Нусхаи чопи
  Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Толибон моҳи августи соли 2021 бо истифода аз хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури пешин, бо пуштибонии эътилоф бо чархбол аз кишвар фирор кард. Дере нагузашта 7 сентябри с.2021 Толибон ҳайати нави ҳукумати Афғонистонро эълон карданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хайати хукумат амалан якмиллат буда, нисфи руйхат (17 нафар) таҳти таҳрими Шӯрои Амнияти СММ мебошад. Аз 33 нафар аъзои ҳукумат, 30 нафари онҳо паштунҳо, як ӯзбек (муовини дуюми сарвазир - Маулави Абдул Салам Ҳанафӣ аз вилояти Форёб) ва ду тоҷик (Сардори ситоди генералӣ — Қори Фасиҳуддин ва Вазири иқтисодиёт — Қори Дин Муҳаммад Ҳаниф, ҳарду зодаи Бадахшон) мебошанд. Дар ҳукумати Толибон ягон зан шомил нест [10]. Пас аз эъломи ҳукумат, Забиуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилоот ба хабарнигорон тавзеҳ дод, ки ин ҳайат муваққатист ва дар оянда тамоми бахшҳои ҷомеаи Афғонистон, аз ҷумла ақаллиятҳои этникӣ дар ҳукумат намояндагӣ хоҳанд кард.
  Давлатҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид намуд, ки Маскав "пайрави тарафдори ба эътибор гирифтани манфиатҳои тамоми нерӯҳои этникӣ-сиёсии Афғонистон дар бунёди як давлати нав аст". Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлут Чавушоғлу таъкид кард, ки ҳукумати нав бояд фарогир бошад ва намояндагони тамоми этносҳоро дар бар гирад. Намояндаи доимии Эрон дар СММ гуфт, "ҳеҷ ҳукумате, ки дар Афғонистон бо зӯр ба қудрат омад, эътироф нахоҳад шуд". Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, ба таври дақиқ тавзеҳ дод: "Надонистани [Толибон] дар бораи зарурати ҳукумати фарогир, мудохилаи хориҷӣ ва истифода аз васоили низомӣ ба ҷои муколама барои қонеъ кардани ниёзҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоӣ - ин аст ташвиши асосии дӯстони халқи афғон». Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Душанбе танҳо ҳукумати фарогир дар Афғонистонро қабул дорад, ки дар он намояндагони тамоми қавмҳо, аз ҷумла тоҷикон бошанд [7].
  Давлатҳои ғарбӣ нисбат ба ҳукумати нави Толибон низ изҳори ақида намуданд. Вазорати корҳои хориҷии ИМА аз ҳайати ҳукумати Афғонистон ва "пайвандҳо ва собиқаи кории бархе аз мардум" изҳори нигаронӣ кард; Вашингтон қайд кард, ки маъмурияти нав танҳо аъзои Толибон ё шарикони наздики онҳост ва ба он занон шомил нестанд. Вазири корхои хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан аз эътирофи ҳукумати Толибон худдорӣ намуда. рӯирост гуфт, ки «Фаронса бо ин ҳукумат ягон муносибат доштанро рад мекунад».
  Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ ба ҳайати ҳукумати навтаъсиси Толибон вокуниш нишон доданд. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфт, СММ ҷонибдори ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст, ки дар он бояд тамоми намояндагони ҷомеаи Афғонистон ширкат кунанд ва ҳукумати кунунии Толибон «чунин таассурот эҷод намекунад». Роҳбари Намояндагии СММ оид ба кӯмак ба Афғонистон (UNAMA) Дебора Лайонс низ тасдиқ кард, ки ҳукумати Толибон фарогир нест: занон вуҷуд надоранд, «онҳое ҳастанд, ки намояндаи Толибон нестанд; онҳое, ки дар ҳайати хукумати пештара буданд, роҳбарони гурӯҳҳои ақаллият вуҷуд надоранд».
Хадамоти хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар баёнияе гуфт, ки ҳукумати нав «ба сохтори фарогир ва намояндагӣ монанд нест, ки ғаноёи гуногунии этникӣ ва мазҳабии Афғонистонро инъикос кунад» [5].
Дар иҷлосияи ғайринавбатии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки 23 августи соли 2021 баргузор гардид, кишварҳои узв якбора бад шудани вазъ дар Афғонистонро бо нигаронӣ зикр намуда, аҳамияти бо масъулият барқарор намудани ҳокимияти давлатиро дар Афғонистон тавассути муколамаи фарогири осоишта, бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар таъкид карданд [2].
Дар Эъломияи Созмони Ҳамкории Шанхай, ки  20 сентябри соли  2021  дар ш. Душанбе қабул шуд,  омадааст: «Кишварҳои узв бар ин назаранд, ки ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ, мазҳабӣ ва сиёсии ҷомеаи Афғонистон ниҳоят муҳим аст» [4].
24 марти с.2022 дар шаҳри Исломобод роҳбари ҳайати Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ аз иҷро нагардидани шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маъмурияти ҳозираи Афғонистон – ташкили ҳукумати ҳамашумул изҳори таассуф кард. «Дар робита ба масоили марбут ба Афғонистон ва бо ишора ба таъсири манфии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид гардид, ки мутаассифона то ҳол шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маъмурияти ҳозираи Афғонистон – ташкил намудани ҳукумати ҳамашумул бо иштироки ҳамаи қавмҳо ва гуруҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар то ҳол иҷро нагардидааст», — зикр гардидааст дар иттилоияи вазорат [9].
Муайян кардани ҳиссаи тоҷикон дар миёни аҳолии Афғонистон бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ аст, зеро дар тӯли чанд даҳсола дар ин кишвар барӯйхатгирии мунтазам гузаронида нашудааст. Сарчашмаҳои гуногун тахминҳои гуногун медиҳанд: аз 40% то 47%.
  Масалан, 25 августи с.2021 дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ таъкид гардид, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад [3].
Ҳамчунин, Президенти Федератсияи Русия В.В. Путин Толибонро як ҷунбиши паштунҳо номид ва гуфт, ки Толибон бояд бо қавмҳои дигари муқими Афғонистон забонҳои муштарак пайдо кунанд. «Масалан, бо тоҷикон, зеро онҳо тибқи ҳисобҳои гуногун аз 40 то 47 дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд. Инак, бисёр аст! Оё ин дуруст аст? Бале, дар ҳукумати Толибон намояндагони дигар халқҳо ҳастанд, вале на дар ҷойҳои аввал. Ва мардум даъво доранд, ки дар низоми идоракунии кишвар ҷойгоҳи назаррас дошта бошанд” [6].
  Мутаассифона, табъизи этникӣ дар ин ё он шакл қариб дар ҳар ҳукумати Афғонистон вуҷуд дошт. Дар замони Абдурраҳмонхон, ки сиёсати паштуникунонии Афғонистонро пеш гирифта буд, кӯчонидани қабилаҳои содиқи паштунзабон ба худудҳое, ки аҳолии ғайрипаштун зиндагӣ доштанд, амалӣ мешуд ва ин боиси тағйир ёфтани манзараи этникии минтақаи шимолӣ гардид. Инак, то соли 1907 ба музофотҳои Сари Пул 12800 хонавода, ба  Форёб 5400 хонавода ва ба Бодғис 2000 хонаводаи паштун кӯчонда шуданд. Кӯчонидани маҷбурии хонаводаҳои паштун ба минтақаи шимол аз ҷониби подшоҳони Афғонистон то миёнаҳои асри 20 идома ёфт. Танҳо дар давраи Муҳаммад Зоҳиршоҳ  аз соли 1939 то соли 1951 ба Мазори Шариф ва Қаттағон 5850 хонаводаи паштунҳо маҷбуран кӯчонида шуданд. Дар маҷмуъ дар солҳои гуногун аз 100 то 200 ҳазор паштунҳо маҷбуран ба шимоли кишвар кӯчонида шуданд, ки дар натиҷа вазни қиёсии онҳо дар таркиби аҳолии вилоят аз 3 фоиз ба 30 фоиз расид [1].
  Дар замони Толибон, сиёсати бузургманишии паштунҳо ба поксозии этникӣ ва қатлҳо оварда расонд. Дар замони ҳукумати Толибон дар даври аввал (сс.1996-2001) бузургтарин ҷиноятҳо алайҳи ақаллиятҳои миллӣ дар солҳои 1997-1998 содир шуда буданд: дар Бомиён дар натиҷаи муҳосираи ғизоӣ 300 000 нафар ҳазора аз гуруснагӣ фавтиданд; дар Балх тозакунии этникии аҳолии ғайрипаштун амалӣ карда шуд, ки дар рафти он 15 ҳазор кас кушта шуд; дар Форёб дар натиҷаи тозакунии этникии деҳаҳо то 600 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Дар ҳукумати дуюми Толибон (аз августи с.2021 то имрӯз) низоми сиёсию иҷтимоие, ки онҳо дар Афғонистон ҷорӣ карданд, як низоми падарсолор, мардмеҳвар ва комилан занситез  мебошад. Барои Толибон манфиатҳои миллию давлатии Афғонистон, ҳуқуқу озодиҳои мардуми он, алалхусус, занону духтарон, ки аз нисф зиёди аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, заррае арзиш надоранд. Дар ҳукумати навтаъсиси Толибон ягон зан шомил нест, гарчанд дар солҳои мавҷудияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла, дар соли 2019 16% -и кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва 27%-и вакилони парлумони кишварро занон ташкил медоданд [8]. Сохтмони аморат ба шеваи Толибон дар ниҳоят ҷомеаи Афғонистонро дуқутбӣ кард ва паштунҳоро дар муқобили ғайрипаштунҳо гузошт.
  Ва ҳарчанд Толибон имрӯз бо суханронии худ дар гузашта фарқ мекунанд, кас набояд фирефта шавад - бисёре аз амалияҳои онҳо дар Афғонистон дубора эҳё мешаванд. Гуруҳи даҳнафарии гузоришгари вижаи таъйиншудаи СММ аз Толибон даъват карданд, ки ба “шаклҳои бераҳмона ва номуносиби муҷозот, аз ҷумла сангсор кардан, тозиёна задан ва дафн кардани одамон” хотима диҳанд. Толибон ба духтарон дар мактабу донишгоҳҳо таҳсил карданро иҷозат намедиҳанд, ҳуқуқи занонро поймол мекунанд, вазорати умури занон ва оиларо барҳам доданд ва ғ.  Аз ин рӯ ташкили хукумати фарогир бо иштироки ҳамаи миллиятҳо ва пеш аз ҳама тоҷикон, бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гуруҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ шарти асосии эътирофи ҳукумати нав дар Кобул дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
 
Саидумар Раҷабов 
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ АМИТ
 
Адабиёти истифодашуда:
  1. Афганистан. «Таджиков – в Таджикистан, узбеков – в Узбекистан, хазарейцев – на кладбище» // Газета ASIA+, №18 (1605), 18 мая 2023 года, стр.4-5.
  2. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ. URL: http:// prezident.tj/node/26360 (Санаи руҷуъ: 18.05.2023)
  3. Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ. URL: http://www.prezident.tj/node/26366 (Санаи руҷуъ: 18.05.2023)
  4. На саммите ШОС Таджикистан довел до сведения всего мирового сообщества, каковы оптимистический и пессимистический сценарии развития событий в Афганистане. URL: https://khovar.tj/rus/2021/09/na-sammite-shos-tadzhikistan-dovel-do-svedeniya-vsego-mirovogo-soobshhestva-kakovy-optimisticheskij-i-pessimisticheskij-stsenarii-razvitiya-sobytij-v-afganistane/ (Cанаи руҷуъ 19.05.2023)
  5. Политика недели: Кто вошел в правительство талибов. URL: https://afghanistan/ru/doc/145884/html (Санаи руҷуъ: 18.05.2023)
  6. Путин впервые признал: до 47% населения Афганистана составляют таджики. URL:https://www.bomdod.com/ru/ 2021/10/22/putin-vpervye-priznalsja-do-47-naselenija-afganistana-sostavljajut-tadzhiki-video/ (Санаи руҷуъ: 18.05.2023)
  7. Таджикистан не намерен признавать новое афганское правительство. URL: tj.sputniknews.ru 27.10.2021
  8. Толибон дар пайи ташкили давлати падарсолор, мардмеҳвар ва комилан занситез мебошанд. Андешаҳои профессор Ширин Исматуллозода доир ба мавзуъ. URL: https://khovar/tj/ 2021/09/tolibon-dar-paji-tashkili-davlati-padarsolor-mardme-var-va-komilan-zansitez-meboshand-andesha-oi-professor-shirin-ismatullozoda-doir-ba-mavzu/ (Санаи руҷуъ: 17.05.2023)
  9. Тоҷикистон аз иҷро нагардидани шарти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маъмурияти ҳозираи Афғонистон – ташкили ҳукумати ҳамашумул изҳори таассуф кард. URL: https://khovar.tj/ 2022/03/to-ikiston-az-i-ro-nagardidani-sharti-asosii-omeai-a-on-ba-mamuriyati-ozirai-af-oniston-tashkili-ukumati-amashumul-iz-ori-taassuf-kard/ (Cанаи руҷуъ: 18.05.2023)
  10. Черкашин Р. Талибы объявили состав нового правительства Афганистана. URL: https://www. nur.kz/world/1930922-taliby-obyavili-sostav-vremennogo-pravitelstva-afganistana/ (Санаи руҷуъ: 17.05.2023)