Нусхаи чопи
  Таъмини амниятӣ фард, ҷомеа ва давлат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳимми ҷамъиятию давлатӣ, масъалаҳои амниятӣ дар паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом инъикоси хешро меёбанд.
  Паёми соли 2023-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ба вакилони Маҷлиси Олӣ ва шаҳрвандони мамлакат дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид. Охирин аз рўи мазмун ва муҳтавои худ гуногунҷанба буда, дар он масъалаҳои гуногуни ҷамъиятию давлатӣ инъикоси хешро ёфтанд. Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар паёми соли ҷории сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикоси хешро ёфтанд ин масъалаҳои амниятӣ мебошанд.
  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии масъалаҳои вобаста ба ҷавонон аз ҷалбшавии онҳо ба гурўҳҳои экстремистию террористӣ изҳори нигарони намуда иброз доштанд, ки «Имрўзҳо гурўҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд»[1]
Воқеан ҷавонон ҳамчун доираи муносиб зери таъсири манфии ғояҳои тундгароӣ фарогир мешаванд. Бо чунин ҳолат синну сол, вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҷаҳони маънавии онҳо, ки дар марҳилаи ташаккулёбӣ мебошанд, мусоидат менамояд. Ин қишри фаъоли ҷомеа ҳанўз дар раванди ташаккулёбӣ қарор доранд ва ба осонӣ зери таъсири арзишу мафкураҳои бегона меафтанд.
Бо дар назардошти чунин вазъият сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рўҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд» [2].
Воқеан садоқат ба халқу Ватан, эҳсоси баланди ватандустӣ, ваҳдату ягонангӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ѓояҳои беназире мебошанд бар зидди ифротгароӣ ва ақидаҳои ҳамсони он.
Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади ошкор ва пешгўи намудани хавфу хатарҳои экстремистию террористӣ ва пешгирии гароидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар паёми соли ҷориашон пешниҳоднамуданд, ки дар мамлакат «Маркази ягонаи иттилоотӣ» ташкил карда шавад. Ба назари мо таъсиси чунин марказ дар мамлакат саривақти буда он метавонад ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои экстремистию террористӣ ва пешгирии гароидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мусоидат намояд.
Солҳои охир равандҳои геополитикии ҷаҳонӣ хусусиятҳои зиддиятнокро ба худ касб намудаанд. Охирин ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллиро мушкил гардонида ба амнияти миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин масъаларо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон чунин иброз намуданд: «Имрўзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмўъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад»[3].
Ба назари мо чунин таваҷуҳи ҷиддии сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои амниятӣ, махсусан вобаста аз равандҳои геополитикии ҷаҳонӣ асоси илмию амалии хешро доранд. Маҳз бо дарки мураккабии вазъи геополитикии ҷаҳонӣ роҳбарияти Олии мамлакат ба сиёсати хориҷии мамлакат диққати аввалиндараҷа медиҳанд ва бо шарикони худ дар асоси дўстӣ ва баробари шарики менамоянд. Таҳлили равандҳои сиёсию геополитикии ҷаҳонии даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии нодуруст метавонад аз ҳамма омилҳо дида омилӣ хатарзо ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсии дилхоҳ ҷомеа ва давлат бошад. Аз ин ру сиёсати хориҷии дуруст ва оқилона ин калиди муваффақият дар таъмини амнияти миллӣ ва рушди босуботи давлатамон Тоҷикистон мебошад.
Дар робита ба ин гуфтаҳо роҳбарияти олии кишвар дар Пайёми хеш чунин ибрози назар намудаанд - «Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад»[4].
Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар асоси принсипи сиёсати «дарҳои кушода» ба роҳ мондаанд. Бо таъкиди муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон «Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад»[5].
Ба назари мо дар чунин вазъи муракаби геополитикии ҷаҳон, ки боиси ташвишу нигаронии ҷидди гардидааст, ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар асоси дустиву этимод ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба манфиати охириҳо мебошад. Зеро воқеъиятӣ геополитикии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳануз субъектҳои алоҳидаи муносибатҳои байналмилалӣ аз талоши қудратталабии хеш намонда маблаѓҳои ҳангуфти буҷаи давлатии хешро баҳри ҳарчи бештар мусаллаҳнамудани воҳидҳои низомии хеш сарф намуда, то ҳануз дар талоши аз навтақсимкунии ҷаҳони тақсимшудаанд.
Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар ин росто диққати аввалиндараҷаро ба мамлактҳои минтақаи Осиёи Марказӣ равона кардааст. Ин масъаларо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон чунин баён намуданд: «Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рўҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дўстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем» [6].
Бешубҳа Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳ ва мақоми авлавиятнокро ишѓол менамояд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори вусъат бахшидани муносибатҳои созанда ба тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ ҷонибори ҳамкори ва ҳамгироии густурда дар тамоми соҳаҳо ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.
Табиист, ки дар шароити муосир маҳз бароҳмондани муносибатҳои густурда ба давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои минтақавӣ ва созмонҳои зерминтақавӣ яке аз омилҳои калидии рушди босуботи давлат мебошад. Маҳз ҳаминро ба назар гирифта сарвари давлат муҳтарм, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод» [7].
Дигар масъалаҳои амниятие, ки пайваста зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ин терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилаланд. Оиди ин масъала сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ иброз доштаанд, ки «Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт» [8].
Ба назари мо он татбирҳое, ки роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ мебинанд, на танҳо ба таъмини амнияти миллии кишвари мо, балки ба таъмини амнияти давлатҳои минтақа ва ҷоҳон низ мусоидат менамоянд.
Агар ба масъалаи охир дуруст назар намоем, маълум мегардад, ки муқобилат ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ махсусан аз ҷануби Тоҷикистон бар меомада, натанҳо ба таъмини амнияти миллӣ Тоҷикистон балки ба таъмини амниятӣ давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад. Дар ин росто Тоҷикистон чун сипари боэътимод ба муқобили экстремизми диннӣ-сиёсӣ, терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои трансмиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир мебошад. Давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ин саҳми Тоҷикистонро бояд эҳтиром ва этироф намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори ҳарбӣ дар хати сарҳади давлатӣ ба ҷониби Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд.
Ҳамин тариқ метавон хулоса намуд, ки масъалаҳои амниятӣ яке аз ҷамбаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил намуданд. Таҳлил нишон дод, ки сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз равандҳои геополитикии ҷаҳонӣ хулосаҳои хешро бароварда, таҳдиду хатарҳоро пешгўи намуда ба ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва масъулони он барои рафъи пешгирии онҳо супоришҳои махсус медиҳанд. Доштани маълумот ба сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият медиҳад, ки сарчашмаҳои зуҳури ин таҳдидҳоро дарёфта ба роҳбарони соҳтору мақомотҳои дахлдор ҷиҳати андешидани чараҳои муххас оид ба пешгирӣ ва бартарафкардани онҳо супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Мониторинги пайвастаи таҳдидҳои амниятӣ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои пайвастаи онҳо ҷиҳати муқобилат нишон додан ба ин таҳдидҳо яке аз омилҳои муҳимми таъмини амнияти фард, ҷомеа ва давлати Тоҷикистон мебошад. Маҳз ҳушдории пайвастаи сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба масъаулони бахшҳои низомӣ ва ҳарбӣ заминаи муҳимм барои фоъолии охириҳо гардида охирин ба таъмини амнияти миллӣ мусоидат менамояд.
Таҳлил нишон дод, ки сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар қатори ниҳодҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, шаҳрвандони алоҳидаро низ ҷиҳати пешгирии таҳдиду хатарҳои ба амнияти миллӣ даъват менамояд. Ба назари мо чунин муносибат ба манфиати кор аст, зеро таъмини амнияти миллӣ кори муштараки ҳаммаи элементҳои системаи таъмини амнияти миллӣ – ниҳодҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони алоҳида мебошад.
Умуман таҳлили мазмуну муҳтавои паёми соли ҷории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки дар он дар қатори дигар масъалаҳои дорои хусусияти ҷамъиятию давлатӣ дошта, масъалаҳои амниятӣ низ инъикоси хешро ёфтанд. Охирин далели таваҷуҳи махсус доштани сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои амниятиро нишон медиҳад. Зеро рушди прогресивии фард, ҷомеа ва давлат бе таъмини амнияти миллӣ ѓайри имкон аст.

Муродов С. А.
 
номзади илмҳои сиёсӣ,
мудири Шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
 
 
[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе http://www.president.tj/node/19088
[2] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе http://www.president.tj/node/19088
[3] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе http://www.president.tj/node/19088
[4] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе http://www.president.tj/node/19088
[5] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе http://www.president.tj/node/19088
[6] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе http://www.president.tj/node/19088
[7] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе http://www.president.tj/node/19088
[8] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе http://www.president.tj/node/19088