casino malaysia
casino malaysia
Асли мазҳаби ҳанафӣ таҳаммулпазирист!

wrapper

      Баробари ба истиқлолияти давлатӣ расидани кишвар дар ҳаёти ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа тағйироти бузург ба вуқӯъ пайваст ва барои рушди маърифату фарҳанг ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои илмию адабӣ ва динию мазҳабӣ уфуқҳои тоза боз гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат «доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати стандартҳои дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо» ибрози андеша намуданд.
Пешвои муаззами миллат нақши дини мубини исломро чун падидаи устувори фарҳангӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва давлативу иҷтимоӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки: «бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷорӣ афзоиш ёфта истодааст».
Яке аз масъалаҳое, ки нисбати он Пешвои миллат изҳори нигаронӣ карданд, таассуб ва таассубгароӣ буд.
        Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сарвар ва пешвои миллат дар саромади тадбирҳои миллатсозу ваҳдатофарин қарор гирифта, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миллати дорои таърихи пурғановати тоҷик гузаштаи пурифтихори хешро донад. Ин миллат дар бунёди зиндагии шоиставу озода, эъмори ҷомеаи пешрафта ва орӣ аз хурофоту таассубот, аз пайкору осори бузургони хеш фаровон истифода намояд.
        Мафҳуми таассуб дар луғат ба маънои тарафдорӣ, ҳимоя, пуштибонӣ, тарафдории куркурона, мутаассибӣ, хурофотпарастӣ мебошад. Вале таассуб имрӯз дар забонҳои аврупоӣ муродиф бо вожаи фанатизм [fanatisme] ва дар истилоҳи ҷомеашиносӣ ва равоншиносии муосир ба маънои дилбастагии муфрит ва ифрот дар ҳар чизе, аз қабили фикру андеша, ақида, нажод ва ғ. корбурд шудааст. Ғулув дар дин (Нисо, 4: 171; моида, 5: 77), таассуб дар мазҳаб ва ҳамин тавр тасайюб – бепарвоӣ, ломуболотӣ ва беномусӣ дар баробари арзишҳои фарҳанги динӣ дар омӯзаҳои шаръ накӯҳиш ва аз он наҳй шудааст. Таассуб падидаи равонӣ бо пайомадҳои рафторӣ ва иҷтимоӣ аст, ки омилҳои зиёде заминаи пайдоиш ё шиддат гирифтани он дар шахс ё ҷомеа мегарданд, ки ҷаҳл, ҳасад, ҳирс ва дилбастагии аз ҳад зиёд ба чизе муҳимтарини онҳо ҳастанд.
Арҷ наниҳодан ба шахсият ва андешаҳои рақиб, надоштани таҳаммули шунидани сухан, нафрат доштан, бо ҳар василае, ҳатто ғайришаръӣ муқовимат, ҷадал ва муқобила кардан ва ҳар гуна туҳматеро раво доштан дар ҳаққи вай аз пайомадҳои манфии таассуб ҳастанд. Таассуб шахсро намегузорад, ки ҳатто бо ҳамдин ва ҳаммаслаки худ, вақте дар баъзе афкор бо вай ихтилофи назар ва андешаи дигар дошта бошад, муносибатҳои дуруст ва муоширати нек ба роҳ монад.
       Ҳамон гуна ки таассуб, бахусус вақте дар дин ва ақида бошад, зарар ва пайомадҳои манфие ҳам барои дин ва ҳам барои ҷомеа ба ҳамроҳ дорад, тасайюб – надоштани аҳамийят, шаҳомат ва нангу номус дар баробари арзишҳои динӣ низ ба дин ва ҷомеа зарар дорад, бахусус вақте ба сурати падидаи иҷтимоӣ дарояд. Зеро бар асоси ҷомеашиносии динӣ, агар ифрот дар рафтор ва андеша, сахтгириҳои бемаврид, аз байн рафтани ҳолати эътидол ва таҳаммулпазирӣ ва ғ. аз пайомадҳои таассуб бошанд, пас бешахсиятӣ, аз даст додани ҳувийяти фарҳангӣ, бе ғамӣ аз ранҷҳои мардум ва бепарвоӣ, хунуназари нисбат ба сарнавишти ҷомеа аз осори тасайюб ҳастанд, ки дар ниҳоят ба фурӯ рехтани шараф ва каромати инсонӣ дар фард ва аз байн рафтани ҳувийяти миллӣ дар ҷомеа меанҷомад. Вақте таассуб ва тасайюб дар рафтор, андеша, дин ва ҳар чизе, ки ба ҳаёти инсон тааллуқ дорад, яъне ду тарафи ифрот ва тафрит дар зиндагӣ, канор гузошта шаванд, равиши миёна, роҳи васат ва эътидоли матлуб ба даст меояд, ки он ҳам хостаи дин ва ҳам камоли андеша ва рафтори инсонӣ бошад.
        Иқдоми тозаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон доштани соли равон дар таҳкими худшиносии миллӣ, пойдории ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеа, рафти амиқи маърифати динӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва муколамаи мазҳабҳову фарҳангҳо арзиш ва аҳамияти бузургеро молик аст.
Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад. Имоми Аъзам дар таърихи ислом ҳамчун асосгузори илми фиқҳ ва тадвинкунандаи он мақоми хосае дорад, ки ҳангоми шарҳи масъалаҳо бештар усули раъй ва қиёсро пеш мегирифтанд, ки он реша ба далелҳои ақлӣ дошт. Бо ин васила пешвои мазҳаби ҳанафӣ роҳи ҳалли масъалаҳои фиқҳиро ҳамвор месохт ва озодии андешаро таъмин менамуд.
Бузургӣ ва шуҷоати Имоми Аъзам дар он ҳам зоҳир мешавад, ки дар фиқҳи исломӣ бори аввал усули “истеҳсон”-ро ба таври комил тадвин намуданд. Тибқи таълимоти эшон зимни истифода аз қиёс ё тарки он аз ду ҳукм ё хулосаи имконӣ ҳамоне бояд ба инобат гирифта шавад, ки барои уммату ҷамоат саҳлтар ва мувофиқтар бошад.
        Ҷанбаи дигари таълимоти Имоми Аъзам тарғиби сулҳу дӯстӣ, ҳусни муомилаву муошират, риояи эҳтироми дину мазҳабҳои дигар ба шумор меравад. Усули фиқҳи Абӯҳанифа раванди номатлуби гурӯҳкашӣ, тундравӣ дар зоҳири ибодат ва ислом, ихтилофу парокандагии ҷомеаи мусалмононро қабул намедорад ва пешгирӣ менамояд.
         Мазҳаби ҳанафӣ барои пайравонаш таҳаммулпазириро дар истиқбол ва шарҳи масъалаҳои динӣ тарғиб намуда, таассубро танқиду накӯҳиш месохт. Таассуби динӣ, ки решаи барғалати таърихӣ дорад, аз даврони аввали ислом сар карда боиси он мегардид, ки дар сари шарҳу баёни масъалаҳои фиқҳӣ як мазҳаб мазҳаби дигарро кофир эълон мекард ва намояндагони равияҳои мухталиф байни ҳамдигар муборизаҳои фикриву ҷисмонӣ менамуданд.
Мутаассифона, ин навъи фаҳмиш то имрӯз идома дорад ва баъзе аз кишварҳои исломиро ба доми низову кашмакашҳои динӣ кашидааст.
        Дини ислом диёнат ва эътиқоди маҷбуриро намеписандад, балки роҳи нишондодаи он худи инсонро бидуни ҳеҷ кароҳият ҷалб месозад, тундравии баъзе аз мусалмонони зоҳирбинро, ки ба ҷурме дигаронро ба куфру зиндиқа гунаҳкор мекунанд, ҷилавгирӣ менамояд.
Бино ба ақидаи Имоми Аъзам, дуруштиву хушунат роҳи ҳалли масъала ва мушкилоти дину мазҳабҳо нест, танҳо бо сулҳу ҳусни тафоҳум метавон моҳият ва асосҳои дину мазҳабро барои дигарон ошно гардонид.
Ин ақидаи Имом Абуҳанифа аз таълимоти воқеии дини ислом сарчашма мегирад, ки он душманиву кинаву кудуратро нисбат ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар маҳкум менамояд.
Маҳз ҳамин сифати мусолиҳатомезии дини ислом аст, ки бисёр миллату фарҳангҳои мухталифонро қабул карда, дар тавсеаву таҳкими пояҳояш нақши созанда гузоштаанд.
       Имоми Аъзам низ ба василаи гиромидошти анъанаву суннатҳои халқу қавмҳои гуногун тавонистанд моҳияти дини мубини исломро тарғибу ташвиқ намуда, миёни тамаддунҳо созиш ва ҳамдигарфаҳмиро барқарор созанд.
Мазҳаби Имоми Аъзам дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ чунон ҷойгоҳе пайдо кард, ки дар шарқу ғарби олами исломӣ паҳн шуд. Мазҳаби ҳанафӣ дар Эронзамин ҳанӯз пеш аз кишвардории Сомониён нашр гардида буд.
Аммо маҳз ба шарофати Сомониён ва пуштибонии эшонон ҳукми мактаби расмиро гирифт ва бо мурури замони кӯтоҳ дар дигар минтақаҳои ҳамсояи қаламрави Сомониён мунташир гашт.
     Лозим ба таъкид аст, ки пуштибонии Сомониён аз ин мазҳаб ва фиқҳи он омилҳои айниву зеҳнии худро дошт ва умарои сомонӣ онро як василаи умдаи чеҳраи миллӣ ва мардумӣ пайдо кардани ислом дар қаламрави аморати хеш ба шумор меоварданд. Ин омил имрӯз дар рӯзгори мо ҳам аҳамияти худро гум накардааст.Дар ҷомеа баъзан ба ном мубаллиғонеро метавон пайдо кард, ки онҳо ба мафҳумҳои «миллат», «ормонҳои миллат», «забон», «адабиёт» ва, умуман, фарҳанги миллӣ арзиши воқеӣ қоил нестанд. Иллати он, пеш аз ҳама, дар бехабар будани онҳо аз арзишҳои миллӣ ва таълими яктарафаю мутаассибонаашон мебошад.
       Аз ин рӯ, бо такя ба таълимоти Абӯҳанифа мо бояд ба он бикӯшем, ки дар ҷомеа арзишҳои динӣ ва фарҳангӣ тавъам ва дар ҳамбастагӣ ба рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва ҳифзи асолати миллӣ мусоидат намоянд. Хизматҳои Имоми Аъзам дар пойдорӣ ва ҳифзи асолати забони тоҷикӣ бениҳоят арзишманд ҳастанд.
Агар забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён ва ба шарофати сиёсати ватанпарваронаи онҳо ба курсии заррини адабу фарҳанг ва илму сиёсат нишаста бошад, пас заминаҳои ин амр дар замони Имоми Аъзам гузошта шуда буд.
Ба шарофати ин шахсияти бузург, ки моҳият ва асли динро мардум метавонанд ба забони модарии худ омӯзанд, забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодат расмияти динӣ касб кард ва бад-ин васила роҳро барои рушду нумӯи бесобиқа дар замони Оли Сомон ҳамвор кард.
Аз ин ҷост, ки Имоми Аъзам на танҳо дар рушди ислом ва фиқҳи исломӣ хидматҳои бузургро анҷом додаанд, балки дар густураи фарҳанги миллии тоҷикон низ ҷойгоҳи арҷмандро молик гардонидаанд.
      Аз ин дидгоҳ омӯзиши таълимот ва тарғиби осори Имоми Аъзам, аз як тараф, ба маърифати ростини арзишҳои дини мубини ислом ва баланд шудани сатҳи фарҳанги динӣ дар ҷомеа мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, таҳкими худогоҳии таърихӣ ва ҳифзи асолати арзишҳои милливу фарҳангии моро дар пай дорад ва ба оромиву суботи ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангию динӣ замонат медиҳад.
Зоир Ҷурахон Маҷидзода, сардори Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, корманди шоистаи Тоҷикистон.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia