Skip to main content

ЗАМИНАҲО, ТАҲАВВУЛОТ ВА ДУРНАМОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Таҳти чунин унвон, имрӯз 29 августи соли ҷорӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Заминаҳо, таҳаввулот ва дурнамои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон” доир гардид, ки дар кори он роҳбарият, ва олимони Институт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи семинари илмӣ, директори Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод қайд намуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор, номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Сипас, мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии ИФСҲ АМИТ д.и.ҳ, профессор Бобоҷонзода И.Ҳ. дар мавзӯи “Заминаҳои ҳуқуқии таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” баромад намуда қайд намуданд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илму фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки файзи Истиқлол Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мустақилу ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Имрӯз, Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро зиёда аз 180 мамлакати дунё расман эътироф намудаанд, ки ин нишона возеҳи Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Хотиррасон бояд кард, ки бахшида ба 34- солагии Истиқлоли давлатӣ дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ шуруъ аз имрӯз то 16 сентябри соли ҷорӣ конференсияҳои илмӣ- назариявӣ мутобиқи нақша ташкил ва баргузор мегарданд.

Дар фарҷоми семинар устодону олимони Институт мубоҳисаи озод доир намуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121