Лого
 
Интернет-магазин nachodki.ru

Камолов Усмоналӣ Нусратович – номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмӣ - 12 январи соли 1971 дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рудакӣ таваллуд шудааст. Соли 1978 ба мактаби миёнаи № 71, ноҳияи Ленин дохил шуда, онро соли 1988 хатм кардааст. Моҳи сентябри соли 1989 курси яксолаи муҳосибиро (Учкомбинат) хатм менамояд ва сертификати «Муҳосиб»-ро мегирад. Аз моҳи декабри соли 1989 то моҳи декабри соли 1991 дар сафи қушунҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ хизмат кардааст.

 

Солҳои 1992-1997 донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, бахши забон ва адабиёти тоҷик будааст. Аз моҳи сентябри соли 1997 то поёни соли 1999 дар кафедраи фалсафаи ДМТ, ба ҳайси муаллими фалсафа кор кардааст. Охири соли 1999 ба аспирантураи шӯбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2003 ба охир мерасонад. Аз соли 1999 то соли 2010 ходими хурди илмӣ будааст. Соли 2010 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таълимоти Наҷмуддини Розӣ дар бораи ҳастӣ ва маърифат» ҳимоя кардааст. Монография худро бо номи «Таълимоти Наҷмуддини Розӣ дар бораи ҳастӣ ва маърифат» соли 2013 чоп кардааст. Беш аз 20 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-публистӣ ба нашр расонидааст. Аз соли 2010 инҷониб (2016)  ходими калони илмии шуъбаи мазкур мебошад.

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣтаърих фа назарияи фалсафа, ахлоқ ва афкори иҷтимоӣ-сиёсӣ