casino malaysia
casino malaysia
Наврӯз – эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва таблиғгари ҳунарҳои мардумӣ

wrapper

 

Наврӯз даррасиду ғам аз дил бурун шавад,
Шодии мардумӣ ҳамагонӣ фузун шавад,
Аз покии вуҷуд бигӯ з-он, ки бегумон,
Нопокию палидию дун сарнагун шавад.
       Айёми наврӯзӣ ва баҳорӣ замони бедоршавӣ, эҳёи табиат, эҳсос, отифат ва фикру андешаи инсонҳост. Воқеан, ҷашни бедории табиат ва инсон аст, ки ҷузъи ҷудонопазири ин табиати бузург мебошад. Такроршавӣ ва раванди тавлиду бозтавлидӣ махсуси табиат, эҳсос ва ҷамъият аст. Аз миёни ҷашну сур ва идҳои марғуб ва хеле дилпазири қавмҳои тоҷику форс ва халқу миллатҳои ҳамҷавор Наврӯз яке аз қадимтарин, густурдатарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Худи вожаи «Наврӯз» – калимаи мураккаби форсии – дарӣ, калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ «нав» ва «рӯз» иборат аст. Дар ин айём Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад ва ин ба рӯзи 31-уми моҳи Фарвардини авестоӣ ва Ҳамали аҷамӣ рост меояд.  Тибқи шаҳодаи манбаъҳо дар он айём Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд ва онро ба 2 ҳисса – Наврӯзи омма (Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи сағир) ва Наврӯзи хоса (Наврӯзи бузург, ки рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ оғоз меёфт), тақсим мекарданд. Наврӯз қарнҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯри заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст. Ҷашни эҳёи мавҷудоти гетӣ буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонӣ меоварад.  
      Дар боби Наврӯз бисёр навиштаанду гуфтанд ва сухан аз он ҳамвора муқаррар аст, аммо дар илму адаб такрор малоловар аст, вале ақл такрорро дӯст дорад, табиати офаридгор такрорро дӯст дорад, эҳсос такрорро дӯст дорад, зеро ҳама аз такрор ҷон мегирад ва аз ин хотир Наврӯз достони зебоист: табиат, ҷомеа, ақл, эҳсос ва амсоли ин аз такрор нерӯманд мешавад. Наврӯз айёми бедоршавии табиат, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона бо ҳама дороияш, нав мешавад. Мавҷудоти олам ҳаёти нав меёбанд ва соли ҳақиқӣ даврае аз адвори хешро ба поён расонида, вориди марҳилаи тозае мегардад.
Наврӯз, биё, ки баргзор пазмонат,
Он ки сари саҳро зи саҳар пазмонат.
Аз он ки замини мо бигардад зархез,
Он ки бикашад зи хок зар пазмонат.
      Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷику форс, ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни ҳуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз яке аз бузургтарин ойинҳо ва ҷашнҳои қадимаи мардуми ориётабор буда, пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Дар ҳақиқат як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон аст, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад.
Баъзе муҳаққиқон таърихи Наврӯзро панҷҳазорсола ва баъзе шашҳазорсолаю ҳафтҳазорсола мегӯянд. Албатта, онҳо ба устураву ривоятҳо такя кардаанд ё онҳоро асос гирифтаанд. Аммо ҷашни Наврӯз қадимтар аз инҳост. Ин ҷашн аз ҳамон даврае шурӯъ мешавад, ки инсонҳои ибтидоӣ дар ғорҳо зиндагӣ мекарданд ва зимистонро дар он ҷо мегузарониданд. Вақте ки зимистон поён меёфт ва давраи яхбандӣ ба анҷом мерасид, баҳор шурӯъ мешуд ва рӯзҳо гарм мешуданд. Онҳо хурсанд мешуданд, медиданд, ки дарахтон барг мекунанду гулҳо мешукуфанд. Паррандагону чарандагон ҳама дар фазову табиат сурудхонону нағмакунон суйру гашт мекунанд. Одамони қадим, аз ҷумла ниёгони мо ин манзараҳоро дида, хурсандӣ мекарданд. Мегуфтанд, ки гармӣ бар сардӣ ғалаба кард, офтоб бар деви зимистон пирӯз шуд. Ҳамин тавр оғози ҷашни Наврӯз аз ҳамон давраҳо сарчашма мегирад. Онҳо ҳар баҳор хурсандӣ мекарданд ва оҳиста-оҳиста он шакли муайяни ҷашнро гирифтааст. Масалан дар сарчашмаҳо гуфта мешавад, ки шоҳ Ҷамшед ин ҷашнро асос гузошт, вале он қадимтар аз давраи ӯ низ будааст ва шоҳ Ҷамшед онро танҳо ба шакли мукаммалтар даровардааст. Агар мо ба таърихи пайдоиши калимаи Наврӯз назар афканем, ҳудуди 1 ҳазору 500 сол пеш ин калимаро дар шакли хаттӣ мебинем. Аммо боз ҳам тасвирҳои дар ёдгориҳои тахти Ҷамшед ҷойдошта, ки дар шаҳри Шероз мавҷуданд, шаҳодат аз он медиҳад, ки шоҳони қадимаи эронӣ Наврӯзро ҷашн мегиранд ва ба Шоҳ аз гӯшаву канори давлати форс ҳар гуна тӯҳфаву ҳадяҳо меоранд, ки ин ҳам аз хеле қадимӣ будани ҷашни Наврӯз гувоҳӣ медиҳад.
       Наврӯз дар ҳама давр бо шукӯҳу шаҳомати зиёд пешвоз гирифта мешуд. Барои дар сатҳи олӣ гузаронидани он майдону тахтҳо месохтанд, дастархонҳои идона меоростанд, ки ин дастархонҳои Наврӯзӣ бо номҳои ба худ хос, ба мисли «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» буд. Ҳар яке аз ин амалҳо қоидаҳои худро доштанд ва аз тарафи мардум бо пуррагӣ ба ҷо оварда мешуданд, зеро онҳо суннатҳои бостонии Наврӯз ба шумор мераванд. «Ҳафтсин» ин номгӯи ҳафт маҳсулоти ғизоие аст, ки онҳо бо ҳарфи – С (син) сар мешаванд. Ба ин номгӯй дохил мешаванд: 1.Сирпиёз; 2.Себ; 3.Сабзӣ; 4.Санҷид; 5.Сирко; 6.Суманак; 7.Сипанд. Ба номгӯи маҳсулоти «Ҳафтшин» онҳое дохил мешаванд, ки бо ҳарфи – Ш (шин) оғоз меёбанд. Масалан: 1.Шир; 2.Шона; 3.Шамъ; 4.Ширинӣ; 5.Шарбат; 6.Ширбиринҷ; 7.Шакар.
Тавре ба мо маълум гардид дар дигар минтақаҳои таҷлилкунандаи ҷашни Наврӯз дар қатори ин ду суннати бостонӣ «Ҳафтмим»-ро низ истифода мебурдаанд, ки номгӯи ҳафт маҳсулоти ба онҳо дохилшаванда бо ҳарфи – М (мим) шурӯъ мешаванд. Масалан: моҳии сурх, майгу, мушк, май, майса, мавиз ва мева.
Умуман инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошанд. Ҳар як халқият урфу одати худро дорад. Бинобар ин баҷои «Ҳафтсин», «Ҳафтшин» ва «Ҳафтмим»-и номбаршуда дигар хӯрокҳоро низ дар дастархон ҷой медиҳанд. Мардуми ориёӣ дар тӯли қарнҳо бо тамоми роҳу воситаҳо тавонистанд, ки ин мероси фарҳангии худ, аз ҷумла анъанаи ҷашни Наврӯзро нигоҳ доранд. Онро аз манъкунию хурофот эълон намуданҳо дифоъ карданд ва ин анъанаро то ба насли имрӯз расониданд. Айни ҳол ҷашни Наврӯзро ғайр аз кишвари мо боз дар бисёр манотиқи олам, ба мисли Эрону Озарбойҷон, Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон, Афғонистону Албания, Туркияву Македония, Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (ҷамъ беш аз 300 миллион нафар аҳолии курраи замин) ҳамчун иди миллӣ ҷашн мегиранд.
Боиси ифтихор аст, ки кӯшишҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самара доданд ва аз 30 сентябри соли 2009 инҷониб Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифт ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд. Ин барқароршавии ҳақиқати таърихӣ аст. Зеро Наврӯз ҷашни табиат ва эҷодкардаи кулли халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз аз ин бойтар ва зеботар гардид. Он ба инсоният одамгарӣ, мубориза бурдан бо қувваҳои бадӣ ва бадкорон, дар сулҳу салоҳ зистанро талқин менамояд. Умари Хайём дар «Наврӯзнома» дарҷ кардааст, ки: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад». Кӯшишҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, ки мардуми ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ин ҷашни фархундаи ниёгонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гиранд ва то Наврӯзи дигар дар амну амният бошанд.
Яке аз сабабҳои зуд истиқбол шудани ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ аз ҷониби мутахассисон ва комиссияҳои ЮНЕСКО-ю Созмони Милали Муттаҳид дар он аст, ки ин ҷашн воқеан ҳам ҷашни фарҳангӣ ва сулҳофар аст ва ба дину оине рабт надорад, зеро дар айёми Наврӯз ҳама бо ҳамдигар, новобаста аз миллат, забон, дин, нажод ва маҳал хурсандӣ карда, гирди дастурхони наврӯзӣ мешинанд. Аҷдодони мо мегуфтанд, ки дар рӯзи таҷлили ин ҷашн бояд дилҳо аз кинаю нафрат пок бошанд, бо миёнравии шахсони муваффақ ва мӯйсафедони табаррук қаҳриҳо бо ҳам оштӣ мекарданд, ҳама гуна муноқишаю низоъҳоро ба сулҳ меоварданд. Онҳо андеша доштанд, ки агар касе дар соли нав бо ҳам қаҳрӣ ва ё ҷангӣ бошад, ҳатман дар корҳои онҳо як навъ мушкилот пеш меояд. Дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз аҷдодони мо, тоҷикон дар дастурхони идонаи худ маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширбиринҷ, шир, шакар ва ҷурғот мегузоштанд, зеро онҳо сафедиянд ва барои онҳо сафедӣ рамзи муқаддас ба шумор мерафт.
      Азбаки Наврӯз ҷашни сулҳофар ва ҷашни ваҳдату дӯстӣ аст, хусусияти пастзании обрӯю эътибори ягон гурӯҳ, шахс ё қавму қабиларо надорад, ҷашнест, ки дар поёни ҳодисаҳои таърихӣ ё ин ки ҷангу шӯришҳо ба вуҷуд наомадааст ва асоси он ҳодисаи баробаршавии шабу рӯз дар табиат мебошад, бо ин сабаб ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Ин ҷашн дар омад-омади худ як пайки хосеро дорост, зеро дар ин рӯзҳо ҳама либосҳои нав ба бар мекунанд, гулдухтарон либосҳои атласу чакан мепӯшанд ва модарон ба тайёр кардани суманаки наврӯзӣ омодагӣ мегиранд, деҳқонон ба кишту кор оғоз мекунанд.
Наврӯз, воқеан, бо ҷанбаи фарҳангиву мардумии худ миёни хосу ом маҳбубият пайдо кардааст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таъкид карда, менависад: - «Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо ва мавҷудоти зинда рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад, тоҷикон «ҳамал – ҳама чиз дар амал» мегӯянд».
Воқеан ҳам, Наврӯз бузургтарин ҷашни миллист, ки комилан ҳолу ҳавои дунявӣ дорад. Ба сухани дигар, мардуми мо ба воситаи таҷлилоти Наврӯзӣ аз ҳавою фазои табиати ватанӣ нафас мекашанд, оҳангу нағмаҳои идона менавозанд, овозхонӣ мекунанд, шеъру тарона месароянд, аз неъматҳои дунёӣ лаззат мебаранд ва ҳамин тавр, кулли рӯзро ба хушҳолӣ сипарӣ менамоянд. Аз хона баромадан ва худро ба домани талу теппа, кӯҳу пушта ва сабзаву майсазор задан ва дар ҳавои баҳору Наврӯзи оламафрӯз бо шӯру шавқ рақсу бозӣ кардан аз ҷумлаи талаботи маросимоти Наврӯзӣ мебошад.
Ба ҳамин тариқ, чун дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи фурӯзанда қарор дорем, ба шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сиҳатию тандурустӣ, тавонмандию эҷодкорӣ, муваффақияту бурдборӣ, бахту саодати хонаводагӣ, самимияту илтифоти ҳамагонӣ, дили шод, хандаю шӯхтабъии баҳорӣ, табъи болида, ҳолати рӯҳияи наврӯзӣ таманно менамоем. Рӯҳияи Наврӯзӣ аз фоли Наврӯзӣ, ки аз хотири ҷамъи инсонӣ дарак медиҳад, сарчашма мегирад. Бигзор, ки оромишу амният, сулҳу субот, хираду дониш фазои Тоҷикистони азизро тарк накунад ва миллати тоҷик бо ойини Наврӯзи истиқлол ба сӯйи пеш – ҷониби рушду тараққӣ ва фатҳи қуллаҳои мурод қадамҳои устувор бардорад.     
Бо лутфу эҳсону шараф, эй дил, ба истиқболи мо,
Хуш бош, меояд кунун Наврӯзи истиқлоли мо.
Фоли наку Наврӯзро бошад ҳамеша ҳамсафар,
Поянда бодо то абад Наврӯзи некуфоли мо
 
 Саидзода Мавҷуда Ёралӣ
ходими хурди шуъбаи ҳуқуқи давлатии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ,

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia