casino malaysia
casino malaysia
Идомаи Ҳафтаи илм дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов

wrapper

         Рӯзи 11 апрели соли 2024 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм, ки ба Рӯзи илми тоҷик бахшида шудааст, чорабинии чоруми илмӣ - мизи мудаввар дар мавзуи «Сиёсат, ҷомеа ва амният» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои зерин шунида ва муҳокима гардиданд: Муҳаммад А.Н. - д.и.с., профессор, сарходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ, «Технологияи сиёсӣ ва хусусиятҳои хоси он дар замони муосир»; Искандаров А.И., д.и.с., профессор, мудири Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ, «Безопасность в Центральной Азии»; Муродов С.А.,  мудири шуъба, номзади илмҳои сиёсӣ, “Элементҳои асосии системаи таъмини амнияти миллӣ”; Сангинов Н.Н. - н.и.с., ходими калони илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ, "Гибридные войны" и их влияние на национальную безопасность Республики Таджикистан»; Мамадназарова А.Р., ходими илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ, «Интеграция государств Центральной Азии: возможности, трудности и перспективы» ва ғ.
         Рӯзи 12 апрели соли 2024 баргузории Ҳафтаи илм дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идома ёфта, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» бахшида ба 35 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба нақша гирифта шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia