Нусхаи чопи
  Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ боиси он гардид, ки дар ҳаёту фаъолияти ҷавонон пешравиҳои назаррас дар соҳаи технологияи инноватсионӣ (компютерҳо, телефонҳои мобилӣ), баръало мушоҳида мешаванд. Лекин, пеш аз ҳама, аз сабаби рӯ ба таназзул ниҳодани сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишкадаю  донишгоҳҳо сатҳи таълиму тарбия паст шудааст. Яке аз омилҳои коста шудани сифати таълим ин паст будани тафаккури эҷодии ҷавонон аст. Алҳол ҷавонон побанди компютеру, телефону, ҳисобкунакҳои электронӣ шуда, мустақилона фикр карданро фаромӯш кардаанд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷавоби тайёрашро аз интернет пайдо намоянд. Албатта, ин кори хуб нест. Донишҷуён, ҷавонон, ки онҳо ояндаи миллатанд, бояд роҳҳои дурусти андешаю фикррониро ёд гиранд.
  Яке аз омилҳои муҳимтарини ташаккули тафаккури дурусти касбии донишҷӯён, омӯзгорони ҷавон, ҳуқуқшиносону дипломатчиёни ҷавон ин омӯхтани илми мантиқ мебошад. Мутаасифона, вазъи омӯзиши илми мазкур дар макотиби олӣ ва касбии миёнаи ҷумҳуриамон ба талаботи замона ҷавобгӯ  нест. Дар Паёми Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки мо бояд ба омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиёт ва техникию технологӣ бештар аҳамият диҳем. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки танҳо ду илм, яъне риёзиёт ва мантиқ ба гуруҳи илмҳои дақиқ дохил мешаванд. Лекин на илми риёзӣ ва на илми информатикаро бидуни мантиқ тасаввур кардан мумкин нест, чунки мантиқ асосии методологии на фақат риёзиёту информатика, балки илмҳои дигарро низ ташкил медиҳанд.
  Ба фикри мо,  китоби дарсии “Мантиқ”, ки имрӯз дар мактабҳои олии  барои мутолиаи донишҷӯён тавсия гардидааст, ба такмили ҷиддӣ ниёз дошта, он  бояд  тамоми нозукиҳои мафҳуму қонунҳо ва принсипҳои илми мазкурро дар баргирад. Дар барномаи таълими илми  мантиқ  ба сифати кори амалии донишҷӯён бояд, мисли риёзиёт,  ҳалли машқу мисолҳо дар назар дошта шавад. Танҳо тавассути ҳалли машқу мисолҳо сатҳи тафаккури мантиқӣ, тафаккури эҷодӣ ва фарҳанги мантиқиро баланд бардоштан мумкин аст.
 Ҳамчуни яке аз роҳи  рушди  илми мантиқ шояд дар факултаи фалсафаи  ДМТ ташкил  додани шуъба аз рӯи  ихтисоси «мантиқ» мебошад. Лекин ин кор  аз мо тақозо медорад, ки  шумораи муайяни устодонро аз рӯи ихтисоси мазкур  дошта бошем. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки илми мантиқро бидуни устоди мутахассис бо тариқи худомӯзӣ аз худ кардан мумкин нест. Бинобар ин, мо лозим мешуморем, ки ҳар сол ду се нафарӣ довталаб  ё донишҷӯи болаёқате, ки забони русиро медонанд, ба марказҳои илмию таълимии Россия равона намоем, то ки  пас аз 5-10 сол якчанд мутахассисони соҳаи илми мантиқ тайёр карда шавад.
 
Сайфуллоев Н.М.,
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
мудири Шуъбаи гносеология, онтология ва мантиқи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ