ВАТАНДӮСТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ҶОМЕА
Садоқат ба Ватан ва мардуми он барои ҳар миллату халқиятҳои ҷаҳон аз ҷумла, ориётаборони тамддунофар, бузургтарин шараф ва муқаддасоти зиндагӣ буда ва боқи хоҳад монд. Имрӯз ҳар миллат барои зиндагии шоистаи мардумаш талош меварзад, ки кишвари соҳиб истиқлол дошта бошад.
Мо мебинем, ки миллати тоҷик бо шукргузорӣ аз неъмати бузурги амаонӣ ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки миллати сарсону ҷангзадаро сарҷамъ, созад ва мамлакатро аз вартаи ҷанг ва ҳалокат инчунин аз фишору тахдидҳои замон барканор намояд.
Маҳз муҳаббату ватандӯсти Пешвои муъаззам ватандӯстиро нишон дод. Зимни баромади хеш изҳор доштанд, ки “Ватанамонро дӯст дорем, обод созем шукрона кунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем ” Мо медонем, ки миллати тоҷик баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯрави солхлои 90-уми асри гузашта мухолифони хатарҳои ҷиддиро ба миён оварданд, ки мо тоҳол аз хотироти хеш набаровардаем. Маҳз талошу заҳматҳои фарзандони Ватандӯсти ин меҳан, ки шабурӯз хоб накарда барои дифои Ватан содиқона хизмат намуданд.
Барои ҳар кишвар албатта суботи он вобаста аз сиёсати ҳарбии он меравад. Г. Жомини як пешниҳод намудааст, ки барои давлат фаъолияти ҳарбиро аз бахши махсуси фаъолияти давлатӣ иборат медонад, ки ба таъмини суботу оромӣ ва мудофиаи кишвар равона карда шудааст.
Дар ин ҷода вазифаи асоси сиёсати ҳарбиро дар тарбияи маънавии одамон, ҳисси ватандӯстӣ ва шуури худ мудофиавии онҳо мебинад. Олими дигар андеша дорад, ки П.И. Пестел2 амнияти ҳарбии давлатро таҳлил намуда, онро на танҳо ба хотири такмили артиш, балки баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ ва иҷтимоӣ омили зарурӣ меҳисобад. Маҳз барои баланд бардоштани соҳаи ҳарбӣ ва амнияти миллӣ Қонун ва санадҳои меъёри ҳуқуқи амалкунанда амали шуда истодааст. Бо ибтикор ва талошҳои бевосита Асосгузори сулҳу Вахдат Пешвои миллат муҳтараб Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сохторҳои ҳарби барои рушду нумуи давлат шароити хубро мусоидат намуда истодааст.
Аз оғози 23-феврали соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим миллати тоҷик бо шиъори Ватандӯстиву садоқат ба ватанро ба мардум мефаҳмонанд. Бинобар ин Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд.
Мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Тайи 33- соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низоми, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собит кадамона рушду такомул меёбанд.
Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи меҳан хизмат кардан мебошад. Дар ашъори бузургони гузаштаи мо маънои калимаи Ватан мавқеъи хоссаи худро дорад.
Чуноне, ки Фирдавсӣ бузург дар “Шоҳнама’ - и безаволи худ мефарояд.
Ҳамма сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Аз ин мисраҳи пурмазмун чунин андешаҳо бар меояд, ки ин мулки аждодиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ кард ва набояд ба хеҷ гуна ганҷе иваз кард ва аз як гиребон сар бояд бурн кардаву сипохи меҳани хеш бошем . Агар Ватан орому осуда бошад, дар сартосари он сулҳу субот ҳукумрон мегардад, нозу неъмат фаровон гашта муҳаббати мардум меафзояд, дар тӯли ҳазор солаҳо аждодони мо умр басар бурда бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон, эҷоду ҳунар, ишқу муҳаббат ва дарди дил бо ҳам кардаанд.
Албатта ин аст, ки Ватан - Модар ғамхору мушфиқи ҳар яки мову шумост, ки аз рӯзе чашм ба олам кушоданамон моро бо ҳазор меҳру муҳаббати гарму нарм ба оғуш гирифта, мепарварад, омӯзонида ба камол мерасонад, соҳиби хонаю дар зану фаразнд, хешу ақрабо мегардонад, хушбахт мекунонад ва баъди фавтиданамон бонолаю созу гудози вопасини модар аст, ба гавҳораи хоби абадӣ месупорад.”3
Бояд, зикр намуд, ки ин сарзаминро мо Модар - Ватан медонем ва онро муқаддас мешуморем. Мо бояд ҳамчун як фарди ҷомеаи тоҷик Ватанпарасту худшиноси миллӣ бошем. Садоқату ватандӯстии мо метавонад ҷомеаи имрӯзаи тоҷиконро бозҳам мустаҳкам намояд.
Мо ватанедорем, ки номаш дар ҷаҳон пойдор аст ва фарзандони асили он ҳамеша Парчамбардори ин Ватанад ватане,ки зодаи маърифату ватандӯст бо номи Тоҷикистон аст. Чун, ки ин Ватани мо замини зархезу кӯҳҳои осмонбӯс буда, мардуми оқилу заковатманд дорад. Зеро зодагони ин кишвар ворисони ҳақикии Исмоили Сомон, Темурмалик, Деваштичу Восеъ, Шераку Муқаннаъ, Рӯдакиву Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаву Бобоҷон Ғафуров дорад.. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Девашничу Восеъ далели гуфтаҳои болост, ки шоири шинохтаи тоҷик Лоик Шералӣ шинохти Ватанро аз поки шири модару гавҳора васф менамояду ва бо чунин мисраҳо ба итмом мерасонад.
Ватан беҳбудию беҳфузии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.
Ва маҳз ҳамин аст, ки Асосгузори сулху ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои
Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерали артиш, муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид менамояд: “ Мо як давлат, як Ватан ва як модар дорем. ки номаш Тоҷикистон аст”.
Ва ҳаминаст, ки мо мардуми ин диёр меҳнатқарину меҳнатдӯст, меҳанпарсту меҳандӯст, меҳнат талабу меҳнатшинос ва меҳмондӯсту меҳмоннавозу бо фарҳанг ин мулки ниёгонамонро канораш бошему ва баҳри хидматаш содиқона омода бошем ва баҳри ҳимояааш ҳамеша ҳолати омода бош қарор дошта бошем. Зеро оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобастаги дорад.
Чуноне, ки Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон моддаи 43 ҳар як фарди Ҷумҳуриро вазифадор мекунад. “Ҳифзи Ватан ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқгидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Ёдрас ҳаст, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзи аввали Сарвари давлат буданаш бо халқ такия намуда буд.
Барои пешравии кишвар барои суботи сиёсӣ ва зиндагӣ шоиста бо афсарону сарбозони ва фаъолиятҳои сохторҳои ҳарбӣ бархурдор мешуд. Ғамхориҳои Пешвои миллат имрӯз соҳибистиқлолиро ба бор овард. Ба мо маълум аст, ки таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар душвортарин рӯзхо, дар даврони шиддати ҷанги шаҳрванди барои миллати тоҷик ҳимоягару таъсирасон буд.
Бинобар ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳ ба роҳ монда шуд. Ин аст, ки яке аз фармонхои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон аз 18 декабри соли 1992 таҳти №3 “ Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд, ки заминаҳои хукукии Артиши миллии Ҷумхурии Тоҳикистон фароҳам оварад, ки аз хамон рӯз саркарда такдири худро бо тақидири халку ватани хеш як сохт. Мехри Ватан - Модар барояш арзиши нодиртарин буд. Маҳз ҳамин мехру, муҳаббату садоқат ба халқу миллат оламиёнро огох сохт, ки ӯ сарвари оқил аст.
Оқил ба ҳунар хароба обод кунад,
Боғи гулу кохи нур эҷод кунад.
Ҷоҳил, ки бувад чу ҷуғз вайронпараст,
Ҳар ҷо, ки рвад, харобиро ёд кунад.
Мо бо ифтихору сарбаланди ва аз дастовардҳои истиқлолиятамон шукргузорем. Имрӯз Ватани азизу беназири 33-соли маҳбубмон дорои заводу фабрикаҳо корхонаҳои саноъати ва дар гушаву канори мамлакатамон ободкориҳо ба назар мерасад. Худ қазоват кунед, ки вакте, ки ба хиёбонҳои шаҳр қадам мегузори ба худ аз гузашта ва замони имрӯз дар тахаюлот мемони ин ҳама ободкориҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки мо соҳибистиқлол ва Ватандӯст ҳастем дар кадом самте, ки набошад Тоҷикистон бо чунин абардмардони бо нангу номусаш меҳанро обод месозад. Фаъолияти ҳарбӣ кишвар ва заковати баланди касбии онҳо барои ин Ватан нақши калидиро бозид, ки мо худшиносу Ватандӯст гаштаем.
Мардони ҷасуру ғаюри Ватан тавонистанд дар суботи ҷомеаи имрӯз ҳисси баланди Ватандӯстиро ифшо намоянд. Барои ҳар фарди миллати ин меҳан Ватандориву худшиноси ва дифои он дар ташаккули ҷаҳонишавии имрӯз ба номус бошанд.То ҳеҷ таҳдид ва хатаре Ватани моро пароканда насозад.
Назаров Алиакбар - докторант аз рӯи ихтисос
PhD - и ИФС ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
