Ҳувият ва Ваҳдати миллӣ
- Сешанбе, Ноя 26 2024
- Андешаи муҳаққиқон
"Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ болтар ва дахлнопазир бошанд, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад".
Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳувият чист? Ҳувият раванди иҷтимоие мебошад, ки, ҳамбастагии халқ, якпорчаги, ҳамгарои, баҳамои, ваҳдат, ва ваҳдати Миллӣро дар худ таҷассум мекунад. Ҳангоми таваллуд ҳамаи инсонҳо, новобаста аз он ки дар куҷои рӯи замин таваллуд шудаанд ва кадом мансубияти қавмӣ ва қабилавӣ доранд, дар байни ҳамаи намудҳои мавҷудоти зинда дорои як хислатҳои хоси инсонӣ буда, ягон фарқият аз ҳамдигар надоранд. Аз ин рӯ, раванди ҳувияти инсони, ки дар давраи рушду камолоти инсон дар ҷомеа ташаккул меёбад, комилан иҷтимоӣ ва сотсиологӣ буда, ба хун, нажод, ранги пӯст ва ғайра рабте надорад.
Ҳувият маҷмӯи хусусият ва мушахасоти асосии иҷтимоӣ, равонӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, биологӣ ва таърихист, ки ба табиат ё моҳияти гурӯҳ, ба маънои ягонагӣ ё шабоҳати аъзои он бо ҳамдигар мувофиқанд ва онҳоро дар зарфи фазоӣ ва дар вақти муайян ҷойгир мекунанд ва дидаю дониста аз дигар гуруҳҳо ва одамони ба онҳо тааллукдошта фарқ мекунанд.
Ҳувиятро метавон бо назардошти ҷанбаҳои гуногуни он ҳамчун ҷанбаи фалсафӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ таъриф кард.
Ҷанбаи фалсафии ҳувият
Дар зеҳни инсон ҳамеша саволҳо вуҷуд доранд, ба монанди: Ман кистам? Ман аз куҷо омадаам? Ба куҷо меравам Мақсади эҷоди ман чист? ... шеъри пурмазмуни мавлоно
Рузҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,
Ки чаро ғофил аз аҳволи диди хештанам ?
Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чи буд?
Ба куҷо меравам охар нанамои ватанам
Бе дарки ҳуввият, ҳастии маънавӣ ва фарҳангии шахс, дарки мавқеъи ӯ дар ҷомеа, посух додан ба он ва ҷойгоҳи ӯ дар олам кист ва сабаби мавҷудияти ӯро ба унвони инсон пайдо кардан қариб ғайриимкон аст.
Ин масъала ба ҳадде муҳим аст, ки дар мактаби экзистенсиализм ҳастӣ нахуст мавқеи фард ва ҳувияти ӯ дар ҷомеа маълум мешавад ва баъдан бар асоси ҳувияти мавҷудияти он фард ва кист, дарки вуҷуди ӯ шароит, максадхои дилхох барои у муайяи мекунад.
Ҷанбаи фарҳангии ҳувият.
Яке аз муҳимтарин ҷузъҳои фарҳангӣ дар таъйини ҳувияти мардум дар замони ҳозира дар чаҳорчӯби мафҳуми тарзи зиндагӣ қарор гирифта, шеваи ғизохӯрӣ, хонаводагӣ, арзишҳои эстетикӣ, вақти фароғат ва забонро дар бар мегирад.
Зеро ба назар мерасад, дахолати сатҳҳои ҳувият танҳо дар ҳамин минтақа ва дар ин ҷузъҳо сурат мегирад ва мардум бар пояи пойбандӣ ба ин ҷузъҳо дар сатҳҳои мухталиф ҳувияти худро муайян мекунанд.
Ҷанбаи иҷтимоии ҳувият.
Ҳар як шахс ҳувияти худро тавассути муҳити иҷтимоӣ, ки ба он тааллуқ дорад ё ба он ишора мекунад, эҷод ва инкишоф медиҳад.
Мавҷудияти як ҳуввияти ягона ва муштараке, ки дар таърих, забон ва фарҳанги ҷомеа реша дорад ва бо мурури замон ба таври табиӣ ташаккул ёфта, ҳолати сохта, ботил ва расмият надошта, як параметри хеле асосӣ ва муҳим дар ҳифзи ҳамбастагӣ хоҳад дошт.
Ва метавонад як омили воқеии муттаҳид кардани мардуми ҷомеа, ба вижа ҷавонон бар зидди ҳамлаҳои нармафзор ва сахтафзор аз берун бошад.
Ҳувияти иҷтимоии инсон аз панҷ ҷузъ иборат аст. Ба ибораи дигар, он дар асоси панҷ ҷузъи таъсирбахш ташаккул меёбад;
1- Омилҳои ҷуғрофӣ-иқлимӣ,
2- Омилҳои сиёсӣ ва таърихӣ,
3- омилҳои иқтисодӣ ва зиндагӣ,
4- Омилҳои фарҳангӣ (забон, адабиёт ва санъат, мероси асотирӣ, анъана ва расму ойинҳо, эътиқоду ойинҳо, расму оинҳо ва ёдгориҳо),
5- ва ҷузъҳои таълимӣ.
Ҷанбаи сиёсии ҳувият.
Мансубият ба як воҳиди сиёсӣ ҳамчун унсури миллӣ мансубият ба ҳукумат, низоми сиёсӣ ва арзишҳоеро тақозо мекунад, ки ҳукуматро дар ҳувияти миллӣ қонунӣ мегардонанд.
Ҳувияти миллӣ дар ҷанбаи сиёсӣ дар он сурат ташаккул меёбад, ки одамоне, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ узви як низоми сиёсӣ буда, дар ҳудуди марзҳои миллии ин ё он кишвар зиндагӣ мекунанд ва субъекти қонунҳои он кишвар мебошанд ва аз ҷиҳати равонӣ худро аъзои он низоми сиёсӣ мешуморанд.
Муҳимтарин ҷузъҳои ин ченакро метавон дар дониши сиёсӣ, ширкати сиёсӣ, таваҷҷуҳ ба миллат, эътимод ба низоми сиёсӣ, анҷом додани фаъолиятҳои сиёсӣ, садоқат ба ниҳодҳои сиёсӣ ва қабули қонуният ва самаранокии ҳукумат дидан мумкин аст.
Ин аҳамият тақозо мекунад, ки ҷавонон дар робита ба ҷанбаи сиёсӣ ва мансубияти ҳувияти миллӣ тақвият дода шаванд.
Ҷанбаи таърихии ҳувият.
Ҷанбаи таърихии ҳувияти миллӣ огоҳии муштараки мардуми як ҷомеа аз гузаштаи таърихӣ ва эҳсоси дилбастагӣ ба он ва ҳисси ҳувияти таърихӣ ва таърихшиносӣ аст, ки наслҳои гуногунро ба ҳам мепайвандад, ки наслро аз таърихи худ чудо шудан бозмедорад.
Ҳувияти тарихиро метавон огоҳӣ ва шинохти заминаҳои таърихӣ ва эҳсоси мансубият ва пайвастан ба он фаҳмид, ки се ченаки дониши таърихӣ, мансубият ба хотираи таърихӣ ва талоши таърихиро дар бар мегирад.
Маълум аст, ки пинҳон кардан ё ба таври дигар нишон додани гузаштаи таърих ба ташаккули дурусти ҳуввияти ҷавонони ин сарзамин асар хоҳад гузошт.
Ҷанбаи ҷуғрофии ҳувият.
Муҳити ҷуғрофӣ ин кристаллизатсияи ҷисмонӣ, объективӣ, моддӣ ва намоёни ҳувияти миллӣ мебошад.
Барои ташаккули ҳуввияти воҳиди миллӣ бояд сарҳад ва ҳудуди як сарзамини мушаххас муайян карда шавад.
Таърифи ҳувият дар ин ҷанбаҳо бархӯрди мусбати ҷавонон ба обу хок ба ин маъност, ки ҳамаи онҳо сокинони як кишвар ва сарзамини муайян ҳастанд ва дар низоми ҳукумати ин кишвар мавқеи хос доранд.
Мансубият ва дилбастаги ба замин чанд нишондод дорад, ки дар миёни онҳо метавон омода будан ба дифоъ аз замин дар замони хатар, майл надоштан ба муҳоҷират ва бартарӣ доштани зиндагӣ дар кишвари худро аз дигар гӯшаҳои дунё нишон дод.
Ҳувияти миллӣ.
Ҳувияти миллӣ ҷараёни вокуниши бошууронаи миллат ба суолҳои худ, гузашта, сифат, замон, мансубият, пайдоиши асосӣ ва доимӣ, доираи тамаддун, мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои муҳими ҳувияти таърихии он мебошад.
Ҳамчунин, ҳувияти миллиро метавон маҷмӯи нишонаҳо ва таъсироти моддию биологӣ, фарҳангӣ ва равонӣ донист, ки ҷомеаҳоро аз ҳамдигар тафовут мекунанд.
Ҳувияти миллӣ дар сурате ташаккул меёбад, ки одамоне, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ узви як воҳиди сиёсӣ буда, мутеъи қонунҳои он мебошанд ва худро аз ҷиҳати равонӣ узви ин воҳид ҳисоб мекунанд.
Ҳувияти миллӣ хусусияти зотӣ нест ва низоми муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад, ки шахс бо такя ба «нуқтаҳои умумӣ» дар муносибатҳои иҷтимоӣ бо дигар одамон ба он мерасад ва доираи он метавонад рамзҳои миллӣ, забон, таърихи миллат, хун ва робитаҳои нажодӣ, мусиқӣ, ғизо ва тарзи пухтупаз ва ғайра. Дар зери таъсири гуногуни иҷтимоӣ мардум бо қабули эътиқодҳо, арзишҳо, тахминҳо ва интизориҳо, ки бо ҳувияти миллии фард мувофиқат мекунанд, ҳувияти миллиро ба ҳувияти шахсии худ дохил кардаанд. Мардум бо шинохти миллати худ эътиқод ва арзишҳои миллиро аз нигоҳи шахсӣ маънидод карда, ин эътиқод ва арзишҳоро дар кори ҳаррӯзаи худ тарҷума мекунанд. Ҳувияти миллӣ дорои ҷанбаҳои иҷтимоӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, ҷуғрофӣ ва динӣ буда, ҳар яке аз ин ҷиҳатҳо дар ҳувияти миллӣ вазифаҳои вижае доранд ва як бахше аз онро пурра мекунанд. “Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомиятарзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз мафҳум ва моҳияти ваҳдат сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ, осоиштагӣ, сарчаъмии ҷомеа ва халқ бар меояд. Ва он раванде мебошад, ки ормонҳои миллӣро амалан татбиқ намуда, аз ҳар фард матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллиро талаб менамояд. Ваҳдати миллӣ замоне шакл мегиранд, ки дар ҳар як фарди ҷомеа ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ӯ дар ҳифзи унсурҳои фарҳанги миллӣ, якпорчагии Ватан, ҳифзи марзу буми он, умуман ҳамагуна муқаддасоти миллӣ масъул будани худро дарк намоянд.
Ваҳдати миллӣ баёнгари он аст, ки тамоми қавмҳои як сарзамин бо ҳам тинҷ зиндагӣ карда, тафовутҳои этникӣ, нажодӣ, забонӣ ва динии ҳамдигарро пазируфта, ба тафовути шаҳрвандӣ бо ҳамдигар эҳтиром қоиланд. Зарурати ваҳдат ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна тафриқа ба он маъност, ки ҳеҷ фурсате ба душман додани майдон нест, бинобар паҳн кардани ихтилофот, ҳамла ба андеша ва эътиқодоти мардум. Табиист, ки бар асоси ин гуфтаҳо нақши олимон, нухбагон ва ҷомеаи академикӣ нисбат бар дигарон барҷастатар аст. Ваҳдат, амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳамбастагӣ ин як формула ва роҳи стратегие мебошад, ки рафторро барои тамоми табақаҳо, нухбагон ва шахсиятҳо муайян мекунад.
Қуръони карим ба масъалаи «ваҳдат» аз нигоҳи иҷтимоӣ нигариста ба ваҳдати ҷаҳониён, динҳо, мусулмонон ва ниҳоди хонавода таъкид кардааст ва барои эҷод ва нигоҳ доштани чунин ваҳдат фиристодани паёмбаронро дар баробари қонунҳо зарур донистааст. Қуръон Карим дар бораи ваҳдат ҳамчун «неъмати бузург» сухан ронда, аз инсонҳо талаб мекунад, ки талхӣ ва хатари замони ҷудоиро фаромӯш накунанд ва ба ёд оранд, ки Худованд чӣ гуна улфат ва муҳаббатро миёни онҳо муқаррар кардааст. « Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, шояд ҳидоят ёбед» ( Оли Ӯмрон 103). Ҳазрати Алӣ дар як суханронии тӯлонӣ ба сарнавишти миллатҳои пешин ишора карда мегуяд, ки дар замоне, ки муттаҳид буданд, чӣ гуна шаъну шараф ва фармонравоии ҷаҳонро доштанд. Аммо вақте пароканда шуданд, онҳоро аз ҳар ҷониб хору зор сохтанд. Ҳазрати Алӣ ваҳдатро омили пирӯзӣ медонад ва мефармояд: Ҳангоме ки мардум ҳаққи пешворо адо кунанд ва ҳоким ҳаққи мардумро пардохт кунад, ҳақ аст. ки дар он чомеъа муътабар ва роҳҳои адолат барпо гардад ва нишонахои инсоф пойдор шавад, мардум ба идомаи ҳукумат умед мебанданд ва душман аз орзуҳояш ноумед мешавад. Ваҳдату инсиҷоми миллӣ яке аз равандҳое аст, ки ҳамеша дар истеҳком ва пойдории бақои давлат нақши муассир дошта, дарҳеҷ давру замон арзиши хешро гум нахоҳад кард. Ваҳдати миллӣ имрӯз барои мо бештар аз гузашта заруртар аст ва дар ба даст овардани озодӣ ва истиқлолияти мо нақши муассир ва ҳаётбахш дорад, бо вуҷуде, ки таърихи гузашта миллати мо ҳамчунин бузургӣ ва соҳибихтиёриро дошт.
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.
Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Андарин дунё ҳаёт аз ваҳдат аст,
Созу барги коинот аз ваҳдат аст.
Хулосаи мақоларо дар ҷумлаҳои зерин метавон хотима бахшид.
Моҳияти таҷлили он дар он аст, ки дар ин ҷашни бузург, конфронсу симпозиумҳо, барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва чорабиниҳои дигари илмиву фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки тавассути онҳо мардум, алалхусус наслҳои ҷавону наврас аз таърих ва саргузашт, дастовардҳо ва бурду бохти мардуми шарифи кишварамон дар замони Истиқлол огоҳ шуда, зарурияти ҳифзи иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро амиқ дарк карда, ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.
Наботов Маҳмади Асомудинович - ходими
калони илмии Шуъбаи таърихи давлат
ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқӣ ба номи академик А.М.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Адабиётҳои истифодашуда
- Қурони Карим. ш Душанбе, ҶДММ- ЭР-граф, Р Набиев 2018, – 604 с.
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар”. – Душанбе, Кохи Ваҳдат” 9 марти соли 2024, КВД КТН “Шарқи озод” ДИҶТ.
- Тоҷикон дар масири таърих: истиклолият, дастовард ва дурнамо. Душанбе: Дониш 2021. - 728 c.
- Қонуни Миллӣ – Арзиши Миллӣ. – Душанбе: Балоғат, 2024. -200 c.