casino malaysia
casino malaysia
Имоми Аъзам ва ақидаҳои сиёсию ҳуқуқи Ӯ

wrapper

     Дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати тамаддуни халқи тоҷик, ба хусус давраи исломии он, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде зуҳур кардаанд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳувийят ва асолати миллӣ нақши беназире боқӣ гузоштаанд. Аз баракати заҳмат ва корномаи пурвусъату башардӯстонаи онҳо сиришти фитрӣ ва ҳувияти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсию фарҳангии миллат ҳифз шуда барои рушди он заминаи муносиб ба вуҷуд омад.
Ҳар қавму халқ ба арзишҳои таърихии худ ҳамеша ниёзмандии зиёд дорад. Ва ин арзишҳо пайваста ва оқилона барои тарбияи ахлоқию ҳуқуқӣ, сиёсию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимои ва маънавии наслҳо истифода мегардад. Бо роиҷ гаштани ислом барои халқи тоҷик равзана ба ҷаҳони дигаре кушода шуд. Дар амри хайри эҷоди арзишҳои миллию таърихӣ фарзандони бузурги халқи тоҷик – Имом Исмоили Бухорӣ, Яъқуб ва Амри Лайси Саффорӣ, Оли Сомон ва ба хусус намояндаи ин хонадони бонангу номус – Исмоили Сомонӣ нақши барҷаста ва бегазанд доранд. Дар ин силсилаи мутафаккирон фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит низ мақоми хоссаеро соҳиб аст.
     Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (80/699-150/767) – мутафаккири барҷаста, муҳаддис, фақеҳ, мутакаллими номдори Куфа, поягузори мазҳаби ҳанафӣ аз мазҳабҳои ҷаҳоргонаи аҳли Суннат мебошад, ҳанафиён ӯро Имоми Аъзам ва Сироҷул-аимма унвонӣ мекунанд.
Абӯҳанифа соли 80/699 дар Куфа, пойтахти Ироқ, таввалуд шуда, 52 соли умрашро дар давраи хилофати Умавиён ва 18 соли умри боқии хешро дар даврони хилофати Аббосиён сипарӣ мекунад. Ӯ шоҳиди ҳукумати силсилаи ҳокимони араб буд, аз қабили Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, Умар ибни Абдулазиз, Язид ибни Муҳаллаб, Холид инбни Абдуллоҳ Ал-Қасрӣ, Наср ибни Сайёр, Ибни Убайра, Мансури Аббосӣ.
Дар тӯли ҳаёти худ Имоми Аъзам дар давраҳои гуногуни ҳукмронии ин халифаҳо аз низом, сохти сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию фарҳангии халифаҳо иттило дошт. Дар аксар маврид аз ин мутафаккир маслиҳатҳо мегирифтанд, аз сабабе, ки адолатро дар ҷои аввал мегузошт ин масъала ба ҳокимони онвақта он қадар писанд намеомад.
      Абӯҳанифа дар ҷавонӣ аз илмҳои замони муосири худ бохабар шудааст, ӯ аввал ба қироат ва таҷвиди Қуръон пардохта, минбаъд ҳадис, наҳв, шеър, адаб, фалсафаро омӯхта, ба илми калом рӯ меоварад. Дар Басра чандин маротиба дар суҳбатҳои олимону донишмандон ва фирқаҳои хавориҷ, ибозия, суфрия, ҳашвия, ширкат меварзад, ки боиси пешрафт ва рушту нумуи илмаш мешавад. Ӯ дар фалсафа, мантиқ ва ихтилофоти каломии фирқаҳои гуногун донишманд шинохта мегардад. Баъд аз он, рӯ ба фиқҳ оварда, ба мазҳаби ироқии ақл дар Куфа мепайвандад. Ин мазҳаб аз Алӣ ва Ибни Масъуд сарчашма гирифта, бо номи Шурайх, Алқама, Масруқ, Иброҳими Нахаъӣ ва Ҳаммод алоқамандӣ дорад.
      Абуҳанифа аз сабаби зиёд иштирок кардан ҳамроҳи олимони даврони хеш дар маҳфилҳои илмиву адабӣ ҳам илми худро сайқал медиҳад ва донишҳои онҳоро аз худ менамояд, гарчанде, ки бо илмҳои гуногуни динӣ шавқу рағбати беандоза дошт, дар баробари ин илмҳо аз давлат, сиёсат, ҳуқуқ, иҷтимоиёт ва умуман кишвардори хуб бархурдор буд, ки дар аксар маъалаҳои давлатдориву сиёсӣ ва ҳуқуқии он замон масъалагузорӣ мекард ва маслиҳатҳо медод.
Ҳамзамон дар даврони таҳсил зимни сафари Ҳиҷоз аз Ҳарамайн дониш меомӯзад, дар Мадина дар маҷлиси дарсӣ яке аз фақеҳони аҳли раъй Рабиа ибни Абиабдураҳмон, дар Макка дар маҷлиси фақеҳи бузург Ато ибни Абирабоҳ ширкат меварзад. Ӯ дар Мадина аз Имом Боқир (набераи Паёмбар (с) ), Абдураҳмон ибни Ҳурузи Аъраҷ, Нофеъ мавлои Ибни Умар, муҳаммад инбни Мункадир, Ибни Шихоби Зуҳрӣ, дар Макка аз Амр ибни Динор, Абӯзубайри Маккӣ, баҳра ва таълим мегирад.
      Абӯҳанифа дар асри зиндагии Расули акрам (с) умр ба сар бурда, назди олимони бузурги замон нашъунамо ёфта, бо баъзе аз саҳобагон, аз қабили Анас ибни Молик, Абдуллоҳ ибни Авс ва ибни Саъд вохӯрдааст. Бинобар таҳқиқоти муфтии Ҷумҳурии Мисри Араб доктор Алӣ Ҷумъа, 15 саҳобаи Паёмбарро дидааст. Қисмати зиёди олимон бар он шаҳодат медиҳанд, ки Имоми Аъзам аз ҷумлаи тобеин мебошад. Имоми Аъзам кушиш мекард, ки бо тобеин ва табатобеин бошад ва аз онҳо дар ҳама масъалаҳо бо худ якнавъ таълимоти ҳам назарияви ва ҳам амалиро аз худ намояд ва ҳамаи он масъалаҳоро аз назари Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ бори дигар аз назар мегузаронд, то ки ҳақиқатро аз дуруғ ё бофта ҷудо намояд, ин як усули илмҷӯии Имоми Аъзам буд, ки аксар ҳамсабақон ва устодону шогирдонашро ба ваҷд оварда буд.
Нақш ва мақоми ақидаҳои Абӯҳанифа дар масъалаҳои давлатдорӣ, сиёсат, ҳуқуқ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, оиладорӣ, адолатпарварӣ ва мисоли инҳо яке аз ҷавҳарҳои ноёбро мемонад ва аксар ақидаҳои Ӯ масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалталабро ҳалу фасл менамояд. Дар масоили сиёсию ҳуқуқӣ пояи муҳим асосҳои умумӣ дар Қуръон аксёфта мебошанд. Тибқи қоидаи дар ояи Қуръон зикршуда омадааст, ки “мо чизеро сарфи назар (фаромӯш) накардем”, аз ин рӯ фақеҳон ҳамаи меъёрҳоро аз он гирифта шуда медонанд.
Дар байни мактабҳои мазҳабӣ-ҳуқуқӣ мактаби ҳанафия обрӯй ва пайравони зиёд дошта, Абӯҳанифа тавонист таълимоти таҳияи меъёрҳои навро ба роҳ монад ва фаъолияти ӯ ба мутобиқати ҳуқуқи ислом ба муносибатҳои доимо рушдёбанда сабаб шуд.
Нақши таълимот чун сарчашмаи ҳуқуқӣ дар ислом эътироф гардида, бо таъсиси мактабҳои ҳуқуқӣ ва махсусан, баъд аз манъ гардидани иҷтиҳод нақши таълимот афзуд. Ва дар аксар кишварҳои мусалмонӣ, ки масъалаҳои ҳуқуқи динӣ ба вуҷуд меояд, барои ҳалли онҳо такя ба ақидаҳои Абӯҳанифа менамоянд.
Тибқи назарияи фиқҳ ҳокимияти қонунгузор ба муҷтаҳидон (олимон) таалуқ дошт. Волояти қонун, меъёрҳои шариатро бо идеяи волоияти ҳуқуқ айният додан мумкин аст. Ба сарвари давлат, тибқи таълимот, ҳокимияти қонунгузорӣ мансуб нест ва ӯ бояд тибқи меъёрҳои шарият (қонун) амал намояд. Ба ақидаи Абӯҳанифа дар давлат ва ҳукумат нафароне, ки дар назди Халифа ё Шоҳ кору фаъолият менамоянд ё хизматчии давлатӣ мебошанд, олим ва донишманд будани онҳо аз ҳама ҷиҳат шарт ва зурур мебошад, то ки қонунҳо дар ҷомеа амалӣ шаванд ва мардум аз онҳо баҳравар шаванд, яке аз пешниҳодҳои Ӯ дар ин масъала мебошад.
     Фақеҳон муддати тулонӣ бештар парвандаҳои мушаххасро баррасӣ намуда, дар назарияи ҳуқуқӣ таҳияи қоидаҳои умумӣ дида намешуд. Тибқи таълимот, одамон ҳуқуқ эҷод намекунанд, балки сухан бояд оид ба муайян намудани чаҳорчӯбаи рафтор бошад. Ҳар як муносибат ду қоидаи танзим дорад, яке “ҳақиқӣ”, дигаре маҳсули фаъолияти муҷтаҳидон. Муҷтаҳид метавонад хато кунад ва қоидаи заруриро наёбад. Ба назари Абӯҳанифа на ҳамаи муҷтаҳидон олимони боилм дар ҳама самти давлатдорӣ мебошанд ва онҳоро аз байни мардум ҷудо карда ва ба соҳаҳои гуногун тақсим намуда ва дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро сарҷам намуда машварати онҳоро нисбат ба масоили давлатдориву ҷамъият бояд шунида шавад, то ки назму низом дар доираи қонун дар давлатдори ҷорӣ шавад, то ки камбудие байни ҳоким ва раият дида нашавад.
Устувор гаштани таълимоти ҳуқуқӣ заминаи мураттабсозии меъёрҳои ҳуқуқи ислом гашта, ба рушди минбаъдаи он таъсири бузург дошт. Аз як тараф, дохил намудани тағйирот ба маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ душвор гардид ва аз тарафи дигар, барои истифодаи усули нав, бо роҳи шарҳу тафсир барои ба шароити нав мутобиқ сохтани меъёрҳои шароит фароҳам омад.
      Хусусияти дигари таълимоти ҳуқуқии ислом дар он аст, ки таркиби меъёрҳои он зиддиятҳо вуҷуд доранд ва новобаста аз ин ҳамаи қоидаҳои таҳияшуда расман эътироф шудаанд. Вазифаи қозӣ (суд) дарёфти меъёри зарурӣ ва ба шароит мувофиқ истифодаи бурдани он аст. Масалан дар он замон дар вақти мушкилиҳои дар суд ҷойдошта аввалан аз Қуръон истифода мебурданд дар натиҷаи надоштани маълумоти кофӣ аз Қуръон, такя ба суннатҳои Пайёмбари ислом мекарданд, агар маълумоти кофӣ дар ин самт надоштанд, минбаъд рӯ меоварданд ба иљма ва қиёс.
Бо рушд ёфтани таълимоти мактабҳои динӣ – ҳуқуқӣ, минбаъд нақши таълимот чун сарчашмаи ҳуқуқӣ дар ислом эътироф гардида, бо таъсиси мактабҳои ҳуқуқӣ ва махсусан, баъд аз манъ гардидани иҷтиҳод нақши таълимот афзуд.
Тибқи назарияи фиқҳӣ ҳокимитяи қонунгузорӣ ба муҷтаҳидон таалуқ дошт. Волояти қонун, меъёрҳои шариатро бо идеяи волояти ҳуқуқ айният додан мумкин аст. Ба сарвари давлат, тибқи таълимот ҳокимияти қонунгузорӣ мансуб нест ва ӯ бояд тибқи меъёрҳои қонун (шариат) амал намояд, то ки назму низом дар ҷомеа дуруст гардад ва мардумро ба худ душман нанамояд.
       Чанд насиҳати Имоми Аъзам ба роҳбарон ва мардум, ки дар ҷамъият ҳаёт ба сар мебаранд, чунин аст: “бар он чӣ, ки Худованд аз моли дунё ва мақому мартаба ба ту иноят кардааст, қаноат кун; Он чӣ дар даст дорӣ ботадбир сарф кун, то мӯҳтоҷи мардум нашавӣ; қадри худатро дар чашми дигарон беарзиш макун; аз дахолат кардан ба корҳои пучу бемаънӣ худдорӣ намо; дар корҳо нияти худро холис гардон; дар ҳар сурат кӯшиш кун, ки ҳалол бихурӣ”. Агар шахс дар зиндагӣ ин қоидаҳои оддитаринро риоя кунад, метавонад шахси муваффақ дар зиндагӣ ва ҷомеа гардад.
Хидмати Имоми Аъзам махсусан дар ҳифз ва тақвияти асолати таърихӣ ва фарҳангии халқи мо бесобиқа бузург ва шоистаи қадрдонист. Давраи зиндагии Имоми Аъзам ва ташаккули мазҳаби фиқҳии ӯ марҳилаи таърихии ниҳоят ҳассос ва нозук маҳсуб мешуд. Ин давроне буд, ки заминаҳои муносиб барои ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ мавҷуд набуданд, усул ва арзишҳои миллӣ бо сабаби ривоҷи сиёсати афзалиятхоҳӣ ва моҳиятан империяи Хилофат амалан рад мешуданд, ҷараён ва созмонҳои ифротӣ ва тунрави динӣ фаъолияти густурда доштанд, доираҳои бузурги аъёну ашрофи маҳаллӣ усули арзишҳои фарҳанги ҳокимро пазируфта, асолати миллӣ-таърихии худро аз даст медоданд. Асолати халқҳои бостонӣ ва соҳибтамаддун босуръат коҳиш меёфт .
      Танҳо чанд омил, пеш аз ҳама, шеваҳои устувори фарҳангӣ-тамаддунӣ ва густаришу тақвияти ҳаракати озодихоҳӣ ба ҳифзи асолати таърихии халқҳои тобеи Хилофат мусоидат намуданд.
Дар чунин даврони ҳассос Имом Абӯҳанифа забони модарии худ-тоҷикиро ҳамчун забони дувуми ибодати динӣ, фаъолияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷоиз дониста, ба хотири ҳифзу нигаҳдошти он асосҳои шаръиро таъмин намудааст, ки то ҳоло аз ақидаҳо махсусан дар вақти намозхонӣ, рӯза доштан дуо кардан мардуми тоҷик аз таълимоти Имоми Аъзам истифода мебаранд, ки хизмати ин шахсият дар ҳифзи забон ва арзишҳои миллии тоҷикон мебошад.
      Ҷомеаи инсонӣ ба ҷуз қонун ва сохторҳои марбутаи идоракунии худ боз дорои маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқие мебошанд, ки рафтору муносибати аъзои онро ба низом медарорад. Агар қонунҳо ва меъёрҳои муайянкунандаи онҳо ҳуқуқу озодиҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим дароранд, меъёрҳои ахлоқӣ рафтори мутаносиби онҳоро нисбат ба ҳамдигар, оила, ба гуруҳҳои иҷтимоӣ муайян мекунанд ва ҳатто ба иҷрои қонуну шартномаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
       Иҷрои меъёрҳои ахлоқӣ ба виҷдони ҳар шахс, расму одат, суннатҳои ҳар халқ ва гурӯҳҳои иҷтимои низ марбутанд. Вобаста ба дараҷаи рушди ахлоқи ҷамъиятӣ дар бораи сатҳи пешрафти ин ё он халқу кишвар қазоват кардан имкон дорад. Ҳар қадар дараҷаи ахлоқи ҷомеа баланд бошад, ба ҳамон андоза риояи талаботи қонун дар он хубтар ҷорист. Инчунин сатҳи болоравии ахлоқи ҷомеа ба устуворӣ ва мустаҳкам будани давлат алоқаманд аст. Агар давлат пуриқтидору мустаҳкам ва дорои қонунҳои хуби ҷорӣ бошад, сатҳи ахлоқии ҷомеа низ метавонад баланд бошад ва баръакс заъфи давлат ба коҳиши ахлоқ дар ҷомеа оварда мерасонад. Ахлоқ ифодагари сатҳи маънавии ҷомеа аст. Он ифодакунандаи дараҷаи фарҳанг, нишондиҳандаи сулҳу суботи ҷомеа, тарзи зиндагӣ ва эътиқоди мардуми ин ва ё он кишвар мебошад, чи қадар ахлоқ дар ҷомеи зиёд мавқеъ дошта бошад, ба ҳамон андоза оромӣ ва пешрафт таъмин мешавад. Аз ин ҷост, ки ба масъалаи ахлоқӣ чи сиёсатмадорон ва олимону мутафаккирон аз давраҳои қадим то ба имрӯз таваҷҷуҳ зиёд зоҳир карда, дар болоравии он саҳми чашмрас гирифтаанд.
Барои нишон додани хизмати Имоми Аъзам дар рушди ахлоқ зарур аст, ки нуктаҳои асосии таълимоти ӯ баррасӣ шаванд. Бузургтарин мавзӯъ, ки дар таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам мақоми барҷаста ва махсус дорад, ин мавзӯи адлу инсоф аст. Барои асоснок кардани масъалаҳои фиқҳӣ ва муайян намудани меъёрҳои шаръӣ бо назардошти адлу инсоф, ки аз таълимоти Қуръон ва аҳодиси набавӣ бармеояд, нуктаҳои муҳими риояи онҳо дар фиқҳи Абӯҳанифа ҷой дода шудаанд. Дар заминаи илми ҳадис Абуҳанифа як қатор масоили ҳуқуқиро таҳлилу танзим намудааст. Буризода Э.Б. оид ба пайдоиши илми ҳадис, муҳаддисон, табақаҳои гуногуни вобаста ба дин маълумот додааст.
      Адлу инсоф талаботи ахлоқие мебошад, ки ҳам ахлоқи иҷтимоӣ, ҳам сиёсати давлат, ҳам хислатҳои умдаи инсониро муайян мекунад. Адлу инсоф ҳам талаботи ахлоқӣ ва ҳам меъёри ҳар гуна муносибати ахлоқӣ мебошад.
Масалан, Имоми Аъзам пардохти закот, яъне як навъи андозро бо иљрои ибодати динӣ, аз љумла намоз баробар (тавъам) мешуморанд, ки дар таълимоти динӣ низ ин андеша роиљ аст. Ҳангоми муқоисаи ҳуқуқи занҳо, қиёсро истифода бурда, занонро бо мардон баробарҳуқуқ мешуморад ва иродаи мустақил доштани онҳоро ҳангоми ҳалли масоили гуногуни ҳуқуқӣ, аз љумла никоҳу, барпо кардани оила таъкид менамоянд.
       Албатта, ҳангоме сухан дар бораи адлу инсоф дар давлат ва сиёсати давлатӣ меравад, ин мафҳумҳо татбиқи худро дар меъёри қонунҳо пайдо мекунанд ва ҳукми қонунро ба худ мегиранд. Вале дар ин маврид ҳам иҷрои онҳо ба афроди ҷомеа алоқаманд буда, ба адлу инсофи онҳо то ҳадде вобастагӣ доранд. Бинобар ин, адлу инсофи мансабдоронро Абӯҳанифа шарти муҳими адли иҷтимоӣ медонад. Абуҳанифа адлу инсофро дар тамоми масъалаҳои низоми идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои ҷамиятӣ баён сохтааст ба хусус дар масъалаҳои (сиёсати идоракунӣ, муоширати ҳоким бо ҷомеа, адолати иҷтимоӣ, савдои байни одамон, додугирифти қарз, арзиши молу маҳсулот, амонатро хиёнат накардан ва мисоли инҳо), ки аз инҳо дар вақти муомила кардан бо ҷомеа ва роҳбарон бисёр таъкид намудааст ва барои назми ҷомеа ҳушдор додааст.
Абӯҳанифа дар фиқҳи худ адл ва шаклҳои он: адли иҷтимоӣ, адли фардӣ, ва адл чун меъёри дигар рафторҳоро ба таври пурра тавзеҳ додааст. Фиқҳи Абӯҳанифа меъёрҳои ахлоқиро ба меъёрҳои ҳуқуқӣ тавъам сохта, риояи онҳоро шарти камолоти инсонӣ мешуморад. Дар таълимоти Абӯҳанифа пайванди ҳуқуқ ва ахлоқ ба назар мерасад, ки тибқи он ҷомеаи инсонӣ наметавонад дар сатҳи даркорӣ танҳо аз арзишҳои ахлоқӣ ва ё ҳуқуқӣ баҳраманд гардад. Ҳукмҳои шаръӣ ҳатто дар баъзе мавридҳо доираи иҷрои меъёрҳои ахлоқиро васеътар сохтаанд. Адлу инсоф бо ҳақиқат ва ҳақиқатҷӯӣ низ пайваст аст. Ҳақиқат чун меъёри ахлоқӣ дорои низоми муайян аст, ки дурусти ё нодурустӣ, адлу инсоф, росткориву ростқавлӣ ва дигар талаботи ахлоқиро нишон медиҳанд.
Абӯҳанифа ахлоқ ё низоми ахлоқиро аз ахлоқи таҷвизӣ (дастурӣ ё усули ахлоқӣ), ахлоқи тавсифӣ ва ахлоқӣ назарӣ иборат медонад.
1. Ахлоқи таҷвизӣ аз донистани рафтори дуруст ва нодуруст иборат мебошад. Ин навъи ахлоқро Абӯҳанифа дар фиқҳаш асоснок кардааст.
2. Ахлоқи тавсифӣ пеш аз ҳама, фикри мардум дар бораи хуб ё бад будани ин ё он амал аст, ки дар тавсифи ахлоқ ба назар гирифта мешавад.
3. Ахлоқи назарӣ бештар ба ҳукми шарҳи мафҳуму меъёрҳои ахлоқи машғул аст. Дар осори фиқҳии худ Абӯҳанифа ба ин нуктаҳо баҳо дода, муҳсиноти ахлоқиро аз нигоҳи шариати исломӣ муайн карда, фикри мардумро нисбат ба рафторҳои неку бад ба назар гирифтааст.
Имоми Аъзам вобаста ба падидаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии замонааш ақидаҳои равшан, саҳеҳ ва ҳадафрас баён намуда, ислоҳоти ҷомеаро дар давлатдорӣ тибқи қонун омили муҳими пешрафти иҷтимоӣ медонад. Дар ин росто, вусъати афкори ӯ то ба ҳадде буд, ки ҳамчун асос барои бунёди фарҳанги нави сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи аввали густариши дини ислом хизмат менамуд.
Хулоса, андешаҳои ин абармард имрӯз ҳам рӯзмарра буда, мардумро ба тақвову покизагӣ, ободониву рифоҳи мулк, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва озодиву истиқлол раҳнамои месозад, то ки мо фарзандони ин миллат аз он дар зиндагӣ ва кору пайкори хеш истифода намоем, чунки ин донишҳо барои имрӯз ва ояндаи ҷаҳон ва насли ояндасози кишвар хизмат хоҳад кард.

Муаллифон: Буризода Эмомалӣ Бозор - Академияи миллии илмҳои Тољикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, мудири шуъба, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.; Қодирзода Сайидмуссо Муҳибулло - Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедра, Е-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia