casino malaysia
casino malaysia
 МАШЪАЛАФРӮЗИ ҶАҲОНИ МАЪНАВӢ (дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)  

wrapper

 Ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон санаи 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ботантана таҷлил мегардад. Дар ин рӯз чун анъана дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот ҷамъомади идона доир шуда, рӯзи нахустини соли нави таҳсил бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Дарси сулҳ оғоз меёбад.

Бо иштироки Пешвои маҳбуби миллат баргузор гардидани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ гувоҳи возеҳи эҳтироми давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому манзалати илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши таълимгирандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.
Зимни яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ - мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».
Дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф, ба вижа баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҷойгоҳи хоса дорад. Тибқи таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат “Маҳз омӯзгор ташаккулдиҳандаи афкори ҷомеа буда, қодир аст, ки насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳамчун ояндаи давлату миллат ба камол расонад. Пешрафти ҷомеа ва ташаккули шахсиятҳои номбардори миллат натиҷаи фаъолияти хастагинопазири омӯзгор аст”.
Зимни таъкидҳои қаблӣ бо нишони эҳтиром Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорро чеҳраи саршинос, машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ дониста, ҳамакнун эҳтиром ба омӯзгорро - эҳтиром ба ояндаи миллат арзёбӣ намуданд. Ва дар ин ҳошия бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор Пешвои миллат ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки қабул гардидани Қонуни мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми ҳуқуқии омӯзгор ва амалишавии имтиёзҳои ӯ мусоидати комил хоҳад кард. Зеро то ин дам бо дастгириву талошҳои Пешвои муаззами миллат, Ҳукумати кишвар ба кору фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар намудааст.  
Махсусан, бо дастгирӣ, ҳидоят ва ташаббусу роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат дар тули даврони Истиқлол маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа эълон шуда, омӯзгор ба сифати афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш мақому манзалат пайдо кард. Ин тадбири ҳакимона имкон дод, ки дар ин ҷода тағйироту дигаргуниҳои куллии бунёдӣ рух диҳанд, иншоот ва муассисаҳои таҳсилотии замонавӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Чунки “Дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Барҳақ аст, ки омӯзгорро меъмори руҳи инсон номидаанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем”. 
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як ки мост, ки имсол бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештари аҳли зиё, ба вижа устодону омӯзгорон барои саҳми пурарзишашон дар фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Пас месазад, ки омӯзгорону устодон бар ивази боварӣ ва эътимоди Пешвои муаззами миллат пайваста кӯшиш намоянд, ки саҳми худро боз ҳам бештар дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеаи навини Тоҷикистони азизамон гузоранд.
Хулоса, омӯзгор дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст нақши муассир дошта, калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ, истиқлоли зеҳнӣ ва хазинаи маънавию илмии башарият маҳсуб меёбад.
 
Назарзода Давлатхон - ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ                                 
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia