Нусхаи чопи
  Роҳбарияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳайати кормандони муассисаро ба муносибати фарорасии иди Наврўз – иди миллии тоҷикон, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гаштааст, табрику таҳният гуфта, орзу мекунад, ки фарорасии ин иди оламафрӯз ба табиати куҳандиёри мо таровати тоза, ба хонадони ҳар яки Шумо шодиву нишот ва файзу баркат, ба дили ҳамаи мардуми тоҷик армуғони умеду орзуҳои наҷиб оварад ва барои амалишавии олитарин умеду орзуҳоямон мусоидат кунад. Бигузор борони баҳорӣ ва нурҳои офтоби Наврӯзӣ барои ҳамешагӣ дастархонатонро пурфайз гардонад.
Наврӯз муборак, ҳамкасбони гиромӣ!
 
 
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон