casino malaysia
casino malaysia
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ

wrapper

 Дар таърихи навини Тоҷикистон се рӯйдоди муҳим дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ба саодати комил расидани миллат нақши муҳим бозидааст: ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, баргузории иҷлосияи   таърихии XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо гузашти солҳо аҳаммияти таърихии худро вусъат бахшида, истиқбол аз онҳо шукуҳу шаҳомати хосаро касб кардааст. Арзишмандии ин санаҳои муҳимми таърихӣ дар он аст, ки рӯз аз рӯз заминаҳои ҳуқуқии ҳифзу нигаҳдории худро устувор гардонида, таҷлили ботантанаи онҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадаааст. Ва имрӯз ҳамчун ҷашнҳои давлатӣ бо ба инобат гирифтани тамоми рукнҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба анъанаву расму оини ниёкон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва эҳёи суннатҳои гузашта таҷлил карда мешавад.
Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки асри ХХ дар воқеъ барои миллати мо асри имтиҳон, асри сарнавишт, асри созанда, асри шинохти худ, асри такомул ... будааст. «Шиквае аз ту надорам, асри ман...» - гуфтаи устод Мирзо Турсунзода низ тақвиятгари ин гуфтаҳои болост.
Агар халқи тоҷик бо вуҷуди ноадолатиҳои замон дар чоряки аввали асри ХХ соҳиби давлати ниммустақиле, бо номи Тоҷикистон шуда бошад, пас дар поёни ин аср дар заминаи он соҳиби давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шуд. Расидан ба ин неъмати бебаҳо, орзуи деринаи халқи тоҷик буда, он натиҷаи талошҳои хирадмандонаи фарзандони фарзонааш дар тули таърих мебошад.
Барои тоҷикон пас аз солҳои тулонӣ, 9 сентябри соли 1991 дубора муяссар гардид, ки ба ҷаҳониён аз оғози марҳилаи сарнавиштсозу таърихии худ, яъне эълон шудани соҳибистиқлолии давлати воқеӣ башорат диҳанд.
Санаи 9-уми сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷат таърихӣ қонунан ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён эълон намуд.
Дар моддаи аввали ин эъломия чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати мустақили демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад». Вақте ки давлати абарқудрати Шуравӣ аз байн рафт, дар ҷумҳурӣ вазъияти сиёсӣ муташанниҷ гашт. 9-уми сентябри соли 1991 аввалин маротиба Рӯзи истиқлолият қайд карда шуд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.
Ҳарчанд халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои дунёст, ҳарчанд аз ҷумлаи миллатҳоест, ки таърихи тамаддуни башариро бунёд гузоштаанд, ҳарчанд фарзандони бодонишу бофарҳангаш мисли нигини тобоне тоҷи давлату давлатдориҳои аҷнабиро шукӯҳ мебахшиданд, вале худ баъд аз фурӯпошии сулолаи бузурги Сомониён дар тули ҳазор соли охир аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд. Ҳарчанд зимоми давлату давлатдорӣ дар дасти ӯ набуд, аммо натавонистанд хиради азалии ӯро аз байн бибаранд. Забони тавонову шевои тоҷикӣ-форсӣ забони шеъру илм, ахлоқу фалсафаи онҳо буд.
Аз ин рӯ, санаи 9-уми сентябри соли 1991 барои мо натанҳо ҳамчун Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқарории адолати таърихӣ аст, ки имсол 33-юмин солгарди он ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Истиқлол ин ҷамъбасти талошу муборизаҳо ва худфарсоиву ҷоннисориҳои абармардони миллат аст, ки барои озодию худмухтории халқи тоҷик ва давлати миллӣ аз худ нишон додаанд ва дар саҳнаи ин муборизаҳои беамон ҷон супоридаанд. Аз ин рӯ, ҷашни Истиқлол ҷашни омӯзиши таърих ва шиносоӣ бо гузаштаи ниёгони бузург аст. Вагарна чӣ тавр метавонем арзишу асолати истиқлолиятро дарк намоем!
Мутаассифона, қувваҳои аҳриманӣ дар ҳар марҳилаҳои таърихӣ барои рушду нумуи давлату давлатдории тоҷикон монеаҳо эҷод мекарданд. Ба ҳамин монанд, баъди расидан ба истиқлолият, бо таъсири чунин қувваҳои бадкеш, ки аз дохилу хориҷ роҳнамоию дастгирӣ медиданд, халқи тоҷик мубталои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ  гардид.
Таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ барои танзиму ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ, шакл бахшидан ба раванди давлатдорӣ, таҳкими иттиҳоду сарҷамъӣ ва дигар арзишҳои инсонӣ нақши шахсиятҳои алоҳида хело бориз аст. Дар даврони давлатсозии навин масъулияти азиму рисолати таърихиро барои тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтанд.
Хушбахтона бо сари қудрат омадани фарзанди хирадгустари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ раванди давлатсозӣ маҷрои дигар ба худ гирифт. Қайд намудан зарур аст, ки замоне Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарии Тоҷикистонро ба даст гирифта буд, ки аллакай ҷанги шаҳрвандӣ чун оташи сӯзон аланга мезаду хушку тар якҷо хокистар мешуд. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва бо фикри сохтани ВАТАН сайъу кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд. Барои ба ҳам овардани миллате, ки аллакай ба сангарҳо ҷудо шудаю дар симои хеш душмани худро медид, роҳи созиш, роҳи муколамаро пеш гирифтанд. Дар ин ҷода муваффақ ҳам шуданд. Баъди гуфтушунидҳои зиёд байни намояндагони ҳукумати расмӣ ва мухолифин оқибат дар санаи 27 июни соли 1997 миёни онҳо ҳуҷҷати барои тоҷикон ва тоҷикистониён муҳимтарин «Созишномаи умумӣ д ба барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»  имзо гардид. Дар қатори ин ҳуҷҷат боз «Изҳороти Москва», «Протоколи ҳамдигарфаҳамӣ» ва ғайраҳо имзо шуданд, ки дар тақвияти ваҳдати миллӣ  ҳиссаи муайяне гузоштанд.
Борҳо собит шудааст, ки дар пайраҳаи таърих фарзандони худшиноси ин миллат барои расидан ба чунин ормонҳои бузург ва ҳифзи арзишҳои эҷоднамудаи хеш талош намуда, бо душманони ғаддори дохилию хориҷӣ ҷисману зеҳнан дар муқовимат буданд. Мутаассифона,  ин падида низ то ҳанӯз идома дорад. Душманони миллати мо, ки аслан зода ва парвардаи ҳамин сарзамину диёр ҳастанд, аз дур ба суйи миллати хеш санги маломат мезананд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳои сангини ибтидои соҳибистиқлолиро бо такя ба азму иродаи миллати азизи худ, тадбирҳои оқилонаву саривақтӣ ва таҳаммулпазирӣ ислоҳ карда, бо мақсади солим гардондани вазъи ҷомеа ва ба ҷараёни созанда табдил ёфтани зиндагии аҳли мамлакат чорабиниҳои амиқу васеъро дар амал татбиқ намуданд, ки ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ ва соҳаи саноату маорифу тандурустӣ, дар маҷмуъ, тамоми бахшҳои иҷтимоиро фаро гирифтанд.
Мояи ифтихор аст, ки дар радифи чанд тан сиёсатмадори маъруфи ҷаҳони муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси чеҳраи баргузидаи сиёсӣ ва давлатмарди сатҳи ҷаҳонӣ мақоми шоистаеро соҳиб гардидаанд. Оини сиёсатмадорӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар ақсои дунё аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва роҳбарони мамолики бузурги ҷаҳон истиқболи гарм пайдо намуд. Яке аз омили аслӣ ва меҳварии чунин маъруфият ва маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дар саросари Шарқу Ғарб дар доштани фарҳанги таҳаммулпазирӣ, иродаи матин доштан, эҳтиром гузоштан ба арзиши инсонӣ, ҳалли саривақтии мушкилоти сайёра (масъалаи таъмини мардуми ҷаҳон бо оби тоза)   ва иҷрои содиқонаю ҷонфидоёнаи рисолати бузург, ки  бар дӯшашон гузошта шудааст.
Имрӯз дар раванди шадиди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои фарҳангҳо рисолати Ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар аён мегардад. Ҳар лаҳзаю ҳар соат ва тули солҳои пирӯзӣ моро ҳушёру ҳушдор медиҳад, ки дар сар андешаю ниятҳои дигаре эҷод насозем, ба ҷузъ талош баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва таҳкими истиқлолу созандагӣ. Ваҳдати миллӣ мисоли равшани ин андеша аст. Пас аз пирӯзии фарҳанги сулҳи тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ – ин таҷриба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шуд. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли масоили минтақа ва ҷаҳон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, сол то сол ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд. Ва натиҷаи ҳама он заҳмату талошҳои пайваста он аст, ки имрӯз маркази Тоҷикистон шаҳри Душанбе макони баргузории симпозиуму конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Бо дарназардошти се омил дар давлатдории тоҷикон, аз ҷумла омили таърихӣ (муддати беш аз ҳазор сол мавҷуд набудани давлатдории миллӣ), сиёсӣ (сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ягона буд) ва ҷуғрофӣ (93 % ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳ дар бар мегирад) метавон гуфт, ки Тоҷикистон ба як марҳилаи баланди рушд расидааст. Афсӯс, ки имрӯз низ нафароне дар дохилу хориҷ ҳастанд, ки ношукрӣ аз давлат ва хоку оби Ватан мекунанд. Ин афрод вазъи кунунии Тоҷикистонро ба давлатҳои тараққикарда ҳама вақт қиёс намуда, хулосаҳои нодуруст бароварда, тухми навмедиро мехоҳанд дар замири мардум бикоранд. Аввалан барои чунин каҷфикрон бояд гуфт, ки чунин муқоисакунӣ камоли бехирадист ва сониян дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро наметавон, бо ҳар роҳ фиреб карда, ба вартаи ҷаҳолату ҳалокат бурд. Зеро халқи тоҷик таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилиро чашид, оқибатҳои онро бо чашми сар бидид, ранҷу азоби гӯшнагӣ, бехонагиву гурезагиро дарк кард ва ин бардоштҳои таърихӣ ӯро дарси бузурге шуда, ки ҳаргиз фаромӯш намекунад.
 Имрӯз моро мебояд дар атрофи сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаю оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, барои ободӣ ва рафъи камбудиҳои мавҷуда меҳнат кунему Ватанро обод намоем. Истиқлоли давлатиро, ки ӯро неъмати бебаҳо, рамзи асолату ҳуввият, шарти бақои миллат ва пояи устувори давлат меноманд, ҳифзу қадршиносӣ намоем.
 
Назарзода Давлатхон, ходими калони
илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia