Skip to main content

Душанбе ҳамчун оинаи ҳувияти миллӣ

Шаҳрҳо танҳо аз кӯчаҳо, биноҳо ва инфрасохтор иборат нестанд — онҳо рӯҳи як миллатро дар худ таҷассум мекунанд. Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, имрӯз на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ, балки бозтобгари ҳувияти миллӣ ва арманишоти фарҳангии тоҷикон шудааст. Дар ин муҳит, ҳар як рамз, муҷассама ва номгузории кӯчаҳо нақши муҳим дар бедории худогоҳии миллӣ ва ваҳдати ҷамъиятӣ мебозад.

Мавзӯи таҷассум ва ташаккули ҳувияти миллӣ дар муҳити шаҳрӣ, бахусус дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, яке аз масъалаҳои калидии ҷомеашиносии муосир ба ҳисоб меравад. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон ба равандҳои эҳёи арзишҳои миллӣ, рамзҳои давлатӣ ва анъанаҳои фарҳангии худ диққати махсус зоҳир кард. Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ба як майдони рамзӣ мубаддал гаштааст, ки дар он ҳар як унсури зоҳирӣ – аз тарҳи меъморӣ то номгузории кӯчаҳо – ба шиносоии ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад.

Дар заминаи назарияҳои Э. Гидденс, Б. Андерсон, Э. Ҳобсбаум ва П. Бурдё, метавон бардошт кард, ки муҳити шаҳрӣ на танҳо макони зиндагӣ, балки фазои иҷтимоии ташаккули шиносоӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Ба андешаи Бенедикт Андерсон, миллат як «ҷомеаи хаёлӣ» аст, ки тавассути рамзҳо, хотираҳои умумӣ ва васоити ахбори омма шакл мегирад. Дар ин замина, муҳити шаҳрии Душанбе ба платформаи муаррифӣ ва устуворгардонии ин «хаёл»-и миллӣ табдил ёфтааст, ки дар он сиёсат ва фарҳанг ба ҳам мепайванданд.

Яке аз шаклҳои аёни ин раванд, сохтмони Парчами давлатӣ мебошад, ки бо баландии 165 метр дар маркази шаҳр барафрохта шудааст. Парчам на танҳо рамзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, балки воситаи бедор кардани ифтихори шаҳрвандон ва таблиғи худшиносии миллӣ дар фазои урбанӣ мебошад. Чароғҳои рамзӣ дар кӯчаҳо ва майдонҳо, ки бо рангҳои парчам — сурх, сафед ва сабз — оро ёфтаанд, симои миллии шаҳрро ҳам шабона ва ҳам рӯзона таҷассум менамоянд. Ин равандҳои рамзӣ на танҳо дар сатҳи ботинии шаҳрвандон, балки дар тасаввуроти меҳмонони хориҷӣ низ таъсири мусбат мегузоранд.

Яке аз рамзҳои марказии пойтахт – Маҷмааи Исмоили Сомонӣ – ҳамчун меҳвари асосии таҷассум ва таҳкими ҳувияти миллӣ хизмат мекунад. Ин муҷассама, ки дар соли 1999 ба муносибати 1100-солагии Давлати Сомониён бунёд шудааст, бо услуби меъмории миллӣ сохта шуда, шукӯҳи давлатдории гузашта ва пайвастагии таърихиро нишон медиҳад. Аркҳои баланди атрофи муҷассама ва рамзи тоҷ бо ҳафт ситора дар пояи он, ҳамзамон бо истифодаи тилло ва санъати хоси меъморӣ, паёми равшани ҳувияти миллиро интиқол медиҳанд.

Муҳити шаҳрии Душанбе бо номгузории кӯчаҳо ва муассисаҳо ба номи шахсиятҳои таърихии тоҷик низ ба ин раванд мусоидат мекунад. Шахсиятҳое чун Ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Садриддин Айнӣ ҳамчун рамзи мероси фарҳангӣ ва хотираи таърихӣ дар зеҳни мардум нақш мебанданд. Ба гуфтаи М. Ҳалбвакс, ин раванд хотираи ҷамъиятиро шакл медиҳад ва барои муттаҳидсозии фарҳангӣ ва идеологӣ замина фароҳам меорад. Инъикоси ин хотираҳо дар муҳити шаҳрӣ ҳамзамон бо устувории ҳувияти миллӣ дар зеҳни сокинон алоқаманд аст.

Нақши муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ низ дар ин раванд муҳим аст. Ин биноҳо бо унсурҳои меъмории форсӣ-тоҷикӣ ва муосир сохта шудаанд ва рамзи пайвастагии анъана ва инноватсия, гузашта ва оянда мебошанд. Ба андешаи шаҳршиноси фаронсавӣ А. Лефевр, шаҳр як «фазои иҷтимоӣ»-ст, ки дар он робитаҳои қудрат, фарҳанг ва ҳувият ҳамзамон амал мекунанд. Аз ин рӯ, муҳити шаҳрӣ на танҳо макони иқомат, балки воситаи таблиғи арзишҳо ва ташаккули худшиносии миллист.

Ҳузури рамзҳои миллӣ дар муҳити шаҳрӣ ҳамчунин воситаи муқовимат ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи З. Бауман, дар ҷаҳони ноустувори муосир, ки шахсиятҳо зуд дучори тағйир мешаванд, нишонаҳои миллӣ воситаи муҳим барои таърифи мансубият ва ҳифзи худогоҳии иҷтимоӣ мегарданд. Чунин рамзҳо — парчамҳо, муҷассамаҳо, номгузориҳо — на танҳо симои шаҳр, балки симои миллатро муайян месозанд.

Шаҳри Душанбе дар шароити муосир инчунин ба ташаккули «ҳувияти рақамӣ» низ замина мегузорад. Тавассути истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет ва технологияи иттилоотӣ, унсурҳои рамзии шаҳр — акси парчам, муҷассамаҳо, намоишҳои фарҳангӣ — дар фазои рақамӣ дубора зиндагӣ мекунанд. Ин раванд, аз як тараф, дастрасии бештари мардумро ба муҳити рамзӣ таъмин мекунад, аз сӯи дигар, ҳувиятро ба сатҳи нав — рақамӣ ва глобалӣ мебарорад.

Бар асоси таҳқиқоти сотсиологӣ, аксарияти сокинони шаҳри Душанбе таҷассум ёфтани рамзҳои миллӣ ва номгузории кӯчаҳоро ҳамчун воситаи эҳёи худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдат арзёбӣ мекунанд. Чунин муҳит на танҳо ҷойи иқомат, балки макони рӯҳонӣ ва маънавии ҷомеа гардидааст, ки метавонад наслҳои имрӯз ва фардоро бо арзишҳои миллӣ тарбия намояд. Фестивалҳо ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар ин раванд нақши хосса доранд.

Дар маҷмӯъ, Душанбе ҳамчун маркази рамзии ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистон, бо истифодаи унсурҳои зоҳирӣ ва фарҳангӣ, саҳми бузург дар таҳкими худшиносии миллӣ, муттаҳидсозии иҷтимоӣ ва нигоҳдории арзишҳои давлатдорӣ дорад. Муҳити шаҳрӣ ҳамчун оина ва ҳамзамон муҳаррики ҳувияти миллӣ бояд дар сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ мавқеи хос дошта бошад. Танҳо дар чунин ҳолат, шаҳр на танҳо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, балки аз нигоҳи маънавӣ ва фарҳангӣ низ пойтахти воқеии миллат хоҳад буд.

 

Гардоншо Алишер Меҳробшо

Ходими хурди илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121