АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОИ ДУШАНБЕ!
Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг- пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт.
Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд. Халқи тоҷик аз ин бохти таърихӣ руҳафтода нашуда, баҳри ободии Душанбеи азизаш камари ҳиммат баст.
Оҳиста - оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гашт. Халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст.
Душанбе барҳақ меросдори онҳост.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад.
Нахустин бор дар китоби Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳру-л-асрор фӣ маноқиби-л-ахёр» (соли 1636) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи Русия Фёдор Алексеевич (декабри соли 1676) номи Душанбе ёд шудааст. 16- уми октябри соли 1929 номи Душанбе ба Сталинобод иваз гардид ва соли 1961 дар пайи сиёсати зиддисталинӣ дар ИҶШС номи таърихии шаҳр – Душанбе баргардонда шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёд гардидани маҷмааву кохҳои меъмориву фарҳангӣ, хиёбонҳову кӯчаҳои васеи мумфарш, иморатҳои маъмуриву истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои маърифативу илмӣ ва адабӣ Душанбе ба яке аз шаҳрҳои бошукӯҳи ҷаҳон табдил ёфт.
Бо қарори ЮНЕСКО барои саҳми бузург доштан дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, гуногунандешӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳаррӯза соли 2003 Душанбе дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ба Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» дараҷаи I сазовор гардид.
Имрӯз Душанбе бо 18 шаҳри дунё паймони бародаршаҳрӣ дорад: Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтленген (Олмон), Санкт-Петербург (Федератсияи Россия), Теҳрон, Шероз (Эрон), Минск (Ҷумҳурии Белорус), Мазори Шариф (Афғонистон), Урумчӣ, Сямен, Хайнан, Чиндао (Чин), Лоҳур (Покистон), Санъо (Яман), Монастир (Тунис), Лусака (Замбия), Анқара (Туркия) ва Ашқобод (Туркманистон).
Аз соли 2005 дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки имсол ба 19-уми апрел рост меояд.
Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем, гулгашту хиёбонҳои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшанд. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд. Ин зебоиҳоро дида ба хотири ҳамаи мо байти машҳури устод Боқӣ Раҳимзода меояд:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Хулоса, барои ман ҳамчун ҷавони замони соҳибистиқлолии ин кишвар, хусусан ташаббусҳои созандаву беназири Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмиллалӣ оиди масоили глобалӣ боиси ифтихору сарфарозист.
Шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад. Биноҳои зебои замонависохт имрӯзҳо ба ҳусни зебои шаҳр ҳусни тозае зам мекунанд.
Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст. Ва ҳифзу ҳимояи ин арзиҳои ба дастомада вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мост.
Одинаева Баҳор Ҷумахоновна магистранти курси 1-уми ихтисоси сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ