дошта, нисбат ба  қонунгузориҳои миллии кишарҳои узви Иттиҳод афзалият доранд ва дар сурати зарурият қонунгузории миллиро дар соҳаҳои дахлдор иваз мекунанд. Ин муқаррарот дар таҷрибаи судии Додгоҳи адлияи Иттиҳоди Аврупо сабт ёфта, ба принсипи асосии ҳуқуқи аврупоӣ табдил ёфтааст

Сониян,  кишварҳои узви иттиход аз як миқдори муайяни истиқлолияти давлатии кишварашон  даст кашида, онро ба мақомотҳои    дахлдори умумиавропоии Иттиҳод вогузоштанд.

Баъдан, дар Иттиҳоди Аврупо шаҳрвандии ягона барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳод қабул гардидааст.  Дар ин росто, шаҳрванди минтақаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар баробари шаҳрвандии иттиҳод  метавонанд шаҳрвандии миллии  хешро нигоҳ доранд.

Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар фаъолияти хеш арзишҳо ва  ҳадафҳоеро муайян кардааст, ки онҳо дар ҳуҷатҳои сиёсии  бунёдии  “Аҳднома дар бораи Иттиҳоди Аврупо”ва “Аҳднома  дар бораи фаъолияти Иттиҳоди Аврупо”(2016/C 202/01), ("Treaty on European Union and  Treaty on the  functioning of the  European Union (2016/C 202/01),ки онро ҳамзамон “Аҳдномаи Лиссабон” ("Treaty of Lisbon") низ  меноманд, баён гардидаанд. 

Арзишҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА)  бар пояи  эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, озодӣ, демократия, баробарӣ, волоияти қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи  ақаллиятҳои миллӣ  ки дар минтақаи иттиҳод  зиндагӣ мекунанд, таъсис ёфтааст.

Ҳадафи Иттиҳод мусоидат ба сулҳ буда, барои шаҳрвандони  иттиҳод минтақаи озодӣ, амният ва адолатро бидуни марзҳои дохилӣ,  таъмин менамояд, ки дар он ҳаракати озоди афрод, назорати марзҳои беруна, паноҳандагӣ, муҳоҷират ва пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ таъмин карда мешавад.

Бунёди  бозори дохилиии Иттиҳод,  ҳимояи манфиатҳои  шаҳрвандони иттиҳод, эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ, забонӣ, ҳифзи  арзишҳо ва мероси фарҳангии  кишварҳои узви  иттиҳод ва таъсиси  асъори ягона - евро самтҳои асосии  фаъолияти Иттиҳод ба шумор мераванд.[1]

Ҳамгироии иқтисодӣ минтақаӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо(ИА) яке аз самтҳои муввафақи  иттиҳод ба шумор меравад

 Пеш аз ҳама, ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ  дар дохили Иттиҳод  фаъолияти озоди чаҳор  ҳаракат: ҳаракати озоди молҳо,  ҳаракати озоди хизматрасониҳо, ҳаракати озоди  сармоя ва ҳаракати озоди одамонро  муқарар кардааст. Чунин фазои ягона, имкониятҳои бузургеро барои рушди иқтисодиёт, сармоягузори хориҷӣ ва тиҷорат  барои кишварҳои узви иттиҳод фароҳам меорад.

Дар ин росто, Иттиҳоди Аврупо барои таҳким ва рушди иқтисодии кишварҳои узв, тавассути маблағгузории лоиҳаҳо ва кумаки пулӣ (субсидияҳо) ҳамаҷониба мусоидат мекунад ва ба ин восита фаъолияти иқтисодиии кишварҳои узви Иттиҳодро  дар минтақаи Аврупо ҳавасманд менамояд.

Унсури дигари  муҳими рушди  раванди ҳамгироии минтақавӣ дар қаламрави Иттиҳод ҷорӣ намудани асъори ягона – евро-  (EUR  ё ин ки, €)  ба шумор меравад, ки он ҷавҳари асосии сиёсати молиявии Иттиҳодро ташкил медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки гузаштан ба евро  шарти асосии барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо(ИА) ба шумор меравад.

Зарурати гузаштан ба  асъори умуми–евро дар минтақаи Иттиҳод аз он бармеояд, ки пеш аз  гузаштан ба  евро, кишварҳои узви Иттиҳод   асъори  миллии  хешро истифода мебурданд, ки он боиси дар миёни кишварҳои узви Иттиҳод   пайдо гардидани монеаҳо  мегардиданд. Истифодаи пули миллӣ рушди бозори дохилиро дар кишварҳои узв боздошта,  самаранокии тиҷорати байни кишварҳои иттиҳодро коҳиш медоданд. Ҷиҳати ҳалли ин мушкилот,кишварҳои узви  Иттиҳоди Аврупо(ИА)  аз асъори миллии хеш даст кашида, ба  асъори ягонаи умумиаврупоӣ- евро  гузаштанд, ки  он барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ҳамаҷониба мусоидат намуд.

Ҷорӣ шудани евро  пеш аз ҳама аҳамияти сиёсӣ дошт.  Евро на танҳо воситаи пардохт, балки воситаи муҳими ҳамгироии минтақавии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва байналмилалӣ барои кишварҳои узви  Иттиҳоди Аврупо  ба шумор меравад .

Дар ин қарина ҷоиз ба қайд аст,ки ҷорӣ шудани асъори ягона- евро, тағйирёбии қурби асъорро дар дохили минтақаи евро бартараф карда, пардохтҳоро содда  ва шаффофияти нархҳоро таъмин намуда,  ба ҳамгироии амиқтари иқтисодии минтақавӣ мусоидат карда, суботи молиявиро дар қаламрави Иттиҳод тақвият дода истодааст.

Иқдоми дигаре. ки боиси пурқувват гардидани  сиёсати молиявии Иттиҳоди Аврупо(ИА)  гардид, таъсиси Бонки марказии Аврупо (European Central Bank  ECB)  мебошад, ки он масъули  бевоситаи татбиқи сиёсати ягонаи пулӣ  мебошад. 

Дастоварди дигари  беназири  Иттиҳоди Аврупо  таъсиси минтақаи Шенген ( Schengen acquis) — ба шумор меравад, ки он  тибқи   Созишномаи Шенгени соли 1985 , ки дар қалъаи Шенген (Люксембург) аз ҷониби панҷ давлати аврупоӣ: Белгия, Фаронса, Олмон, Люксембург ва Нидерландия имзо расида  созмон гардидааст

Созишнома 26-уми марти соли 1995, вақте ки назорати гумрукӣ ва марзӣ дар марзҳои дохилии кишварҳои иштирокчӣ бекор карда шуд, эътибор пайдо кард. Баъдтар кишварҳои  Испания, Португалия, Юнон (бо баъзе маҳдудиятҳо), Италия ва Австрия ба Созишнома ҳамроҳ шуданд. 25-уми марти соли 2001 Дания, Исландия, Норвегия, Шветсия ва Финландия ҳамзамон ба ин созишнома ҳамроҳ шуданд.

Ҳадафи созишномаи Шенген  бекор кардани назорати марзӣ ва гумрукӣ дар марзҳои дохилӣ байни кишварҳое, ки ба он дохил мешаванд, ҷорӣ намудани қоидаҳои ягона барои вуруд ва хуруҷ дар ҳамаи марзҳои берунаи кишварҳои иштирокчӣ, таъсиси пойгоҳи додаҳои «Шенген» оид ба раводид ва убури марз, ҷорӣ намудани қоидаҳои ягона барои истирдод,ҷори  кардани низоми  додани раводиди ягона ва системаи иттилоотии Шенген  (Schengen Information System (SIS) ва ба ин восила,  таъмини ҳаракати озоди одамон, таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви Шенген дар бахшҳое  адлия, гумрук,  умури дохилӣ дар мубориза бо ҷинояткории фаромарзӣ мебошад. [2]

Дар айни замон, 29-(бисту нуҳ) кишвар, аз ҷумла аксари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва чор кишвар - Исландия, Лихтенштейн, Норвегия ва Швейтсария ба минтақаи Шенген пайвастаанд,  Булғория, Хорватия ва Руминия  гузарондани расмиётҳои дохилидавлатиро ҷиҳати  ворид гардидан ба минтақаи Шенгенро оғоз карданд.

 Минтақаи Шенген ҳаракати озоди беш аз 400 миллион шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо (ИА) инчунин, бисёре аз шаҳрвандони кишварҳое, ки узви Иттиҳоди Аврупо нестанд,  новобаста аз миллат  дар қаламрави Иттиҳоди Аврупоро кафолат медиҳад. Он ба ҳар як шаҳрванди Иттиҳоди Аврупо (ИА) бидуни расмиёти махсус дар ҳама кишвари Иттиҳоди Аврупо (ИА) метавонанд сарҳади дохилиро бидуни назорати сарҳадӣ убур кунанд  ва дар ҳама кишвари Иттиҳоди Аврупо (ИА) сафар, кор ва зиндагӣ кунад

Бо вуҷуди дастовардҳо,   кишварҳои  минтақаи  Шенген ба як  қатор мушкилотҳо аз қабили: бӯҳрони муҳоҷират, таҳдиди афзояндаи  экстримизм ва терроризм  дучор гардида истодаанд. Таҳдиду хатарҳои номбурда  боиси он гардид,  кишварҳои  узви Иттиҳоди Аврупо (ИА) чораҳои амниятиро дар кишварашон  пурзур намуда , назорати сарҳадҳояшонро муваққатан барқарор карда, ҳаракати озод ё сафар ба аврупо  дар дохили минтақаи Шенгген  маҳдуд  мекунанд.

Бо вуҷуди  мушкилотҳои мавҷуда,  минтақаи Шенген  ҳамчун бахши асосии ҳамгироии минтақавии  кишварҳои Аврупо боқӣ мемонад ва  вазифаҳои калидиро дар таъмини озодии ҳаракат, ҳамкории иқтисодӣ, қабули технологияҳои рақамӣ ва  таъмини амният   иҷро  карда,  нақши худро ҳамчун рамзи муттаҳидшавӣ ва пешрафти Аврупо нигоҳ дошта истодааст.

Иттиҳоди Аврупо  (ИА) дар амали намудани “Рузномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) то соли 2030” саҳми назарррас гузошта  санадҳои меъёрию ҳуқуқиии калидиро аз қабили  “Созишномаи сабзи Аврупо”, (European Green Dea l),“Қонуни иқлимии Аврупо” (European climate law)   қабул кардааст.

11-уми декабри соли 2019, Урсула фон дер Лейен- раиси Комиссияи Аврупо ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ “Созишномаи сабзи Аврупо”-ро муаррифӣ кард, ки он  ҳамчун "стратегияи нави рушд” ба шумор рафта , ҳадафҳои асосии он бояд то соли 2030 партовҳои газҳои гулхонаӣ нисбат ба сатҳи соли 1990 ҳадди аққал 55%  коҳиш дода шавад ва ба ин восита     Иттиҳоди Аврупо                                                                        (ИА) ба  аввалин  минтақаи аз ҷиҳати иқлим “бетараф” дар ҷаҳон то соли 2050 табдил дода шавад.

 “Созишномаи сабзи Аврупо”- стратегияи нави рушд барои Аврупо аст, ки ҳадафи он коҳиш додани партовҳои зараровар ба атмосфера ва ҳамзамон эҷоди ҷойҳои нави корӣ мебошад.”[3]

“Созишномаи сабзи Аврупо”-  барои  таъмини нақлиёти самаранок, бехатар ва экологӣ, интиқоли энергияи тоза ва самаранок, системаи ғизои солим барои одамон ва сайёра, стратегияи саноатӣ барои Аврупои рақобатпазир, сабз ва рақамӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистемаҳо ва сармоягузориҳои устувор барои татбиқи Созишномаи сабзи Аврупо-ро дар бар мегирад [4].

               “Созишномаи сабзи Аврупо”-  на танҳо ба ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст, балки ҳадафи он беҳтар кардани сифати зиндагии мардум ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар раванди гузариш ба иқтисоди сабз мебошад. 

Дастоварди дигари Иттиҳоди Аврупо дар самти амали гардондани “Рузномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) то соли 2030” қабули “Қонуни иқлимии Аврупо”(European Climate Law, ECL) мебошад, ки он қисми таркибии “Созишномаи сабзи Аврупо”,  буда барои таъмини риояи ҳадафҳои Созишномаи Париж ва стратегияи Иттиҳоди Аврупо  барои гузариш ба иқтисоди “бетараф”  таҳия гардида  бетарафии иқлимро то соли 2050 аз нигоҳи ҳуқуқӣ муқаррар менамояд.

 “Бетарафии иқлимӣ” маънои то соли 2050  кам кардани партовҳо, сармоягузорӣ дар технологияҳои тоза ва ҳифзи муҳити зистро дорад. “Қонуни иқлимии Аврупо” инчунин ҳадафҳои миёнаро муқаррар мекунад: кам кардани партовҳои софи газҳои гулхонаӣ (ГГ) то соли 2030 ҳадди ақал 55% ва то соли 2040 то 90%, дар муқоиса бо сатҳи соли 1990. [5]

“Қонун  иқлими Аврупо” ҳадаф дорад, ки ин ӯҳдадории сиёсиро ба як ӯҳдадории ҳуқуқӣ табдил диҳад ва он Иттиҳоди Аврупо-ро  ба аввалин иттиҳодияи бузурги ҳамгироии минтақавӣ  дар ҷаҳон табдил медиҳад, ки чунин ӯҳдадориро дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар кардааст.

Бояд таъкид намуд, ки қабули   “Қонуни иқлимии Аврупо”  аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба  “Рузномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) то соли 2030” мутобиқати комил дошта, пеш аз ҳама ба Ҳадафҳои Рушди Устувор” (ҲРУ ) ҳадафи 13- ум, ки  “Андешидани чораҳои фаврӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он” равона шудааст, мусоидат менемояд. Тавсия мешавад, барои мубориза бо тағирёбии иқлим ва таъсири он чораҳои таъҷилӣ андешида шавад. Қобили қайд аст, Созмони Милали Муттаҳид тағирёбии иқлимро бузургтарин таҳдид барои рушд эълом кардааст.

Сиёсати  хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) падидаи мураккаб ва бисёрқабата буда, маҷмӯи механизмҳои институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар бар мегирад, ки барои таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои кишварҳои узви он равона шудааст. Ин сохтори бисёрҷониба тавозуни байни соҳибихтиёрии давлатҳои узв ва манфиатҳои фаромиллиро инъикос мекунад.

Самтҳои асосии сиёсати ягонаи хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА)  дар санади  стратегии калиди "Стратегияи ҷаҳонии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ  (European Union Global Strategy — EUGS)  мушаххас гардидаанд , ки  28-уми июни соли 2016 қабул гардидааст. Он  стратегияи Иттиҳоди Аврупо-ро барои  соли 2003-ро иваз намуда,  таваҷуҳи хосаро ба  маҷмуи чорабиниҳо дар самти : омезиши дипломатия, қудрати низомӣ, кумаки башардӯстона ва тиҷорат  зоҳир  менамояд.

Муассисаҳои асосии марбут ба ташаккули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) инҳоанд: Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Намояндаи Олии Иттиҳод оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо (EEAS) ва Комиссияи Аврупо .

Принсипҳои  сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) инҳоанд:  “демократия, волоияти қонун, умумӣ ва тақсимнопазирии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, принсипҳои баробарӣ ва ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалӣ».[6]

Ҳадафи  "Стратегияи ҷаҳонии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ  (European Union Global Strategy — EUGS)  ин аст, ки мақоми минтақаи Аврупоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ қавитар, муттаҳидтар ва таъсиргузортар гардонад, Иттиҳод қобилияти мустақилона амал карданро дошта бошад, вале раванди ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дастгирӣ карда, барои таъмини амнияти шаҳрвандонаш, ҳимояи  манфиатҳо ва ҳифзи арзишҳои онҳо, гузариш  ба иқтсодиёти сабз саъю кушиш намуда, дар ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ, муҳоҷират, тағирёбии иқлим, дар  мубориза ба зидди экстремизм, терроризм ва ҷанги гибридӣ саҳмгузор бошанд.  [7]

Тибқи стратегия Иттиҳоди Аврупо на танҳо ҳамчун як блоки иқтисодӣ, балки ҳамчун як субъекти муҳими дипломатӣяи  сулҳофар ва сулҳҷӯ дар саҳнаи байналмилалӣ амал мекунад.

Тибқи  стратегия Иттиҳоди Аврупо дар  музокироти байналмилалии ҷиҳати пешгирии бӯҳронҳо ва ҳалли низоъҳо фаъолона ширкат намуда, принсипҳои волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва демократия  дар арсаи байналмилали тарғиб намуда, тақвияти устувории давлатҳо ва ҷомеаҳо ҳам дар дохил ва ҳам берун аз иттиҳодро ташвиқ намуда, тиҷорати байналмилалиро тавассути созишномаҳо бо кишварҳои сеюм ҳавасманд мекунад.  Дар айни замон Иттиҳоди Аврупо  бузургтарин донори кумакҳои байналмилалии рушд мебошад

 Дар айни замон, Иттиҳоди Аврупо(ИА), дар раванди ҳамгироии  минтақавии аврупоӣ  бо  як катор  мушкилиҳо: аз қабили бӯҳрони муҳоҷират, таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони аврупоӣ ва таҳдиди ифротгароӣ ва терроризм  ва ғайраҳо дучор  гардида  истодааст.  

Аммо, сарфи назар аз душворихое, ки дар раванди раванди ҳамгироии  минтақавии  Аврупо  дар айни замон вуҷуд доранд,  дастовардҳои Иттиҳоди Аврупо(ИА)  дар раванди  рушди иқтисод ва  ҳимояи ҳуқуқи инсон назаррасанд ва  он ҳамчун омили муҳими  таъмини амният, сулҳу субот ва рушди устувор дар  минтауаи Аврупо боқӣ мемонад.   

 Хулоса

Дар ҷаҳони муосир, ки дар шароити  ташакулёбии низоми нави муносибатҳои  байналмилалӣ қарор дорад, дар баробари  ҷаҳонишавии иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин раванди ҳамгироии минтақавӣ тадриҷан рушд намуда  ва он дар айни замон,  ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил гардидаааст, ки ба рушди устувор ва таъмини амнияти кишварҳои ҷаҳони муосир дар сатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ  ҳамаҷониба мусоидат  менамояд.

Институтҳои  ҳамгироии минтақавӣ  созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавие    мебошанд, ки давлатҳо онро, бо мақсади ҳамоҳангсозии амалҳо, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳои минтақа, фароҳам овардани шароит барои рушди устувор ва таҳкими амнияти миллӣ соҳаҳои  — иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ таъсис медиҳанд

Яке аз чунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ Иттиҳоди Аврупо(ИА) мебошад, ки он  модели беназири ҳамгироии минтақавӣ  ба шумор рафта бартарияти чаҳор озодии асосии ҳаракат: мол, хизматрасонӣ, одамон ва пулро муқаррар кардаас, ки тавассути он кишварҳои минтақаи аврупо дар як системаи  амиқи ҳамгироии минтақавии сиёсию иқтисодӣ муттаҳид шуданд, ки он  барои ба вучуд овардани ситемаи ягонаи таъмини амнияти  Европа ва рушди он мусоидат  менамояд

Дар айни замон, Иттиҳоди Аврупо  (ИА)    оид  ба “Рузномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) то соли 2030   санадҳои меъёрию ҳуқуқиро аз қабили  “Созишномаи сабзи Аврупо”, (European Green Dea l) ва “Қонуни иқлимии Аврупо” (European climate law)    қабул кардааст.

Қабули   “Қонуни иқлимии Аврупо”   ба  “Рузномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) то соли 2030” мутобиқати комил дошта, пеш аз ҳама ба Ҳадафҳои Рушди Устувор” (ҲРУ) ҳадафи 13- ум ки  “Андешидани чораҳои фаврӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он” равона шудааст, мусоидат менемояд. Тавсия мешавад, барои мубориза бо тағирёбии иқлим ва таъсири он чораҳои таъҷилӣ андешида шавад. Қобили қайд аст, Созмони Милали Муттаҳид тағирёбии иқлимро бузургтарин таҳдид барои рушд эълом кардааст.

Иттиҳодияи Аврупо(ИА) дар сиёсати хориҷӣ ҳамчун субъекти муҳими  муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия фаъолият намуда дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз қабили тағйири иқлим, гурезаҳо ва муҳоҷират, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо мебошад саҳмгузор мебошад.

Таҷрибаи Иттиҳодияи Аврупо (ИА)  дар самти рушди ҳамгироии минтақавӣ метавонад барои дигар кишварҳои олам, созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои минтақавӣ  мавриди омӯзиш ва роҳнамоӣ қарор гирифта, ҷиҳати рушд ва ташаккули ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ  мусоидат намояд. Сарчашмаҳо

1.ДОГОВОР О ЕВРОПЕЙСКОМ СОЮЗЕ И ДОГОВОР О ФУНКЦИОНИРОВАНИИ ЕВРОПЕЙСКОГО СОЮЗА(2016/C 202/01) манбаи электронӣ    https://eur-lex.europa.eu/legal-content/EN/TXT/?uri=uriserv%3AOJ.C_.2016.202.01.0001.01.ENG&toc=OJ%3AC%3A2016%3A202%3ATOC санаи муроҷиат 14.07.2026

2.Шенгенское законодательство — Соглашение между правительствами государств Бенилюкса, Федеративной Республики Германия и Французской Республики о постепенной отмене проверок на их общих границах. Официальный журнал L 239, 22.09.2000, стр. 0013-0018.  манбаи электронӣ  https://eur-lex.europa.eu/eli/agree_internation/2000/922(1)/oj/eng санаи муроҷиат 14.07.2026Конец формы

3.Урсула фон дер Ляйен -Председатель Европейской Комиссии манбаи электронӣhttps://www.eeas.europa.eu/sites/default/files/chto_takoe_evropeyskiy_zelenyy_kurs.pdf  санаи муроҷиат 13.01.2026

4.  “Европейский зеленый пакт.қ Стремимся стать первым климатически нейтральным континентом”. (The European Green Deal  Striving to be the first climate-neutral continent)  манбаи электронӣ  https://commission.europa.eu/strategy-and-policy/priorities-2019-2024/european-green-deal_en  санаи муроҷиат 20.07.2026

5.  «Европейское климатическое право»).  Манбаи электронӣ  /https://climate.ec.europa.eu/eu-action/european-climate-law_en санаи муроҷиат 17.07.2026

6. Международная роль Европейского Союза   манбаи электронӣ https://www.eeas.europa.eu/eeas/about-european-external-action-service санаи муроҷиат 17.07.2026

7. Глобальная стратегия Европейского Союза по внешней политике и политике безопасности (A Global Strategy for the European Union’s Foreign And Security Policy) манбаи электронӣ  https://www.eeas.europa.eu/sites/default/files/eugs_review_web_0.pdf  санаи муроҷиат 22.04.2026

Саидов Нурали Шамсович – номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121