casino malaysia
casino malaysia
Саҳми занҳои Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

wrapper

       22 июни соли 1941 Германияи фашисти аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум карданд. Ҳаминтавр Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд, ки он аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ хусусияти муҳофизаткунандагӣ дошт. Дар ихтиёри Гитлер тамоми захираҳои иқтисодии қариб ҳамаи Давлатҳои Европаи Ғарбӣ маҳфуз буд. Дар моҳи июни соли 1941 шумораи умумии қувваҳои ҳарбии фашистӣ аз 8,5 миллион одам иборат буда, қӯшунҳои хушкигардӣ қувваҳои муссалаҳи фашистӣ  214 дивизияро ташкил мекард. Ҳайати шахсии қувваҳои муссалаҳи фашистӣ аз ҳайати шахсии қувваҳои мусслаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ-1,8 маротиба, танкҳои вазнин ба ҳисоби миёна-1,5 маротиб, саолётҳои ҷангии навъи нав-3,3 маротиба зиёд буд.  Дар ин ҷанги нобаробар тамоми халқи ИШ, аз он ҷумла тоҷикистониён низ иштирок намуданд. Аз нишондиҳандаҳои оморӣ маълум аст, ки аз Тоҷикистон зиёда аз 300 000 нафар иштирок намуданд, ки дар он занҳо низ иштирок карда, дар ақибгоҳ ва майдони ҷанг корнамоиҳои шоиста нишон доданд. Ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз иштирокчиёни ҷанг 60 000 нафар тоҷикистониён қаҳрамонона ҷангида ҳалок шуданд ва 90 000 нафар ҷароҳатҳои сахт бардоштанд.
         Барои ҷасорат ва шуҷоат дар набардҳо дар мубориза бо фашизм 56 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳои фангӣ сарфароз шуда, 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил ва 15 нафар ба ба се дараҷаи ордени Шараф комёб шуданд.
         Аз рузҳои аввали ҷанг сар карда аз тарафи садҳо ҳазор меҳнаткашон ҳаррӯз аризаҳо дохил мешуд, ки онҳоробарои ҳимояи Ватан сафарбар намоянд. Дар рӯзҳои аввали ҷанг дар ҷумҳурӣ 5857 ариза дода шуд, ки дар он хоҳиш менамуданд, ки ихтиёран ба ҷанг мераванд ва дар байни онҳо 2000 занон низ барои ба ҷанг рафтан ариза дода буданд.
         Дар рӯзномаи “Коммунист Таджикистана” 24 июни соли 1941 ахбор чоп шуда буд, ки дар он чунин сатрҳо навишта шуда буд: “Танҳо дар як шабонаруз дар комисариати шаҳр Душанбе 700 ариза дохил шуд, ки хоҳиш менамуданд ихтиёран барои ҳимояи Ватан ба ҷанг раванд, ки аз 200-тои онҳо занҳо буданд”.  Дар рӯзномаи “Октябри Сурх” аризаи Одина Ҳакимоваи 17 сола чоп шуда буд, ки хоҳиш менамуд ӯро ба сафҳои Армияи Сурх қабул намуда ба фронт фиристанд.  Чунин аризаҳо аз тамоми шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ барои ба фронт рафтан ба комисариатҳои ҳарбӣ дохил мешуданд. Ҷаннат Раҳимова, С. Алибоева, Ойгул Муҳаммадҷонова, Ҷонбӣ Қувватова, София Ниёзова, А.П. Кузнецова, Марям Бобоева, Инъом Қурбонова, Лидия Киреева, Р. Файзуллоева, Р. Исмоилова, У. Муродова ва садҳо духтарон ва ҷавонзанони тоҷикистонӣ ба сафи қувваҳои Армияи Сурх дохил шуда, дар муборизаҳои шадиди зиддӣ фашизм қаҳрамониҳо нишон доданд. Занҳо ва духтарони тоҷикистонӣ на танҳо ҳамчун ҳамшераи шафқат ҷанговарони маҷрӯҳро наҷот доданд, балки ҳамчун лётчик ва снайпер  дар ҷанги зиддӣ фашистӣ қаҳрамониҳо нишон доданд.
 
Қаҳҳоров Ғ.Ғ. Сарходими Шуъбаи сотсиологияи ИФСҲ ба номи А. Баҳовиддинови АМИТ.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia