Skip to main content

УНВОНИ ИЛМӢ МУБОРАК!

Ифтихор ва шарафи бузург аст, ки бо Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2026, ба олими тавоно, устоди соҳибтаҷриба ва инсони наҷиб, номзади илмҳои педагогӣ, муаллима Абдумуминзода Ситора унвони илмии дотсент аз рӯи самти илмҳои «Педагогика» дода шуд.

Ҳайати устодон, пажӯҳишгарон ва кормандони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин дастоварди бузургу шоистаи илмиро ба муаллимаи азиз самимона ва аз таҳти дил таҳният мегӯянд.

Абдумуминзода Ситора бо фаъолияти пурсамар, таҳқиқоти арзишманд ва заҳматҳои шабонарӯзии худ дар роҳи тарбияи насли наврас ва рушди илми педагогии кишвар мақоми хосса доранд. Ин унвони илмӣ нишонаи эътирофи заҳматҳои содиқона, дониши амиқ ва маҳорати баланди ташкилотчигиву пажӯҳишгарии эшон мебошад.

Ба муаллимаи азиз, олими тавоно ва роҳнамои ҷавонон тансиҳатии комил, умри дарози бобаракат, илҳоми саршор ва дар ҷодаи кору пайкори илмиву омӯзгорӣ зафару комёбиҳои нав ба нав хоҳонем.

ОСОР: Муаллифи 3 монография, 65 мақола, 18- мақола дар конференсияиҳои байналмилалӣ, ки аз онҳо 1 - мақола дар маҷаллаҳои тақризии байналмилалии илмии SCOPUS, 19 - мақола дар маҷаллаҳое, ки аз тарафи комиссияи атестатсионии олии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шудааст, ва инчунин 5 мақола дар маҷаллаҳое, ки аз тарафи комиссияи атестатсионии олии Федератсияи Россия тавсия карда шудааст, 2 – китоби дарсӣ, 3 – дастури таълимӣ, 6 – дустури библиографӣ - тахассусӣ ба табъ расидаанд.

Дорандаи зиёда аз 15 сертификатҳои иштирокчии конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ва инчунин дорандаи дипломҳои байналмиллалӣ.

Унвони илмии дотсент муборак бошад, муаллимаи азиз!

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121