Skip to main content

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ҲИФЗИ СИРРИ БОНКӢ

(дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030)

Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар паёми соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд. Ин иқдом яке аз муҳимтарин нуқтаҳои стратегӣ дар сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад ва ҳадафи он ворид намудани иқтисоди рақамии ташаккулёфта ва рушди технологияи нав дар Тоҷикистон мебошад. Дар паёми навбати таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон шумори зиёди соҳаҳои иқтисодиро барои боз ҳам рақамӣ кардан ва таҳкими иқтидори рақобатпазирии миллӣ дар ҷаҳони муосир нигаронидааст.

Рақамӣ кардан ба идоракунии давлатӣ, тиҷорат, хизматрасонӣ, таҳсилот ва соҳаи молия кӯмак карда, ҳамзамон сатҳи шаффофият ва дастрасии иттилоотро баланд мекунад. Паёми Президент дар мавриди иқтисоди рақамӣ баҳои стратегӣ ва равиши ҳамгироёфтаи давлатро барои таҳкими рақамӣ кардан ва ҷалби технологияҳои нав дар тамоми соҳаҳои рушди кишвар бозгӯ мекунад. Ин сиёсати иқтисодии рақамӣ на танҳо барои замони ҳозира, балки барои таҳкими иқтидори рақобатпазирии Тоҷикистон дар оянда низ муассир хоҳад буд.

Аммо набояд фаромуш кард, ки иқтисоди рақамиро дар соҳаҳои гуногун бо истифода аз эҳтимолияти хафу хатарҳои ҷойдошта истифода кард. Махсусан ин масъала дар соҳаи молиявӣ ва бонкдорӣ нозукиҳои худро доро мебошад. Вобаста ба ин, таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи сирри бонкӣ ҷузъи муҳим дар низоми муосири молиявӣ ва бонкдорӣ буда, якчанд ҷанбаҳои калидиро фаро мегирад. Пеш аз ҳама амнияти иқтисодии бонк аз ҳифзи манфиатҳои молиявӣ, дороиҳо ва таъмини устуворӣ дар шароити таҳдидҳои гуногуни дохилӣ ва хориҷӣ иборат аст ва самтҳои зеринро дар бар мегирад:

- ҳимоя аз ҷиноятҳои молиявӣ-пешгирии қаллобӣ, пулшӯӣ, терроризм ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ;

- назорати хавфҳо-таҳлили хавфҳои қарзӣ, асъорӣ, фоизӣ ва дигар омилҳое, ки метавонанд ба суботи молиявии бонк таъсир расонанд;

- банақшагирии стратегӣ-таҳияи нақшаҳо барои ҳолатҳои ғайриинтизор бо мақсади кам кардани талафот ва таъмини устувории дарозмуддати бонк.

Ҳифзи маълумот дар бораи мизоҷон ва амалиётҳои молиявӣ бошад, унсури муҳими фаъолияти бонкӣ мебошад ва ин, чунин самтҳоро дар бар мегирад:

- маҳрамияти маълумоти мизоҷон-ҳифзи маълумоти шахсӣ, ҳисобҳо, муомилот ва дигар ҷанбаҳои молиявии мизоҷон;

- тадбирҳои ҳуқуқӣ-риояи қонунгузориҳо оид ба ҳифзи маълумот (масалан, Регламенти умумии ҳифзи маълумот - GDPR), инчунин риояи қонунҳои миллӣ, ки фаъолияти бонкҳоро танзим мекунанд;

- амнияти технологӣ-истифодаи технологияҳои муосири ҳифзи маълумот (рамзгузорӣ, низоми амниятӣ ва ғайра), инчунин ҳифз аз ҳамлаҳои кибернетикӣ ва ифшои маълумот.

Аз ин рӯ, бонк бояд ҳам таҳдидҳои хориҷӣ (буҳронҳои иқтисодӣ, рақобат, таҳримҳои байналмилалӣ) ва ҳам дохилиро (коррупсия, ифшои маълумот аз дохил) пешбинӣ намояд.

Ҳамин тавр, таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи сирри бонкӣ на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки технологӣ низ буда, назорати доимӣ, такмили равандҳо ва санҷиши мунтазамро талаб мекунад. Ин барои нигоҳдории эътимоди мизоҷон ва фаъолияти муваффақонаи бонк дар шароити хавфҳои муосир муҳим аст.

Вобаста ба омилҳои зикргардида, иқтисоди рақамӣ ва ҳифзи сирри бонкӣ ду соҳаи вобастаанд, ки бо рушди ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва технологияҳо аҳаммияти бештар пайдо мекунанд.

Муҳиммияти ин масъаларо ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карданд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28-уми декабри соли 2024 изҳор намуданд.

Илова бар ин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми январи соли 2025 №911 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 қабул карда шуд. Мақсад аз қабули фармони зикргардида, ин истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, амнияти киберии махзанҳои маълумот, соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ, омода сохтани барномасозон ва мутахассисони зарурӣ, рушди иқтисоди рақамӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ҳавасмандгардонӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ, омода ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси миллӣ мебошад, ҳамаи ин тадбирҳо ва ҳадафҳо якчанд омилҳои зеринро дарбар мегиранд:

1. Иқтисоди рақамӣ истифодаи технологияҳои рақамиро барои ташкили моделҳои нави иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии тиҷорат ва ҳамкорӣ байни ширкатҳо, сохторҳои давлатӣ ва истеъмолгарон дарбар мегирад. Дар соҳаи бонкдорӣ бошад, ин чунин зоҳир мегардад:

- рақамикунонии хидматҳои молиявӣ-пешниҳоди хидматҳои онлайнӣ, замимаҳои мобилӣ барои интиқоли пул, қарзҳои онлайнӣ, пардохтҳои электронӣ ва дигар ҳалли инноватсионӣ;

- блокчейн ва криптовалютҳо

-технологияҳои дафтарчаи тақсимшуда ва асъорҳои рақамӣ тарзи анҷом додани амалиётҳои молиявиро тағйир медиҳанд, ки имкониятҳо ва хавфҳои нав эҷод мекунанд;

- big Data ва зеҳни сунъӣ-истифодаи маълумоти бузург барои таҳлили рафтори мизоҷон, беҳтар кардани қарорҳои қарзӣ ва пешгӯии хавфҳо.

2. Дар асри рақамӣ ҳифзи сирри бонкӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ бонкҳо бо мушкилоти нав дар самти ҳифзи маълумоти мизоҷон ва таъмини амнияти амалиётҳои молиявӣ рӯбарӯ мешаванд.

Якум, ин пеш аз ҳама маҳрамияти маълумот мебошад. Ҳифзи маълумоти шахсӣ ва молиявии мизоҷон аз ифшо ва дастрасии ғайриқонунӣ аҳаммияти хос дорад. Ин дар бар мегирад:

- рамзгузории маълумот-истифодаи усулҳои замонавии рамзгузорӣ барои ҳифзи маълумот дар ҳама марҳилаҳои коркард ва нигоҳдорӣ;

- назорати дастрасӣ-ҷорӣ намудани аутентификатсияи бисёрқадамӣ, биометрия ва дигар усулҳо барои тасдиқи шахсияти мизоҷон;

- Риояи қонунгузорӣ-бонкҳо вазифадоранд, ки қонунҳои ҳифзи маълумотро (масалан, GDPR дар Аврупо, қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ дар ҶТ-ро) риоя кунанд.

Дуюм, амнияти амалиётҳои онлайнӣ мебошад. Бо истифодаи фаъоли бонкинги онлайн, замимаҳои мобилӣ ва пардохтҳои рақамӣ ҳифзи сирри бонкӣ вазифаи душвор мегардад:

- низомҳои зиддифиребгарӣ истифодаи алгоритмҳо ва омӯзиши мошинӣ барои таҳлили амалиётҳо ва муайян кардани амалҳои шубҳанок, мисли қаллобӣ ё кӯшиши пулшӯйӣ;

- ҳифз аз таҳдидҳои кибернетикӣ-ҳимоя аз ҳамлаҳои киберӣ, аз ҷумла фишинг, ҳакерӣ, ҳамла бо вирусҳо ва дигар усулҳои вайронкорӣ.

Сеюм, истифодаи технологияи блокчейн. Технологияи блокчейн метавонад барои баланд бардоштани шаффофият ва амнияти амалиётҳои молиявӣ истифода шавад, аммо масъалаҳои ҳифзи махфияти маълумот ҳалли худро талаб мекунанд, зеро блокчейн як низоми кушода аст.

Бо дарназардошти ин омилҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми набатии худ иброз доштанд, ки: “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд”.

Дар воқеъ, ҳифзи маълумот танҳо бо чораҳои техникӣ маҳдуд намешавад.

Дар ин ҷода, омӯзиши кормандони бонк ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мизоҷон низ муҳим аст:

- муқобила бо ҳамлаҳои фишингӣ ва муҳандисии иҷтимоӣ;

- тавсияҳо барои эҷоди паролҳои бехатар ва рафтори дуруст дар интернет. Аз ин рӯ, дар шароити иқтисоди рақамӣ ҳифзи сирри бонкӣ риояи қонунгузории миллӣ ва байналмилалиро талаб мекунад, аз ҷумла:

- GDPR-регламенти аврупоии ҳифзи маълумот, ки талаботи сахтро ба коркарди маълумоти шахсӣ мегузорад;

- қонунгузории ҳифзи маълумот дар кишварҳои гуногун; - Созишномаҳои Базел-стандартҳои байналмилалӣ барои танзими фаъолияти бонкӣ, ки талаботро ба ҳифзи маълумот низ дарбар мегиранд.

Вобаста ба ин, дар шароити рақамикунонӣ бонкҳо бо як қатор мушкилот рӯбарӯ мешаванд, аз ҷумла:

- хавфҳои ифшои маълумот-ҳамлаҳои ҳакерӣ, ифшои маълумот ва хатоҳои кормандон таҳдиди доимӣ боқӣ мемонанд;

- эътимоди мизоҷон-рақамикунонии хидматҳои молиявӣ аз бонкҳо баланд бардоштани сатҳи эътимодро талаб мекунад, ки бе кафолати ҳифзи махфият ғайриимкон аст;

- ахлоқ ва мувозинат байни дастрасӣ ва махфият-зарур аст, ки мувозинати байни бароҳатии корбарон ва ҳифзи маълумот таъмин карда шавад.

Ҳамин тавр, иқтисоди рақамӣ барои бонкҳо ва хидматҳои молиявӣ уфуқҳои нав мекушояд, аммо ҳамзамон вазифаҳои муҳимро дар самти ҳифзи маълумот ва сирри бонкӣ мегузорад. Барои нигоҳдории амният ва эътимоди мизоҷон, бонкҳо бояд технологияҳои пешрафтаро бо риояи қатъии қонунгузорӣ ва ҳифзи муассири маълумот якҷоя намоянд.

Асоева Гулнора Авғоновна, унвонҷуйи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ,

Сардори идораи ҳуқуқи КВД БА ҶТ «Амонатбонк»

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123