Нусхаи чопи
  Ҳуқуқ ва озодии инсон аз ҷумлаи унсури асосии давлатҳои демокративу ҳуқуқбунёд дар замони муосир ба ҳисоб мераванд. Давлатҳои муосирро бидуни таъмини ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аммо, бояд тазаккур дод, ки то пайдоиши давлатҳои демокративу ҳуқуқбунёд, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар маркази таваҷҷуҳи халқу миллатҳои гуногун қарор дошт ва дар ин росто халқи тоҷик истисно буда наметавонад.
  Сарчашмаҳои нодири таърихӣ-ҳуқуқии миллати тоҷик башорат аз он медиҳанд, ки тоҷикон ҳанӯз дар ҳазорсолаи қабл аз милод ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун ҷавҳари асосии муносибатҳо баҳогузорӣ намуда, ҳатто дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон ниҳодҳои гуногунро таъсис дода буданд. Масалан, ҳанӯз дар аввалин китоб ё таълимоти фалсафиву иҷтимоӣ ва динии аҷдодони мо «Авасто» мазмуни фаъолияти инсони муътақид дар сегонаи зардуштӣ: ҳумата, ҳухта, ҳварита – «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» муайян гардида, ба «пиндори бад, гуфтори бад ва кирдори бад»-и инсони ғайримуътақид муқобил гузошта шуд [4,236]. Яъне, ҷавҳари асосии таълимоти зардуштиро муносибатҳое ташкил медоданд, ки баҳри ҳидояти инсон ба роҳи рост нигаронида шуда буданд. Ҳамин унсурҳову нишонаҳои таърихӣ имрӯз мазмун ва моҳияти худро на танҳо дар санадҳои миллӣ, балки дар санадҳои байналмилалӣ пайдо намудаанд ва гувоҳ аз ҳуқуқофарину инсондӯстии мардуми тоҷик медиҳанд.
  Маврид ба тазаккур аст, ки дар марҳилаҳои гуногуни таърихи ҳуқуқи халқи тоҷик яке аз масъалаҳое асосие, ки аҷдодони мо ба он таваҷҷуҳи махсус сафарбар менамуданд, ин таъмини баробарҳуқуқӣ дар байни инсонҳо ба ҳисоб мерафт. Гуфтаҳои моро сарчашмаҳои нодири таърихӣ-ҳуқуқии миллати тоҷик, ба мисли Авасто (қисмати Вандидод), Эъломияи Куруши Кабир, Қонунномаи Сосониён ва ғ. тасдиқ менамоянд. Масалан, Авасто ба масъалаи таъмини баробарҳуқуқӣ дар байни инсонҳо диққати махсус дода, дар ин самт як қатор меъёрҳои мушаххаси худро сафарбар намудааст. Махсусан, дар ин сарчашмаи таърихӣ баробарҳуқуқии субъектони гуногуни ҳуқуқ дар самти интихоб намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои худ ба мушоҳида мерасанд. Масалан, дар Авасто дарҷ ёфтааст, ки «эй мардум беҳтарин суханонро бо гӯши ҳуш шунавед ва бо андешаи рӯшан ва жарфу жарфбинӣ онҳоро баррасӣ намоед. Ҳар марду зан роҳи нек ва бадро шахсан интихоб кунед» [9, 36]. Яъне, аз муқаррароти мазкур чунин бармеояд, ки мардум дар интихоб намудани дурустии андешаву назаре озод буданд, худ неку бадро ҷудо менамуданд, вале онро бо дарки воқеият хулосабарорӣ мекарданд. Инчунин, маълум мегардад, ки мардон ва занон дар интихоби роҳи нек ва бад мустақил буданд ва бо иродаи худ онро муайян менамуданд, ки ин як навъ баробарҳуқуқии мардону занонро дар тамаддуни зардуштӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷойи дигар ишора мешавад, ки «он чиро мард ё зане, ки дуруст ё хуб аст, пас бояд онро бо ғайрат аз барои худ ба ҷой оварад ва онро ба дигарон бифаҳмонад то он тавре, ки боист бад он амал кунад» [9, 18-19]. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки барои ба роҳи рост ҳидоят намудан масъулияти асосӣ бар дӯши занону мардон вогузор гардида буд. Зеро, онҳо бо дарки дурусти масъала хулосабарории амиқ анҷом дода, минбаъд сайъю талоши худро ба он равона менамуданд то дигарон низ роҳи дурусти ҳаётро барои худ интихоб намоянд.
  Дар қисмати дигари Авасто ишора мешавад, ки «кӯдаки ноболиғ, зан, ҳайвон ва оташро бояд таҳти назорат қарор дод ва бештар ҳимоя кард»[3]. Яъне, аз ин муқаррарот бармеояд, ки ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои субъектони махсуси ҳуқуқ, махсусан занону ноболиғон дар таҳти назорати ҳамешагии давлатдорони давр қарор доштааст. Ҳимояи намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои занону ноболиғон худ башоратдиҳанда аз таъмини баробарҳуқуқӣ дар таърихи ҳуқуқи халқи тоҷик медиҳад. 
  Яке аз сарчашмаҳои таърихӣ-ҳуқуқии миллати тоҷикро Эъломияи Куруши Кабир ташкил медиҳад. Эъломияи Куруши Кабирро метавон чун сарчашмаи нодири таърихи миллати тоҷик баҳогузорӣ намуд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои аввалиндараҷаи инсон ва шаҳрванд инъикос гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ки ин сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ то ҳол аҳамияти худро аз даст надода, заминаи асосии бавуҷудоӣ ва қабули санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад. Дар заминаи он инсонҳо аз зери ҷабру зулм ва ғуломӣ озод гардида, дар интихоби ҷойи зист ва тоату ибодат мухториятро ба даст оварданд, ки метавон онро асоси пойдории сулҳ дар империяи бузурги ҳахоманишинӣ маънидод намуд[7,23]. Ин сарчашмаи нодири таърихӣ як зумра ҳуқуқҳои инсонро дар худ ҷой додааст, ки ҳуқуқ ба озодӣ (банди 2); ҳуқуқ ба озодии дину мазҳаб ва тоату ибодат (банди 5); ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист (банди 5); ҳуқуқ ба моликият (банди 3); ҳуқуқ ба адолати судӣ (банди 6); манъи шиканҷа (банди 2); ҳуқуқ ба озодии касбу кор (банди 5); эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон (банди 5); манъи хариду фурӯши одам (банди 7); манъи ғуломӣ (банди 7) аз ҷумлаи онҳоянд. Мазмун ва моҳияти ҳуқуқҳои ишорашуда фарогирандаи таъмини баробарҳуқуқӣ дар замони давлатдории Ҳахоманишиён мебошад. Масалан, озодӣ додан дар интихоби дину мазҳаб, дар интихоби шоҳу сарвар, дар интихоби ҷойи истиқомат, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи дигарон ва ғ. бозгӯкунандаи баробарҳуқуқӣ дар марҳилаи мазкур мебошанд. Таъсири Эъломияи Куруши Кабир на танҳо дар низоми қонунгузорӣ мамолики Ғарб [8,71-85], балки дар низоми санадҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки муқарраркунанда ва танзимкунандаи вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд, ба назар мерасад.
  Ҳангоми баррасии Қонунномаи Сосониён бо ҳуқуқ ва озодиҳое метавон рӯ ба рӯ гардид, ки имрӯз аз ҷумлаи ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи инсон маҳсуб меёбанд ва қисме аз онҳо то ҳол ба сифати мушкилоти ҳалталаби ҷомеаи инсонӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд қарор гирифтаанд. Дар ин сарчашма низ таъмини баробарҳуқуқӣ ба таври возеҳ ба мушоҳида мерасад. Масалан, дар фасли нуздаҳум, банди 3-и қонуннома чунин омадааст: «Падар ҳақ надорад духтари худро ба издивоҷ бо марде маҷбур намояд». Аз муқаррароти меъёри мазкур бар меояд, ки принсипи озодона бастани акди никоҳ ба таври дахлдор риоя гардида, ташкил намудани оила танҳо бо ризоияти тарафҳо сурат мегирифт, ки башорат аз таъмини ҳуқуқу манфиатҳои тарафҳои никоҳшаванда мебошад. Яъне, баробарҳуқуқии зану марди ба никоҳ воридшаванда, инчунин таъмини ҳуқуқи духтаре, ки ба никоҳ мебарояд аз ҷониби падар, далели амалӣ гаштани баробарҳуқуқӣ мебошад. Ва ё дар фасли бисту ҳаштум, банди 13-и Қоннуномаи Сосониён чунин меъёр дарҷ гардидааст: «Вориси ғайризардуштӣ дорои ҳамон миқдор саҳму ҳаққе аст, ки вориси зардуштӣ дарёфт мекунад». Моҳияти муқаррароти меъёри мазкурро имрӯз метавон қариб дар тамоми санадҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон мушоҳида намуд, аз ҷумла дар моддаи 2-юми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар[6,92]. Дар асоси ин муқаррот аҳолии ғайризардуштӣ, яъне нафароне, ки аз дигар минтақа ба қаламрави давлати форсҳо ташриф меоварданд, бо аҳолии зардуштӣ соҳиби ҳуқуқҳои якранг буданд. Муқаррароти мазкур моҳияти принсипи баробарҳуқуқиро новобаста аз мансубияти милливу нажодӣ дар замони муосир ифода менамояд.
  Аз гуфтаҳои фавқуззикр хулоса баровардан мумкин аст, ки миллати тоҷик дар марҳилаи нахусти бавуҷудоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаъолона иштирок намуда, ба инсоният ҳуқуқ, озодӣ ва адолатро инъом намудааст. Дар маркази эътирофнамоӣ ва амалисозии ҳуқуқи инсон таъмини баробарҳуқуқии аҳолӣ қарор дошт, ки ин нуфузу манзалати халқи тоҷикро дар миқёси дигар минтақаҳои давр чандин маротибо боло бурда буд. Маҳз ҳамин навъ муносибати тоҷикон ба ҳуқуқ ва озодии инсон боиси он гашт то аз дигар манотиқ баҳри омӯзиши таҷрибаи тоҷикон дар самти ҳуқуқи инсон озоми сарзамини таърихии мо шаванд. Аз ин рӯ, вазифаи илми муосири тоҷик арҷ гузоштан ва зинда намудани арзишҳои таърихӣ, инчунин муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён мебошад.
 
Амирхониён Малика,
ходими хурди илмии
Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 
 
Адабиёти истифодашуда:
  1. Бастангор Муҳаммад. Ҳуқуқи башар аз манзари андешамандон / Пажӯҳиш ва тадвини Муҳаммад Бастангор. – Теҳрон: Интишор, 1380ҳ. – С.15-18
  2. Диноршоев А.М., Саъдизода Ҷ., Имомова З.Б. Андешаи ҳуқуқи инсон: нигоҳе ба сарчашма, дин ва афкори донишмандон. Душанбе: ЭР-граф, 2016. – 136 с.
  3. Зороастрийские тексты. Суждения Духа разума (Дадестан-и меног-и храд). Сотворение основы (Бундахишн) и другие тексты. Изд. Подгот. О.М. Чунаковой – М.: «Восточная литература» РАН, 1997. [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://zoroastrian.ni/node/784 (санаи муроҷиат: 15.11.2018 с.).
  4. История Таджикского народа. Том I. Древнейшая и древняя история. – Душанбе, 1998. – С. 236.
  5. Мухтасари қонунномаи Сосониён. – Душанбе: Эр-граф, 2015. – 156 с.
  6. Сафарзода Н.Ф. Инъикоси ҳуқуқи инсон дар Қонунномаи Сосониён. // Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва равандҳои муосири рушди ҳуқуқи инсон: мушкилот ва дурнамо (маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон) // Зери таҳрири номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҳмон Д.С. – Душанбе: Матбааи ДМТ, 2019. – С. 90-93.
  7. Сафарзода Н.Ф. Нигоҳе ба сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон: аз аҳди бостон то соҳибихтиёрӣ // Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. (Маҷаллаи илмӣ-амалии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ) №3(11). Душанбе, 2018. – С. 21-25.
  8. Саъдизода Дж. Сафарзода Н.Ф. Декларация Кира Великого и Великая Хартия Вольностей: сходства и различия. (на тадж. яз.) // Правовая жизнь. Издательства юридического факультета ТНУ. №2 (10). Душанбе, 2015. –С.71-85.
  9. Саъдизода Ҷ., Сафарзода Н.Ф. Ҳуқуқи инсон: аз Зардушт то Куруш. – Душанбе: Баҳманрӯд, 2016. – С. 18.