casino malaysia
casino malaysia
Дар масири хирад ва маърифат

wrapper

         Истиқлолияти сиёсӣ хушбахтии миллат аст. Агар дарахти боровару тановарро обу ғизо рушду тарақи диҳад Истиқлолияти сиёсиро Истиқлолияти таффакару шаҳрвандон таъмин мекунад.
Моҳияти “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат” дар баробари дигар масъалаҳо ҳамин Истиқлолияти тафакурро ҳам фаро мегирад.
Ҳақиқате ки аз сари мо гузашт ин аст, ки то даврони Истиқлолият хештанншиносии миллат гуё дар як чорчубаи арзу тулаш маҳдуд ба сар мебурд, яъне миллат имконияти воқеъии шинохтани фарҳанги худ, бузургони фарҳанги худ, бузургоне ки дар сатҳи ҷаҳонӣ тамаддунсозони дараҷаи яки башарият шинохта шудаанд имконият надоштаанд.
Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намоем.
Осоре ба нашр расид, ки дар ин ҷаласа хотиррасон карда шудаанд;
“Тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд”.
Дар баробари ин ҳамма бояд ба ёд биёрем , ки маҳз дар ҳамин шароити Истиқлолияти сиёсӣ ва боз ҳам бо ҳимояти шахсан Президенти кишвар “Динкард”, “Осори мероси ниёгон” дар ду ҷилд “Авасто”,-яъне тамоми осори хаттии то исломии миллати мо ба нашр расид, ки то  Истиқлолият нашри инҳо ва ҳатто таҳқиқоти ҷиддии ин осор ҳеҷ имконият надошт. Агар ин мавзуъро давом диҳем руйхати осори дар даврони Истиқлолият нашр шударо ёдовар шавем дар баробари осори Имом Ғазолӣ, Фариддини Атор, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Баҳоваддини Нақшбанд,- Осори бузургони классик ва бузургони асрҳои 16-19 (ба монанди Носеҳӣ Хатлонӣ, Фитрат Сайфи Исфарангӣ, осори комили Ҳоҷи Ҳусайн ва дигар бузургворон) нашр шудаанд.
Дар ин суханронӣ нуктаи зерин ҷолиби диққат аст ки аз чанд ҷиҳат демократӣ будани ҷомеаи Тоҷикистонро намоиш медиҳад;
“Давлати Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад”.
Ин нуктае ки қайд мешавад яъне шароити ҳамаҷониба муҳайё кардани давлат барои динҳои ғайри исломӣ ( аз он ҷумла Православии Насронӣ), воқеъан ҳуҷати равшани он аст, ки сиёсати имрузаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар маъалаҳои миллатҳо ва динҳо анъанаҳои муқаддасу шарафманди бузургони гузаштаи худро пайравӣ мекунад ва муқаддас медорад, яъне таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аз адолатгустарии хусусан Куруши Кабир маълуму мусаллам аст.
 Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст.
Дар раванди ҷаҳонгирӣ Куруши Кабир динҳои дигарро на танҳо озодии комил медод балки мабадҳои харобгаштаи онҳоро аз собиқ ҳам беҳтар тармиму таъмир мекард шароити орому суботи тоату ибодаташонро фароҳам мекард.Ин тадбири сиёсии Куруш дар “Инҷил” ҳамчун корнамоии сиёсӣ таъбир мешавад, Кураш то имруз дар байни Иброниён ҳамчун наҷотбахши қавми Иброни ва дини Иудаисти шинохта мешавад. Як нуктае ки ба назари мо бояд таҳлилу ташвиқ шавад, хусуан дар шароити имрузаи  тезу тунди вазъи сиёсат ва иқтисоди ҷаҳон,- ҳамин ақлгароӣ ва таҳаммулгароӣ аст. Дар баромад гуфта мешавад; “Аз  сабаби пайравони зиёд доштани мазҳаби ҳанафӣ дар ақлгароӣ ва таҳаммулгароии он буда, ба шароити ҳар давру замон, аз ҷумла замони муосир мутобиқат дорад ва инсонро ҳамчун беҳтарин мавҷуди офаридаи илоҳӣ дар мақоми бисёр баланд мегузорад”.
Воқеъан натанҳо дар шароити бисёр хатарноку нозуки сиёсии ҷаҳони имрўза балки дар ҳамагуна шароити дигар такия ба ақл кардан, такия бар таҳаммул кардан ва ҷустани тадбирҳои сиёсӣ, тадбирҳои мусолиҳатомез, тадбирҳои ба истилоҳ аз ҳамма ҷиҳат инсонӣ ва инсондустона ҳамеша заруру коромад будан ва ҳастанд. Дар айни ҳол даъвати Президенти кишвар бори дигар ба ақлгаро будан ва таҳаммулгаро будани мазҳаби ҳанафи диққати ҷомеаро ҷалб кардан ба ин ду нуктаи ободкор сулҳофар бисёр мубрам аст.
Хирад ва маърифат дар тули таърихи миллати мо хусусан дар раванди тамаддунсозӣ пойкурсии асосии рузгори миллат будааст, ин  нуктаро Президенти муҳтарами мо таъкиди махсус мекунад;
“Тамоми донишмандону бузургони миллати мо, аз қабили устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд”.
Такиди масъалаи худшиносӣ дар рўзгори муосир нақши хирад ва маърифат дар ин раванд, ба ёдовардани бузургони миллат аз Рӯдакӣ  то Садриддин Аёни албата як ҳидояти муҳим аст барои боз ҳам бештар донистани қадру мазалати хирад ва маърифат. Дар ин ёдоварӣ қайд кардани номи устод Садриддин Айнӣ маънии махсус дорад,- яъне устод Садриддин Айнӣ дар баробари бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик будан як ҳалқаи тиллоие дар занҷир силсилаи бузургони фарҳанги миллати мо ҳастанд, ки марҳалаи класикии ин фарҳангро бо марҳалаи муосири он пайванд мекунанд.
Дар ин раванд ба хотир биёрем ки устод Садриддин Айни қасидае доранд, ки бо мисраи  “Кайвонии офоқ саросар бибимулло” оғоз мешавад ( Айни Садриддин куллиёт.ҷ.8 Душанбе.1981.с.136) Дар ин қасида аз ҷумла омадааст;
Мақул бигуянд ба ҷону дилу дида,
Ҳар кор, ки кардаст муқаррар бибимулло....
Дар хидматаш оранд басе латаву кимхоб,
Бо хоки замин дида баробар бибимулло...
Ин қасидаро Садриддин Айни мушаххасан бар асари харҷу хароҷоти миёншикане, ки яке аз дустонаш дар туйи хатнаи писаронаш кардааст навишта будааст.
Аз мисраҳое ки иқтибос шуд, аз хати сурхи ин қасида, аз оҳанги шикоят аз сангиниву печидагии харҷу хароҷоти маросимҳои он замона, маълум мешавад, ки  ба мушкилоти иқтисоди оварда расондани мардум, ба қарзу қавола мубталло кардани онҳо, чандин сол ба рузгори сахт оварда расондани хонаводаҳо ҳамин бехиради, ҳамин бе маърифатӣ буданд ва ҳастанд. Дар баробари ин аз ҳамин танқиде ки устод Садриддин Айнӣ урфу анъанаро дар он даврон кардааст, ки ҳеҷ рабте ба “Қуъону”-у, “Ҳадис” надоранд,  “Лотусрифу”-и  қуръониро риоя намекунанд, дар ниҳояти кор аз ин дар –ҳамбарҳамиҳои маросимҳо, бехирадиҳои танзим маълум мешавад, ки ин нухсони ҷамъияти мо, яъне исрофи беҳуда, исрофи бехирадона, исрофе ки маърифат надорад ҳамоно идома дорад, ҳарчанд ки бад аз қабули қонуни танзими маросиму анъана хеле ислоҳу пешрафт мушоҳида мешавад.
Дар ин суханрони нуктаҳои зиёди дигар ҳастанд, ки ҳар кадоме табиру шарҳи махсус мехоҳад. Феълан он чӣ мо аз ин суханрони дар масъалаи бузургдошти фарҳанг, хусусан бузургворони исломи ва нақши хираду маърифат дар танзими маросимҳои мо ва умуман рузгори мо гуфта шуд. Воқеъан ин суханрони ҳам бисёр возеҳу равшан омадааст;
“Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд”.
 
 
Ходими пешбари илмии Шуъбаи               
фалсафаи фарҳанг Рањматуллоев Н                                                                                        

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia