Нусхаи чопи
  Воқеан мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар аз ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, Модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
  Дар ҷомеаҳои ориё Зан-Модар ҳамеша мақоми хосро дошта, дар баробари мард дар зиндагии ҳаррӯза фаъол буд.
  Дар дини ислом низ мақоми Зан-Модар хеле воло шинохта шуда, асосан ду ҳадис ривоят карда шудааст, ҳадиси саҳеҳ, ки дар он Паёмбар таъкид кардааст, ки «Ҳурмат кунед модаратонро, ҳурмат кунед, модаратонро, ҳурмат кунед модаратонро, баъд аз падаратонро» ва «биҳишт зери қудуми модарон аст». Ин ва дигар андеша аз мақоми баланди Модар дар ҷамоаи суннатии ниёгони мо ҳикоят доранд.
  Модар беҳтарин муъҷизаи олам дар рӯи замин буда, ба ӯ зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо шудааст. Дар хонадоне, ки меҳру муҳаббат, қадру манзалат ва навозиши модар зиёд бошад дар он хонадон файзу нусрат ва баракот зиёд мегардад. Ба ҳамин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохуриҳои худ ба занони фаъоли кишварамон иброз намудаанд, ки «Ҷомеае, ки ба Зан - Модар ғамхорӣ менамояд ба ояндаи худаш ғамхорӣ менамояд. Давлате, ки нисбат ба Зан - Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво башад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Таърихи инсоният исбот менамояд, ки Зан - Модар бо иродаву дурандешӣ, хирадмандиву заковат, донишмандиву истеъдод бо ҳидояту пайкори хеш метавонистанд зиндагии худу атрофиёнашонро мунаввар ва ақлу заковат, иродаву фазилат ва маърифату фарҳанги оиладорӣ, сутуни давлат ва пойдевори зиндагии ҳар хонадонро устувор созанд.
Дар ҷомеае, ки зан мақоми созанда ва зиндагии шоиставу солим дошта бошад, он кишвар дар ҳақиқат рущд меёбад. Дар ҳақиқат Зан-Модар оинаи ҷомеа аст. Қалби пурэҳсоси Зан-Модар саршори меҳру вафо буда дар эмори ҷомеаи навин нақши созандае дорад. Худшиносии миллӣ, маърифати баланд, меҳнатдустӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодфикрӣ калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо мебошад.
Муҳимтарин амале, ки шахс дар ҷомеаи суннатӣ анҷом медиҳад, ин бунёди оила мебошад. Оила ниҳодест, ки шахс дар муҳити он худро аз ниёзҳои инсонӣ бениёз мегардонад. Яъне ҳар инсоне, дар муҳити оила анъанаҳои табиии ба вуҷуд овардани наслро идома дода, ба воситаи оила ба ҷомеа мепайвандад, шахсияту ҳувияти иҷтимоӣ касб мекунад. Оила маҳсули тамаддун аст, навъ, шакл ва моҳияти онро сохти сиёсию иҷтимоии ҷомеа, ки оила рукни таркибии онро ташкил медиҳад, муайян месозад. Дар навбати худ оила низ ба ҳаёти ҷомеа ба воситаи таваллуду тарбияи кӯдакон ташкили маишати оила, таъмини хонавода, нуфуз доштан дар такомули ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқию маънавии аъзои оила таъсир мерасонад.
Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар марҳилаи Истиқлолият занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарабахш намоянд. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти ватану осоиштагии миллат расонида истодааст.
Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистонро бе иштироки занон тасаввур карда намешавад. Таҳлили фаъолияти пурсамари занон дар сиёсати кунунӣ нишон дод, ки дар ҳақиқат занон дар сатҳи идоракунии давлатӣ нақши хосае доранд. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санаду меъёрҳои дахлдор нисбат ба мақоми зан дар ҷомеа ва таҳсилу кор дар идоракунии давлатӣ имконият фароҳам овард, то зани тоҷик дар баробари он ки ҳамчун тарбиятгар дар оила рисолати модариву ҳамсариро ба ҷо меоварад, инчунин сарбаландона аз уҳдаи роҳбариву фаъолият дар идораи давлат низ мебарояд. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои тараққиёфта ба шумор меравад.
 Таҳаввулоти иқтисодӣ ва падидаҳои ҷамъиятии дар кишвар рухдода боиси ба вуқӯъ омадани тағйироти амиқ қабл аз ҳама дар мақоми зан гаштаанд. Дар робита ба ин, масъалаи таъмини ҳимояи ҳуқуқии зан ва дарёфти равишҳои нав ба ҳалли мушкилоти мақоми ҳуқуқии зан бо дарназардошти вазъи кунунӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии мо мебошад.
Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз ҳамоишҳо нисбат ба Зан-Модар таъкид доштанд: Баланд бардоштани нақш ва мақому манзалати зан дар ҷомеаи мо имрӯз бениҳоят муҳим мебошад. Бе иштироки фаъолонаи занон, бидуни фикру ақида ва пешниҳодҳои онҳо ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ сиёсӣ ғайриимкон мебошад.
Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ягона хеле бузург аст. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос дорад. Ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки ҳуқуқи занҳо низ ҷузъи дахлнопазирии он маҳсуб мешавад, хислати муҳим пайдо намуда, ҳуқуқи он шакл, васила ва афзори зоҳирсозандаи инсонро иникос менамоянд. Аз ин сабаб, Рӯзи Зан-Модарро барои ҳар як модари тоҷику тоҷикистонӣ табрик намуда, осмони софу беғубор, шодиву сурури баҳорӣ, эҷоду навгониҳо дар ҳату кор ва самти оилаву фарзандон таманно дорем.
 
Буризода Эмомалӣ Бозор 
 мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуки Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
 
Давлатмуродзода Балхия Давлатмурод 
 ходими хурди илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуки
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон