casino malaysia
casino malaysia
Аслҳои давлати ҳуқуқбунёд дар афкори Мискавайҳ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

wrapper

Имрӣз мо  дар арафаи ҷашни бузурги Истиқлолияти кишвар қарор дорем. Ин ҷашни бузурги миллӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дари умеду орзуҳоро кушода, моро барои ояндаи шоиста ва рушду тараққиёти минбаъда раҳнамун кард. Имрӣз оид ба бурду бохти кишвар дар давоми 33 сол андешаҳои зиёде дар воситаҳои ахбори умум, дар маърузаҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон садо медиҳад. Махсусан ҳамасола ба кор оғоз кардани даҳҳо иншооти соҳаи маориф, матлубот, саноатӣ, ба истифода додани роҳҳо бахшида ба ин санаи муҳим ба ҳукми анъана даромада, ба ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Аз ҷониби дигар, фазои геополитикӣ ва сиёсиву иқтисодии ҷаҳон бениҳоят нигаронкунанда ва Тоҷикистон низ вориди ин ҷараёнҳо мебошад. Аз ин сабаб, кишвари мо бо сарварии Пешвои миллат сиёсати нозуку хирадмандонаеро пеш гирифтааст, ки тибқи он Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои сулҳхоҳу сулҳҷу, муносибатҳои баробару ҳасана дошта, рушд додани муносибатҳои иқтисодиву фарҳангиро заминаи устувору боэътимоди муносибатҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мешуморад. Дар баробари ин Тоҷикистон тибқи Конститутсияи амалкунанда давлати ҳуқуқбунёду демократӣ эътироф шудааст. Ҳангоме, ки сухан оид ба амали гардидани назарияи мустақили ҳуқуқӣ меравад, бояд кулли замина ва унсурҳои онро ба таври маҷмӣӣ бояд истифода намуд, чунки дар акси ҳол назарияи ба таври ноқис амалигардида метавонад мақсад ва ҳадафи ҷамъиятро қонеъ нагардонад, ки ин ба нобоварӣ ба назарияи мазкур, илм ва амалияро ба вуҷуд меоварад. Назарияи давлати ҳуқукбунёд як таълимоти назарияи давлат ва ҳуқуқ буда, он дар тӣли асрҳои зиёд мавриди таҳқиқу рушд буда, имрӣз дар аксар давлатҳои сохти идории ҷумҳуридошта мавриди татбиқ ва истифода мебошад. Таҳлили таҷрибаи давлатҳои худро демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълондошта моро ба хулосае овардааст, ки амалияи ягонаи давлати ҳуқуқбунёд вуҷуд надорад, чунки агар яке таҷзияи ҳокимиятро асли муҳимтарин он шуморад, дигаре волоияти қонунро чунин асл мешуморад. Таҷзияи ҳокимият ба се шоха - ин назарияи классикӣ эътироф шавад ҳам, имрӣз давлатҳо аз се то ҳафт шохаи ҳокимиятро дар давлатҳои ҳуқуқбунёд таъсис додаанд.

Бешубҳа, махсусияти ҳар кишвар дар таъсис ва амали дигар унсурҳои давлати ҳуқуқбунёд вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, рӣ овардан ба андешаи асосгузорони ин назария барои дарки амиқи масоили давлати ҳуқуқбунёд аз манфиат орӣ нест. Вале дар ин мақола ман мехостам ба масъалаи андеша ва таълимоти мутафаккирони тоҷик дар ин масъала суҳбат намоям. Оё назарияи мазкур  ва унсурҳои алоҳидаи он аз ҷониби мутафаккирони тоҷик низ дар давраҳои таърихи қадиму асрҳои миёна ва нав мавриди таҳқиқ будааст. Оё мо таълимоте ба он наздик ва ё мувофиқ доштем ва ё хайр?

Мутаассифона, афкори сиёсиву ҳуқуқии тоҷикон муддати зиёде аз ҷониби ҳуқуқшиносон мавриди омузиши ҷиддӣ набуда, танҳо даҳсолаҳои охир ба он диққат дода шудааст. То даҳсолаҳои охир махсусан ҳангоми омузиши фан як бепарвоии хоси устодони мо зоҳир шуда, ҳатто кушиши ошкор намудани таълимоти мутафаккирони тоҷик ба назар намерасид. Танҳо аз ҷониби баъзе муҳаққиқони тоҷик масалан профессор Шарофзода Рустам оид ба афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии асримиёнагии тоҷикон таҳқиқоти ҷиддии ҳуқуқӣ амали шуда, қисмате аз мавзуҳо аз ҷониби Зоир Ҷурахон Маҷидзода, банда, Абдураҳим Холиқзода, Абдулхонов Файзали Маҳмудович ва дигар муаррихони ҳуқуқ баррасӣ  шуда буду халос.

Албатта, як қатор андешаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сиёсиву ахлоқӣ ва ҳуқуқии  мутафаккирони тоҷик аз ҷониби файласуфу, сиёсатшиносон, забоншиносу муаррихони тоҷик низ мавриди омузиш қарор гирифтаанд. Вале аксарияти намояндагони илмҳои дигар, ба андешаҳои давлатдориву ҳуқуқии ин мутафаккирон диққати ҷиддӣ надодаанд.

Минбаъд аз ҷониби як қатор муҳаққиқони ҷавон, аз ҷумла  Кенҷаев Шуҳрат, Фируз Шоев, Қодирзода Саидмуссо, Давлатов Маъруф ва дигарон мавзуи баҳси ин илм ба риштаи таҳқиқот кашида шуда, осори ҷиддии илмӣ имрӣз ба даст омадааст, ки дар такя ба онҳо мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки мутафаккирони тоҷик соҳиби таълимотҳои барҷастаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буданд. 

Хушбахтона  на танҳо унсурҳои алоҳидаи назарияи мазкур, балки як таълимоти том оид ба давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби мутафаккири тоҷик – Мискавайҳ (солҳои ҳаёт 930/36-1030) пешниҳод гардидааст.

Ба андешаи Мискавайҳ, муҳимтарин омили тағйирдиҳандаи ҷомеа иродаи инсон мебошад. Мискавайҳ омилҳои дигар аз ҷумла, омили иқтисодӣ ва омили диниро таҳлил намуда, ба хулосае омадааст, ки инсон ва танҳо инсон заминаи тағйироту рушди ҷомеа шуда метавонад. Иродаи инсон дар фаъолияти давлат ва роҳбари он таҷассум меёбад. Давлат ва роҳбари он на танҳо иродаи инсонро инъикос мекунанд, балки иродаи умумии аҳли ҷомеаро таҷассум ва татбиқ низ менамоянд.  Яъне қонуну барномаҳои давлатӣ ин талаботи ҳаррӣзаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки бояд амалӣ намоем. 

Тибқи андешаҳои ҳуқуқии Мискавайҳ – яке аз аслҳои ҷавҳарии ҳокимияти давлатӣ -вобастагии ҳокимият аз қонун мебошад. Мискавайҳ ҳокимиятро тибқи ченаки қонунӣ будани ё эътирофи ҳокимият   (машруияти ҳокимият) ба ду намуд тақсим менамояд. Ченаки асосии тақсимот ба қонун мувофиқ будани ҳокимият аст. Тибқи ин ченак ӣ ду намуди ҳокимиятро аз ҳам фарқ мекунад – ҳокимияти қонунӣ - машрӣъ (шаръӣ) ва ҳокимияти ғайриқонунӣ – номашрӣъ (ғайришаръӣ). Намудҳои номбаршударо ба таври дигар низ ном мебарад, масалан ҳокимияти қонуниро - ҳукумати машрӣъ - “ҳукумати мулукия” ва ҳокимияти ғайриқонуниро - ҳукумати номашрӣъ - “ҳукумати ғалаба” меномад.

Нақши меҳварӣ ва калидии мардумро бошад, Мискавайҳ  дар қабул кардани ҳокимияти қонунӣ мебинад.

Дигар асли бикре, ки мутафаккир дар масоили давлатдорӣ пешниҳод намудааст, ин падидаи назорати ҷамъият аз болои мақомоти давлатӣ мебошад. Мискавайҳ ин падидаро – падидаи назорати ҳокимият аз ҷониби халқро аллакай дар асри X пешниҳод кардааст. Ба андешаи ӣ, барои анҷоми вазифаҳои шаҳрвандии худ, мардум бояд аз ҳаққи назорати доимӣ бар фаъолияти ҳокимият ва мансабдорони он бархӣрдор бошанд. Назорати ҷамъиятиро аз болои мақомоти давлатӣ ва амалдорони давлатӣ талаб мекунад. Агар ҳокимият тибқи қонун амал накунад, вазифаҳои худро амалӣ карда  натавонад ва ё суиистифода аз ваколатҳои худ карда берун аз дастуроти ҳуқуқ аз ҳокимияти давлатӣ истифода намояд, вазифаи итоат аз шаҳрвандон соқит мешавад.

Дар сурати риоя нашудани қонунҳо аз ҷониби ҳокимият, Мискавайҳ ба раийат ҳуқуқи мухолифат кардан бо ҳокимият ва ҳаққи инқилобро додааст.

Асли дигаре, ки назарияи давлати ҳуқуқбунёдро тақвият медиҳад, ва аз ҷоинби мутафаккир пешниҳод шудааст, ҳуқуқи иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар идоракунии давлат мебошад.. Мискавайҳ иштироки фаъолонаи мардумро дар идоракунии давлат талаб намуда, онро рафтори зарурии раийат (шаҳрвандон) мешуморад. Аз назари ӯ инсон, ки мавҷуди табъан мутамаддин ва иҷтимоӣ аст, барои расидан ба ҳадафҳои худ бояд ҳамроҳи ҷамъият (иҷтимоъ), бо риояи қонунҳо, барои сарнавишти сиёсӣ ва ҳуқуқии худ дар идоракунии давлат иштирок намояд.

Ба андешаи мо, яке аз аслҳои муҳимтарини назария ва амалияи давлати ҳуқуқбунёд даҳ аср пеш аз ҷониби ин мутафаккир таҳқиқ ва пешниҳод шудааст. Ин асл – принсипи муосири ҳуқуқ, яъне  масъулияти тарафайни ҳокимият (давлат) ва шахсият мебошад. Мискавайҳ ҳудуди фаъолияти давлат, принсипи масъулияти тарафайни давлат ва шахсият, масъулияти шахсият (фард)-ро нисбат ба ҷомеа ва давлат муайян кардааст: "Ҳукумат наметавонад фардро ба коре бархилофи дастуроти қонун (қонунҳои амалкунанда) маҷбур кунад ва фард ҳам наметавонад аз ҳокимият чизеро талаб кунад, ки хориҷ аз ин чаҳорчӣбаи ҳуқуқ бошад. Ҳам ҳокимияти давлатӣ ва ҳам мардум вазифадоранд, ки дар тамоми рафторҳо ва тасмимоти худ адолат ва инсофро риоя кунанд".  Аз маҷмӣи дидгоҳҳои Мискавайҳ бармеояд, ки дар сурати мутобиқати фаъолияти ҳокимият бо қонун, мардум вазифадоранд, ки бо ҳокимият ҳамкорӣ карда, ба он итоат намоянд.

Хулоса Мискавйҳро асосгузори назарияи давлати ҳуқӣкбунёд дар таърихи афкори сиёсиву ҳуқуқи миллати тоҷик ва умуман дар илми ҷаҳонӣ шуморидан мумкин аст, чунки аввалин маротиба то Жан Жак Руссо, Шарл Луи Монтескье ва Ҷон Локку Томас Гоббс кулли унсурҳои ин назарияро пешниҳод ва таҳлилу асоснок намудааст, ки мо аз ин ифтихор дорем.

Дигар, андешаи дар шароити муосири Тоҷикистон мубрамми пешниҳоднамудаи мутафаккир ин дар мушаххас кардани вазифаҳои давлат ошкор мешавад. Ба андешаи Мискавайҳ вазифаҳои муҳимтарини давлат: 

  1. Вазифаи таъмини саодат.
  2. Таваҷҷуҳ ба масоили миллӣ ва ҳифзи арзишҳо.
  3. Таъмин ва риояи адолат ва ҳифзи ҳуқуқу вазъи иҷтимоии аҳолӣ.
  4. Ҳифзи марзҳо.
  5. Ҳифзи низом аз душманони дохилӣ ва хориҷӣ.

Таъмини имконоти зиндагӣ ва эҷоди заминаҳои рушду пешрафти ҷомеа мебошанд.  Ва дар низоми вазифаҳои давлат ду вазифаи асосии давлат – 1) Таваҷҷӣҳ ба масоили миллӣ ва ҳифзи арзишҳо, инчунин 2) ҳифзи низом аз душманони дохилӣ ва хориҷӣ аз вазифаҳои умдаи давлат ба шумор мераванд. Ӣ  иҷрои ин вазифаҳоро барои пойдории ҷомеа ва давлат муҳиму ҳатмӣ шуморидааст.  Ин андеша бо фаъолияти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар мубориза бо фарҳанги бегона, эктремизму терроризм мувофиқ омада, баёнгари мубраммияти мавзуи мазкур аллакай дар таърихи давлатҳои асримиёнагии тоҷикон мебошад.    

Дар қатори мутафаккирони тоҷик инчунин, Абуабдулоҳи Рудакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Ғаззолӣ, Низомалмулк, Муборакшоҳ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, ва то Аҳмади Донишро номбар кардан лозим аст, ки дарки ҷомеа, дар таълими падидаҳои  давлат, ҳуқуқ, ташакули маърифати масоили ҳуқуқӣ саҳми беандоза дошта, имрӣз низ ба ҷомеаи муосири тоҷик метавонанд хизмати бузург намоянд.

Дар таърихи миллати тоҷик Яқуби Лайс нафаре аст, ки забони тоҷикро аз нобудӣ нигоҳ доштанд ва нагузоштанд, ки забони арабӣ бар забони миллат тасаллут ёбад. Фирдавсӣ нафаре буд, ки бо Шоҳномаи худ ба таври абадӣ забонеу фарҳанги моро аз нобудӣ ва аз байн бурдан нигоҳ дошт, мисли он, ки Садриддин Айнӣ забони тоҷикӣ ва фарҳанги тоҷикро дар асри нав аз нав зинда кард ва аз нобудӣ нигоҳ дошт.

Ин намунаҳо аз андеша ва пайкори мутафаккирон - фарзонафарзандони бузурги миллат барои ташаккул ва рушди маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои кишвару миллат хизмат намуда насли нав ва ҷавононро ба роҳи ватандустӣ, хизмат ба Ватан-Модар ва арҷгузории таъриху фарҳанги ниёгон раҳнамун месозад. 

Ҳамин тариқ, мутафаккирони барҷастаи тоҷик аз Форобиву Мискавайҳ то академик Фозил Тоҳиров дар  таълимотҳои сиёсию ҳуқуқии худ масоили вобаста ба пайдоиши ҷомеа, ҳокимият, давлат ва ҷанбаҳои гуногуни он, инчунин оид ба масоили ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои он, таносуби ҷомеа, ҳокимият, давлат ва ҳуқуқ, қонун ва адолат таҳлилҳо анҷом дода як қатор андешаҳои бикрро, аз ҷумла назорати мардум аз болои ҳокимияти давлатӣ, масъулияти тарафайни ҳокимият, давлат ва шахсият, ҳаққи инқилобу зиддият доштани мардум ҳангоми татбиқ карда натавонистани талаботи қонун аз ҷониби ҳоким то имрӣз мубрамияти худро гум накарда, баръакс ҳамчун ғояҳои демократӣ дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи махсуси худро доранд.

Миллати тоҷик аз он ифтихорманд аст, ки мутафаккирони тоҷик аз қаъри асрҳо андешаҳоеро таҳия ва пешниҳод кардаанд, ки давоми ҳазорсолаҳо аҳамияти илмию амалии худро гум накарда, баръакс, сиёсатмадорону муҳаққиқони ҷаҳони муосир зарурати бештарро нисбат ба онҳо эҳсос мекунанд.

 

 

БУРИЗОДА ЭМОМАЛӢ БОЗОР – мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, д.и.ҳ., профессор

ҚОДИРЗОДА САИДМУССО – н.и.ҳ., Донишгоҳи давлатии Дангара

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia