casino malaysia
casino malaysia
Бегонапарастӣ ва таъсири он ба фарҳанги миллӣ

wrapper

(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат)
  Масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Аҳли ҷомеа бояд нисбат ба ин зуҳурот бетараф набуда, дар якҷогӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки  яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона  ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид намуданд, ки: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд». Гуфтан ба маврид аст, ки бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона, аслан, хоси мардуми тоҷик набуда, дар раванди  ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба наслҳои оянда таъсири зараровари худро мерасонад. 
ссДар ҷомеаи мо зиёд нафароне дучор омадан мумкин аст, ки дар либоспӯшӣ  ба фарҳанги бегона такя намуда, аз доираи арзишҳои миллии худ берун мераванд. Дар воқеъ, ин рафтори онҳоро, агар аз як тараф, ба огоҳ  набудан аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мошарҳ дода шавад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳо дар  либоспӯшӣ ба ҳисоб меравад. Ба марҳилаҳои гуногуни таърихи  ҳалқамон назар афканем сару либоси занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набуд, баръакс либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳуввияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад.  Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангиест, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.                                                      
  Имрӯз воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи таърихии худро инъикос  намуда, аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад. Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард.  Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намуда, муборизаи беамон  бар зидди он барем.                                                          
  Дар ин суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумитаи кор бо занон ва оиларо вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба ҳисоб меравад. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз ин хусус меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ - атласу адрас, гулбасту чакан, гулдӯзиҳои нотакрор, алочаву шоҳӣ, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ меояд. Либоси миллии мо, ки яке аз нишонаи  соҳибфарҳангии мо эътироф шудааст ва ҳар яки  моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонапарастӣ омехта насохта, онро бо тамоми покиву рангорангияш ба насли оянда мерос гузорем. 

Чилаева Муҳайё Тоҳировна
муовини раиси занон, корманди кафедраи фалсафаи Раёсати АМИТ
 
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia