Skip to main content
Мақолаҳо

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ - ОМИЛИ СУБОТИ ҶОМЕА

Дар охири асри XX ва аввали асри XXI дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба миён омад. Воқеияти сиёсии олами мутамаддин нишон дод, ки фазои сиёсии ҷаҳон доимо дар тағйирот ва ҳаракат аст. Дар натиҷаи таъсири омилҳои глобализатсионӣ фаъолияти доираҳои террористӣ, экстремистӣ, ки пештар доманаи нисбатан маҳдуд доштанд, дар ин раванд хеле васеъ гардида ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд.

Хатари масъалаҳои глобалӣ дигар на ба манфиат ва амнияти як давлат балки ба ҳамаи башарият мерасад.

ҚУРБОНОВА РУҚИЯ АТОЕВНА

Эълон оид ба ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ
Санаи ҳимоя: 20.09.2025, соати 10:00

Навид

#Ҳисобот. БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025

Имрӯз, 4 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми 2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои раёсат, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.

ЗИЁЗОДА НОДИРИ ИДИБЕГ

Эълон оид ба ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ
Санаи ҳимоя: 13.09.2025, соати 13:00

Мақолаҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - КАФИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол дастоварди беназире буд. Рушди ҷомеа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти солим ва некўаҳволӣ аз таҳкими Ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад.

Мақолаҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ СУЛҲ

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои ҳар як ҷомеаи мутамаддин ва соҳибистиқлол ба шумор меравад. Барои ҳар миллату давлат, ки роҳи пешрафту тараққиётро пеш мегирад, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, якдиливу якпорчагӣ асоси суботу амният ва пояи сулҳи устувор мебошад.

Мақолаҳо

ЧАНД СУХАН ПЕРОМУНИ МАЗМУНИ ФАЛСАФИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДӮСТӢ

Фалсафаи ваҳдати миллӣ бар ғояҳои ҳувияти миллӣ ва ҳадафи ягонаи миллӣ асос ёфта, барои таъмини ҳамбастагӣ ва ягонагии байни гурӯҳҳои мухталифи дохили миллат мусоидат мекунад. Он аксар вақт ҷидду ҷаҳди бошууронаро барои бартараф намудани тафовутҳои таърихӣ, мустаҳкам намудани ҳисси мансубияти миллӣ ва ба манфиати миллат муқаррар намудани максадҳои умумиро дарбар мегирад. Ваҳдати миллӣ ба раванди истиқрори ҳувият ва ҳамбастагии умумӣ дар байни мардум дар дохили як миллат, аксар вақт тавассути истифодаи муштараки забони миллӣ ва сохторҳои фарҳангӣ ишора мекунад.

23121