Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеъи Тоҷикистони соҳибистиқлол
- Ҷумъа, Сен 27 2024
- Андешаи муҳаққиқон
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузурге мебошад, ки пас аз 74 соли таъсиси давлатии шуравии тоҷик – дар аввал дар шакли ҷумҳурии худмухтори шуравии сотсиалистӣ, минбаъд ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати Иттиҳоди ҷамоҳири шуравии сотсиалистӣ ва пас аз пош хурдани давлати шуравӣ эълон гардид.
Албатта, ин дастоварди бузург на танҳо барои ҳар як тоҷикистонӣ, балки ҳар як тоҷики ҷаҳон мояи ихтихор аст, чунки миллати куҳанбунёди тоҷик бо фарҳанги ѓанӣ, таҳамулгароӣ, инсондустӣ ва майл ба ҳаёти орому созанда дар тўли таърихи дурударози худ дар қатори ҳазар аз бегонагон, ки бемайлон чашм ба ҳудуди ободу боигариҳояш, дороии моддиву маънавиаш баста буданд, ҳамеша кушиш менамуд, то истиқлолияти давлатии худро нигоҳ дорад, ҳангоми аз даст додани он кушиш дошт, дубора соҳибистиқлол шавад.
Дар баробари кушишҳои созанда доштанашон тоҷикон дар ҳар ҳудуд ва кишваре истиқомат мекарданд, дар самти давлатдорӣ ва падидаҳои ҳуқуқӣ падидаҳое эҷод мекарданд, ки садҳо ва ҳазорсолаҳо на танҳо ба давлати алоҳида ва кишвари тоҷикон, балки барои дигарон низ хизмат намуда, барои танзими соддаву ороми кишвар, назорату идора намудани ҷомеа истифода мегардид. Намунаҳои онро мо дар таърихи миллати худ ва дигар кишварҳо аз падидаҳои китоби дини зардуштӣ «Авесто», «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Сиёсатнома»-и Низомалмулк ва даҳҳо дигарон мебинем. Таҷрибаи давлатдории Пешдодию Каёниён, минбаъд Ҳахоманишиву Сосониён, махсусан давлатдории Сомониён намунаи барҷастаи ин гуна кўшишҳои тоҷикон мебошанд, ки то имрўз барои фарҳанги давлатдорӣ ва дурнамои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ хидмат хоҳанд намуд.
Дар қатори садҳо фарзонафарзандони миллати тоҷик имрўз дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бояд қайд намуд, ки мавқеи хоси худро дар саҳифаи таърихи тоҷикон наққошӣ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассостарини таърихи сиёсии тоҷикон – солҳои аввалини эълони Истиқлолияти кишвар ба қудрат расида, давоми бештар аз 33 сол вазифаи пурмасъулияти роҳбари давлати тоҷикон – Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма доранд. Дар давоми солҳои Истиқлолият ва бо кушишҳои мунтазами Пешвои миллат ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар қатъ гардид. Сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳодисаи нодири таърихӣ мебошад, ки агар Пешвои миллат корномаи дигаре надошта бошад ҳам, бо ин таҷрибаи сулҳоварӣ дар таърихи тоҷикон сабт мешуд.
Минбаъд, нақши Пешвои миллат дар ташаккули конститутсионӣ-ҳуқуқии кишвар хеле назаррас буда, давоми солҳои 1994 -2024 се маротиба бо ташаббуси дигаргуниҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву илмии кишвар бо роҳи раъпурсии умумихалқӣ, қонунгузории конститутсиониро бо ҳаёт, воқеъият ва амалияти муосири давлатдорӣ мутобиқ намуданд.
Пешвои миллат дар устувор нигоҳ доштани мавқеи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ саҳми беандоза бузург доранд. Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масъалаи об – яке аз мубрамтарин масоили доѓи муосири ҷаҳонӣ ҷавобгуи замона буда, аксарияти кулли давлатҳои ҷаҳон онро эътироф намуданд. Бо ин ташаббусҳояшон Пешвои миллат исбот намуданд, ки шахсияти ѓамхору башардўст ҳастанд, чунки аксарияти ташаббусҳои Пешвои миллат барои ваҳдату ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон равона шуда, таъмин намудани аҳолии дунёро бо об вазифаи асосии инсоният ва кулли кишварҳо мешуморанд. Чӣ тавре маълум аст, Тоҷикистон захираҳои ѓании об дорад ва эҳтиёҷ ба дигар кишварҳо дар ин масъала надорад.
Ѓамхории доими Пешвои миллат нисбат ба кулли инсоният, кулли мардуми ҷаҳон як самти фаъолияти рузмарраи Пешвои миллат гаштааст. Бояд қайд намуд, ин ѓамхориҳоро мардуми кишварҳои ҳамсоя эҳсос ва қадр мекунанд. Бо кушишҳои Пешвои миллат муносибати ҳасанаи боваринок байни давлати Тоҷикистону Узбекистон оѓоз ва ташаккул ёфт. Ин муносибатҳо гардиши молу ашё, муносибати байни хешовандон дар ду тарафи сарҳад, таҳсилу табобат, инчунин муносибатҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя густариш дод.
Дар муайян кардани ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷик низ нақши Пешвои миллат бузург буда, дар амали гаштани онҳо ҷомеа доимо аз дастгирии Пешвои миллат бархурдор мебошад. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боварии мардуми оддӣ ва соҳибкорону тоҷирони кишварро бо Ҳукумати феълӣ ба миён оварда ҳазорон соҳибкорон дар ҳалли масоили рўзмарраи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сохтмони роҳу пулҳо, мактабу биноҳои иҷтимоӣ, табобатхонаву корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ кумаки молиявӣ ва техникӣ мерасонанд.
Самтҳои фаъолияти Пешвои миллат кулли самту соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта, дар ҳар як самти он дастовардҳо бо дастгирӣ ва нишондодҳои Пешвои миллат суръат мегирад. Аз ин сабаб, хизматҳои Пешвои миллатро дар рушди давлатдорӣ ва ҳуқуқи кишвар қайд намуда, дар арафаи рўзи мубораки мавлудашон табрику таҳният менамоем ва барои онҳо саломатии бардавом, умри дарозу бобаракат, осмони софу беѓубор ва дар рушди Тоҷикистони азиз, пешравиюу комёбиҳои беназирро таманно дорем.
Буризода Эмомалӣ Бозор – д.и.ҳ., профессор, Мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ-и АМИТ;
Одиназода Рамазон Сафар – д.и.ҳ., профессор, Директори маркази барномаҳо байналмилалии «Дурахшандагон»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Матлабҳои дигар аз Институт
- Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари тамаддуни ориён
- Арзише ки бисёр азиз аст
- УМРИ ПУРФАЙЗИ ОЛИМ
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзуи “Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон” (бахшида ба 100-солагии профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна) баргузор гардид
- Саҳми Пешвои миллат,мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон