Нусхаи чопи
 Дар баромади имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо олимони кишвар ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд:
  • Дарёфти роҳи ҳалли истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ;
  • Ташуккул додани тафаккури техникии ҷомеа.
  • Дар доираи эълони бистсолаи (2020-2040) омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ омода намудани тафаккури мактаббачагон ҷиҳати азхуд намудани  донишҳои техникӣ ва технологияи муосир. Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф карда шуд, ки аз рӯйи фанҳои зикршуда ҳамасола озмунҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро бо зиёд намудани шумораи ҷойҳои ифтихорӣ ва аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гардонидани ғолибони озмунро ба роҳ монад. Ин иқдоми пешгирифта барои худмуайянкунии касбии ҷавонон ва ба ҳамин восита бедор кардани завқи хонандагон нисбати фанҳои дақиқ таъсири мусбӣ расонида метавонад.
  • Дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтани меъёрҳои байналмилалӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намояд. Ба ҳамин восита сифати таълим ба талаботи бозори меҳнат метавонад мувофиқат намояд.
  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки баҳри  омодасозии кадрҳои илмӣ ва таъмин намудани муасиссаҳои илмӣ бо мутахассисони варзида чораҳои заруриро андешад;
  • Инчунин, меъёри арзёбии корҳои илмиву таҳқиқотиро мутобиқи талаботи байналмилалӣ таҳия ва ҷорӣ намуда, минбаъд ҷобаҷогузории кадрҳо ва интихоби аъзои вобаставу пайвастаи Академияи илмҳоро тибқи ин меъёр ба роҳ монад ва дар шароити кунунӣ, яъне дар замоне, ки барои рушди илм тамоми имкониятҳо муҳайё мебошанд, роҳу воситаҳои оқилонаи рақобати озоди илмро бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатӣ таъмин намудан зарур аст;
  • Дар партави баромади Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон оиди баргардон намудани осори хаттии забонҳои гуногун, пеш аз ҳама, забонҳои қадимаи ориёӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арабӣ, хитоӣ ва русӣ вобаста ба таърих, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон бояд ҷамъоварӣ гардида, ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси хонандагон карда шавад. Дар баробари ин, мо бояд баргардон ва ба забони тоҷикӣ тарҷума намудани асарҳои таърихиву илмии донишмандонеро, ки дар таърихи илм хизматҳои барҷаста намудаанд, пешкаши хонандагон намоем. Ин иқдом эҳтиром нисбат ба забони давлатӣ мебошад.
  • Олимони муассисаҳои илмии болозикр илова ба таҳияи стандартҳои таълимиву фаннӣ, таълифи китобҳои дарсӣ ва омӯзиши масъалаҳои педагогикаи муосир нишондиҳандаҳои барномаву консепсияҳои давлатиро таҳлил намуда, мониторинги сифати таълим ва иҷрои нақшаву барномаҳои таълимиро дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ анҷом медиҳанд. Дар ин ҳангом мо боварии комил дорем, ки сифат ҳатман ба даст оварда мешавад;
  • Дигар нуқтаи муҳим дар он буд, ки мо бояд бо такя ба таҷрибаи ҷаҳони муосир интихобу тарбия намудани кӯдакони болаёқату боистеъдодро аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ оғоз намоем ва таълими онҳоро мақсадноку дурбинона ба роҳ монем. Яъне, ҳамон хусусиятҳои ирсии мактаббачаро ба инобат гирифта, барои интихоби минбаъдаи касб онҳоро дастгирӣ намоем;
  • Фаъолияти кафедраҳои тахассусии муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ва сифати омода кардани омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ низ беҳбудӣ мехоҳад.Таъкид гардид, ки кафедраҳои тахассусии илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ба навсозӣ ва ислоҳот ниёз доранд;
  • Дар оянда мо бояд мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро на аз рӯйи шумораи хатмкардагон, балки вобаста ба шумораи хатмкардаҳои бо кор таъминшуда ва дастовардҳои илмии дар истеҳсолот татбиқгардидаи онҳо муайян намоем;
  • Зиёд намудани шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шуд. Иқдоми мазкур низ яке аз омилҳои муҳим барои ҷалб намудани ҷавонон ва бедор кардани завқи онҳои нисбати фанҳои дақиқ мебошад;
  • Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда мешавад. Аз шумораи умумии стипендияҳои Президентӣ 70 фоиз барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда мешаванд. Дар баробари ин, устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ин фанҳо ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ карда мешаванд;
  • Олимоне, ки ихтирооташон дар истеҳсолоти ватанӣ татбиқ мешаванд, ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд. Ин як иқдоми хубе мебошад, ки олимонро ба меҳнати саминона водор мекунад.
  • Мо имруз шоҳиди он ҳастем, ки аксарият доруворӣ барои табобат дар Точикистон асосан воридотӣ мебошанд. Ин воситаҳои табобатӣ асосан аз дигар давлатҳо ба монади Россия, Ҳиндустон, Хитой ва ғайраҳо ворид мегарданд. Аз ҷониби олимони соҳаи тандурустии кишвар истеҳсоли ягон навъи доруи ватанӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки табиати Тоҷикистон аз навъҳои гуногуни растаниҳои шифобахш бой буда, онҳо то имрӯз танҳо дар асоси таҷрибаи тибби халқӣ коркард мешаванд. Олимони кишвар муваззаф гардиданд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои замони муосир истеҳсоли дорувориро бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ оғоз намоянд ва дар ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат ҳиссагузор бошанд.
  • Яке аз масъалаи муҳиме, ки таъкид карда шуд, ин узвият дар академияҳо на барои шӯҳрату номи баландро соҳиб гардидан, балки ба хотири  кашфиёту навоварӣ, хизмати содиқона ба илм ва халқи Тоҷикистон, тарбияи кадрҳо, риояи одоби илмӣ, яъне этикаи илмӣ ва интизоми корӣ сурат гирад
  • Тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, рушди илм дар ҳамбастагӣ бо се омил таъмин мегардад: аввалан, бо қадр кардани истеъдоди фитрӣ, сониян, бо муҳайё намудани рақобати солиму озоди илмӣ ва сеюм, бо мавҷуд будани принсипҳои масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ дар фаъолияти илмӣ. Беҳтарин омилҳо барои рушди илм ин рақобати озод, танқиди беғаразона ва бо муҳаббат ба кори илмӣ-эҷодӣ машғул шудан олимон арзёбӣ карда шуд.
  • Насурова Беҳрӯ   
    номзади илмҳои фалсафа,
    ходими пешбари илмии Шуъбаи сотсиологияи
    Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
    ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон