casino malaysia
casino malaysia
Тарбия ва ташаккули шуури солими динии ҷавонон дар шароити имрӯзаи маънавию мафкуравии кишвар тақозои замон аст

wrapper

 (Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат)
Чи фоли неке буд, ки Пешвои Миллат ҳам дар Паёми худ ва ҳам дар ҷаласаи васеи пас аз паём ва ҳам ахиран дар вохӯрии охири худ бо аҳли ҷамоатчигӣ ва рӯҳониён ба муносибати оѓози моҳи шарифи Рамазон суханро аз масъалаи зарурати тарбияи мафкуравию маънавии афроди миллат махсусан ҷавонон оѓоз карда, дар мавриди камбудиҳои мавҷуд дар ин росто дар соҳаи маориф муфассал сухан гуфтанд.
Масъалагузории Ҷаноби Олӣ оид ба тарбия ва ташаккули шуури солими динии ҷавонон айнан ҳамон тавр аст, ки шароити имрӯзаи маънавию мафкуравии кишвар тақозо мекунад.
Ин матлабро, ки масъалаи усулии модели консепсияи дунявияти Пешво мебошад, мо солҳо пеш дар мақолот ва ҷузвияи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар пиёда кардани модели нави давлати дунявӣ» / Набзи замон. № 3.МТС/ ва аз ҷумла, дар монографияи «Фалсафаи Қуръон» бо илҳом аз фармудаҳои Пешво чунин баён карда будем:
«Имрӯз, ки олами исломро, ба забони тибби муосир гӯем, вируси маргбори ирҳоб-терроризму экстремизм ва радикализм фаро гирифтааст, аз аҳамият холӣ нахоҳад буд, барои дар сатҳи зарурии таҳаммулпазирӣ ва мудоро ташаккул додани шуури динии ҷавонон, аз тариқи поксозӣ аз таассубу хурофот ва шиносонидани усули фалсафаю илоҳиёти исломи асил ва ташаккули имону эътиқоди солиму созанда, гарави асосии пешгирӣ аз ин падидаҳост ва бояд нерую сармояи асосиро аввал ба ҳамин самт равона кард. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ як ҳиссаи асосии он сармояҳои ҳангуфтеро, ки ҳарсола барои мубориза бо ин падидаи ҷаҳонишуда, барои ниҳодҳои қудратӣ равона мекунад, ба соҳаи илму маориф равона мекард, баъд аз ҳадди аксар як даҳсола, заминаи асосии азнавтавлидшавии ин падида аз байн мерафт. Агар як қиёси табиӣ кунем, коре ки ниҳодҳои қудратӣ мекунанд, ҳар сол даравидани ин алафи ҳарзаи решадор чун юнучқа мебошад, ки онҳо фақад қисмати аз замин боло рӯйидаи онро медараванд, на решаи онро, мисли ин, ки ба решакан кардани он ҳам ҳавасманд нестанд. Барои чӣ? Маълум! Аммо соҳаи илму маориф вазифаашон решакан кардани он аст на дараву ҳосилбардорӣ».
Барои ташаккул додани шуури солими динӣ ва поксозӣ аз олоишҳо ва инҳирофоти он аз шуури динии чи кор метавон кард? Барои ҷавоб додан ба он савол нахуст бояд аз таҷрибаи ташаккули таьрихии адён истифода кард, ва дид ки  тафаккури солим дар динҳои нав дар заминаи динҳои куҳан чи гуна ба вуҷуд омадаанд, чигуна инсоният қадам ба қадам шуури динии худро ислоҳ ва солим кард?
Дар он робита ҷой доштани раванди таҳаввулию такомулии динҳо дар таьрих худ далели ислоҳпазирӣ ва такомулёбии динҳост. Худованд ба инсонҳо аз оѓози офариниши онҳо танҳо як дину як паёмбар таъйин накардааст. Дар он маврид ҳатто дар Қуръон аз ирсоли паёмбарони зиёде сухан меравад, ки миқдори онҳо дар Қуръон ҳудуди 25 буда ва дар асоси тафсири сураи 3 ояти 7 бахшида ба ин мавзуъ ҷойдошта бештар аз ҳазор паёмбар ва 300 расул баровард кардаанд, ки ҳар кадоме дар чанд масъалаи ғайри усулии дин навоварие доранд.
Сониян, барои амалӣ  шудани ин ҳадаф, дар кишвар ҳама шароит мавҷуд аст, вале мутаассифона мавриди истифодаи муфид қарор  нагирифтаанд ва давлат дар ҳоли ҳозир пулу маблағу вақти зиёди шаҳрвандон ва ҷавонони таълимгирандаро бе манфиат барои имрӯзу ояндаи миллат сарф мекунад. Оё сарф кардани сармояи давлат бе назардошти манфиате барои миллат камоли аҳмақӣ нест? Аз ҷумла, дар кишвар таълими фанни таьрихи дин дар мактабҳои миёна, диншиносӣ дар ҳама донишгоҳҳо ба роҳ монда шудааст, ки ҳама қиршҳои аҳолии кишвар чи мард ва чи зан аз он мегузаранд. Гузашта аз он, ҳар ҳафта дар намози ҷумъа хутбаи пешу паси намозро дорем ҳам ба муаллимону устодон ҳам ба имомхатибон аз давлат пули моҳона медиҳад, вале то ҳол натиҷаи матлуб намегиранд.
Ҳамчунин, дар кишвар ниҳодҳои давлатии Маркази исломшиносии назди Президенти кишвар, Академияи миллии илмҳо бо институти фалсафа, институти таърих, забону адабиёт ва шарқшиносӣ амал мекунанд, ки шуъбаҳои марбутаро масъалаи Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин дар институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ доранд. Аз тариқи барномарезии ҳадафманди комплекси кори ҳамаи он муассисаҳоро ба самти ислоҳу солимсозии шуури динии миллат равона кардан имкони фаровон дорад.  Танҳо коре ки бояд расман давлат анҷом диҳад, қабули барномаи ягонаи дарозмуддати илмии ташаккул додани шуури солими динии ҷавонони миллат ва кулли афроди он  мебошад.
 
Абдуллоев Шерзот 
Ходими пешбари илмии
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia