Нусхаи чопи
   Роҳбарият ва ҳайати кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тамоми кормандони муассисаро аз зумраи бонувони илмпарвар ба муносибати фарорасии Иди Модар - рӯзи 8-уми март табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо сиҳатию саломатӣ, рӯзгору хонаи обод, зиндагии бардавому пур аз шодиву нишот таманно менамояд. Бигузор шодиву хушбахтӣ дар хонадони ҳар яки Шумо ва тамоми занону модарони тоҷик ҳамеша ҳукфармо ва ҳаёти ҳамарӯзаатон ҳамчун гулҳои баҳори имрӯз дар Ватани маҳбубамон фарорасида доимо шукуфон бошад! Бигузор хизматҳои Шумо дар рушди илмҳои фалсафа, сиёсӣ ва ҳуқуқ мавриди арҷгузории наслҳои имрӯзу фардои миллат ва тамоми ҷаҳон бошад!
Ид муборак, ҳамкасбони гиромӣ!
 
 
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон