Skip to main content

Устодону кормандон ҳайати магистрантон ва докторантону унвонҷӯёни азиз!

Ҳамаи Шуморо бо камоли эҳтирому мамнуният ба муносибати фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки ҳамасола бо Дарси сулҳ оғоз меёбад, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон дар ҷодаи пурифтихори илму дониш музаффариятҳои пайдарпай ва пешрафту муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.

Чун анъана ҳамасола Рӯзи дониш дар кишвар ҳамчун рамзи садоқату муҳаббат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба илму донишу хирад ва омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил карда мешавад.

Боиси хушнудист, ки ҳар таҷлил аз Рӯзи дониш ва иштироки Сарвари давлат дар Дарси сулҳ бо бунёдкориву ободкории нав ва сохтмону ба истифода додани муассисаҳои замонавии таълимӣ рост меояд, ки шаҳодат аз қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат медиҳад.

Боиси таъкид аст, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём миллати тамаддунофар ва соҳиби донишу хиради кофӣ ва ақлу заковати азалӣ буда, бо фарҳангу маданият ва илму маорифи худ миёни дигар халқу миллатҳо фарқ доштанд. Осори оламшумули илмиву маърифатии гузаштагони пуршарафамон асрҳост, аз ҷониби олимону мутахассисони хориҷӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуда, мояи ифтихору сарфарозии мо мебошад.

Тоҷикон аз ҳамон миллатҳое ба шумор мераванд, ки давоми ҳазорсолаҳо парчами илму маърифатро дар даст доштаву чароғи илму маданиятро фурӯзон нигоҳ медоранд ва то ҳол дар ин ҷода қадамҳои устувор мегузоранд.

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.

Рӯзи аввали соли таҳсили нав – рӯзи оғози пешравиҳои ҷадид дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву мадании мамлакат ба шумор меравад. Зеро ба қавли гузаштагони равшанзамири мо донишу заковат ва ҳунару маърифат намои зиндагии инсонӣ ба ҳисоб мераванд.

Маҳз дар фазои сулҳу амният ва осудагии комил давоми 34– соли соҳибистиқлолии кишвар ҳамаи соҳаҳои зиндагиву фаъолияти аҳолии мамлакат рӯ ба тараққӣ оварда, зери сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони навин бунёд карда шуд.

Аҳли кормандони Институт ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш менамоянд, фаъолияти хешро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монанд ва дар ташаккули низоми илму маорифи мамлакат ҳиссагузор бошанд.

Ҳайати устодону кормандон ва муҳассилини Институт дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли таҳсили сипаригашта фаъолияти пурсамарро ба роҳ монда, тавассути иттиҳоду сарҷамъӣ, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат ва ҳамбастагӣ дар арсаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Ин рӯз барои ҳар яки мо ҳамчун рамзи маърифату ҳидоят, ваҳдат ва оромӣ муҳим мебошад. Дониш асоси пешрафт ва рушд аст ва тавассути омӯзиш мо метавонем ҷомеаро ба сӯи сулҳу созандагӣ раҳнамун созем.

Ба ҳамаи устодон, магистрантон ва докторантону унвонҷӯёни Институт саломатӣ, муваффақият ва таҳқиқоти мукаммалро таманно дорам. Бо илму маърифат ва меҳнати содиқона, мо метавонем барои ободии Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.

Бигзор Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои ҳар як фарди ҷомеа рӯзи нур умед ва ҳамбастагӣ бошад!

 

Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123