casino malaysia
casino malaysia
Парчам – ифтихори давлату миллат

wrapper

Аз замонҳои қадим рамзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақши муҳим мебозиданд. Рамз аломатест, ки барои гурӯҳи муайяни одамон, ки мақсадҳои умумӣ доранд, аҳамият дорад.
Ҳар як давлат рамзҳо ва нишонаҳои махсуси миллии худро соҳиб аст, ки соҳибихтиёрии давлату халқи онро муаррифӣ мекунанд. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба ҷо оварда мешавад.
Тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳо ба шумор рафта, дорои таърих ва арзишҳои нодири давлатдорӣ мебошанд. Соли 1924 ташкил шудани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Ўзбекистон, соли 1929 ташкил ёфтани Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва билохира соли 1991 ташкил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр барои халқи тоҷик музаффариятҳои бузург арзёбӣ мегардад.
Мутобиқи моддаи 3 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру мустақил рамзҳои давлатии худро дорад, ки ба онҳо Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дохил мешаванд.
Рамз истилоҳи арабӣ буда, маънояш аломату нишона мебошад. Рамзи давлатӣ – ифодаи мафкураи асосии давлат мебошад.
Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар як сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба парчам ба танзим медароранд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 ва Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11 декабри соли 1999 мебошанд. Тибқи моддаи 1 Қонуни «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Он ифодагари давлатдории гузашта ва ҳозираи миллати тоҷик мебошад.
Парчам рамзи миллат, таҷассумгари мақсадҳои олӣ мебошад, ки шаҳрвандонро ба азму талош барои ҳаёти арзанда ва сўи ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад.
Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ низоми аломатҳои муайян мебошад, ки дар он мафкураи асосии ҷомеаву давлат инъикос меёбад. Мувофиқи қисми 2 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Парчам матои росткунҷаест, ки дар рўи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: ранги боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо ранги сабзи поён баробар мебошад; ранги сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рўи рахи сафед, аз ҷои чўбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлўи амудиаш 0,8 ва паҳлўи уфуқиаш 1,0- и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгўша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5- и паҳнои рахи сафед ҷой мегирад. Тоҷи баландиаш 0,55 и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 - и барии рахи сафед моил мегардад».
Рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун рамзи инкишофи таърихии давлати тоҷикон аст.
Ранги сурх – мубориза барои истиқлолиятро ифода мекунад. Ин ранг бо ҳаракату пешравӣ алоқаманд аст. Ҳамчунин, ранги сурх ифодагари қувва, матонат, гармӣ, ҷасурӣ, диловарӣ ва мақсадҳои нек мебошад.
Ранги сафед – тозагӣ, ростӣ, бегуноҳӣ, хайрхоҳӣ, бахту иқбол, озодӣ, сулҳ, беѓаразӣ, бузургиро ифода мекунад.
Ранги сабз – рамзи сарбаландӣ, хушнудӣ, хуррамӣ, сарсабзӣ, беѓамӣ мебошад.
Имрўз Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, парчами он дар муносибатҳои байналмилалӣ дастовардҳои ҷумҳурӣ, рушду нумўи кишвар ва умуман, симои давлатро нишон медиҳад.
Истифодаи Парчами давлатӣ ҳамчун ифодагари манфиати Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ шукуҳу шаҳомати хоса пайдо мекунад.
Аз рўи принсипи парчам дар институти амали қонун дар макон муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар макони киштии ҳавоӣ ё обии зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракаткунанда ҷой доранд, новобаста аз макони қарордоштаи киштӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд, яъне дар ин фазо юрисдиксияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
Қонун Парчами давлатӣ ва дигар рамзҳои давлатиро ҳамчун арзишҳои муқаддас ҳисобида, баҳри ҳифзи онҳо тадбирҳои лозимаро муайян намудааст. Аз ҷумла, эҳтиром намудани Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ яке аз вазифаҳои асосии шаҳрвандон ба ҳисоб рафта, муносибати беэҳтиромона нисбати онҳо ҷавобгариро ба миён меорад.
Оид ба муносибат бо Парчам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ як қатор меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар гардидаанд. Яке аз онҳо эҳтироми мутақобилаи парчамҳои давлатӣ мебошад. Мувофиқи он сўиқасд бар парчами давлати дигар ҳамчун нишонаи беэҳтиромӣ ва хусумат ба он давлат арзёбӣ мегардад. Баръакс, эҳтиром ва муносибати самимона нисбат ба парчами давлатии мамлакати дигар меъёри умумиқабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқир намудани рамзҳои давлатӣ ҷиноят ба шумор рафта, ашхоси содиркунандаи ин кирдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Инак, тибқи моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, - бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
Рангҳои Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботҳои ба парчам пешниҳодшаванда ҷавобгў буда, дар он ягон аломати фарқияти синфӣ, ҳизбӣ, сохтори ҷамъиятию давлатӣ ва миллӣ дида намешавад. Дар он танҳо нишонаҳои меросии таърихии халқи тоҷик инъикос ёфтааст. Аз ин рў, Парчами давлати Тоҷикистон бо арзишҳои маънавии халқи тоҷик алоқамандии ногусастанӣ дорад. Рангҳои Парчами Тоҷикистон ифодагари роҳи таърихӣ, баёнгари арзишҳои фарҳангӣ, ифтихори ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, қатъи назар аз миллаташон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ дар бораи Парчам қайд намудаанд: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Ҷашни Парчами давлатӣ дар қатори дигар ҷашнҳо ҳар сол рўзи 24 ноябр дар Тоҷикистон истиқбол гирифта мешавад. Сабаби дар ин рўз ҷашн гирифтани иди Парчам ин аст, ки аввалин бор Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 аз тарафи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда буд. Ташаббускори ҳамчун иди давлатӣ қайд кардани Рўзи Парчам худи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд.
Ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон дар баландии 165 метр, бо бар ва дарозии 30×60 метр дар шаҳри Душанбе афрохта шудааст.
Имрўз маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро нисбати Парчам баланд бардоштан зарур аст. Моро лозим аст, ки Парчам ва рамзҳои давлатро ҳамчун муқаддасот эҳтиром намоем, зеро Парчам яке аз нишонаҳои ватандўстию ватандорӣ, ифтихори давлати миллии тоҷикон буда, моро ба ягонагӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи комёбиҳои бадастомада ҳидоят менамояд.
 
 
Ҷабборов Ф.Н.ходими калони илмии
шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А. Баҳоваддинови Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia