Нусхаи чопи
  Ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ 23 май Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ин сана аз соли 1997 инҷониб ба ҳукми анъана даромада, дар ин замина ибтикороти зарурӣ рӯйи даст гирифта мешавад. Таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, ба хотири таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ояндадори мамлакат сурат мегирад.
  Маълум аст, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат бо фаъолияти густурдаи онон пайванди ногусастанӣ дорад. Тибқи омор, беш аз 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонони то 35–сола ташкил медиҳанд. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гардидани ташаббусҳои созандаи ҷавонони мо саъю кўшиши зиёд ба харҷ дода ва дода истодааст. Имрӯзҳо дар ҷумҳурии мо барои соҳиби маълумоти босифати олӣ шудани ҷавонон, ба кору шуғли доимӣ таъмин кардани онон ва аз ин тариқ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди таҳсилию корию эҷодӣ барномарезиҳои мушаххас роҳандозӣ мегардаднд. Ҷавонони мо, чи дар мамлакати худ ва чи дар хориҷа маълумоти олӣ гирифта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар бомуваффақият меҳнат мекунанд. Маҳз ба шарофати ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон квотаҳои президентӣ ташкил карда шудаанд, ки барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд аз манотиқи дурдаст имкон фароҳам овард. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиши ҷавонон ба азхудкунии илму маорифро ба назар гирифта, Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд, ки он аз рӯйи ҳаҷм бузургтарин китобхона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
  Ҷавонони мо бо риояи дастурҳои стратегии Пешвои худ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми арзанда гузошта истодаанд. Илова бар ин, варзишгароне дорем, ки дар саросари кишвар ном бароварда, шарафи кишвари азизи моро ҳимоят мекунанд. Насли ҷавони мо дар соҳаҳои дигари иҷтимоӣ, аз ҷумла нигаҳдории тандурустӣ, маориф, маданият, иктисодиёт, саноат, ҳаёти сиёсию чамъиятии мамлакат фаъолона иштирок мекунад.
Ҳар сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар вохӯрӣ доир намуда, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва аз худкунии илму касбу ҳунар ҳидоят менамоянд. Ҳамчунин, Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меоварад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».
  Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббус нишон бидиҳанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
 Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморанд ва ба сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзи аввали истиқлолият диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонони тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона сохта, дар ин самтҳо ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд.
Ҳар як суханронии Президенти кишвар барои ҷавонон дастурамали корӣ буда, дар маҷмуъ, як китоби мукаммалест, ки барои дастёбӣ ба роҳу усулҳои муосир дар самти беҳдошти иҷтимоию иқтисодӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ниҳоят зарур аст.
  Пешвои миллат, махсусан таъкид карданд, ки ҳамасола барои ҷавони кишвар 100 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шавад. Дастоварди дигари нодире, ки дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию маънавии ҷавонони кишвар такони ҷиддӣ бахшид, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 тасдиқ гардидааст. Дар маҷмуъ, ба хулосае омадан зарур аст, ки масъалаҳои муҳиме, ки дар дастурҳои Сарвари давлат муайян карда шуданд, моро барои ташвиқи ҳамаҷонибаи онҳо уҳдадор ва масъул мекунанд.
Вобаста ба ин, дар самти кор бо ҷавонон анҷом додани тадбирҳои зерин ба манфиати кор хоҳад буд:
– аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд. Инчунин ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар руҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд;
– масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаю олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд;
– вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати рафъи камбудиҳои дар самти тарбияи ҷавонон ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.
Ташаббусу ибтикороти созанда дар заминаи таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон, ки аз ҷониби раҳбарияяти олии мамлакат роҳандозӣ мегарданд, насли ҷавони моро ба ояндаи неку дурахшон боварманд месозад ва роҳро барои рушди низоми давлатдории дунявӣ ҳамвор месозад. Ба ин маъно, насли ҷавони ҷомеаи моро зарур аст, ки дар самти таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва боло рафтани сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ ҷаҳду талоши фаровон биварзанд.
 
 
Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович
ходими илмии ИФСҲ АМИТ