Нусхаи чопи
  Аз давраҳои қадим дар сарзамини тоҷику форси бостон ҷашни Сада ва қиссаи кашфи оташ бо ҳам алоқаманд буданд. Дар таърихи бостони халқи мо Ҳушанг-шоҳи Пешдодиён нахустин касест, ки ҷашни Садаро барпо намудааст. Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки Ҳушанг – писари чаҳоруми Одам аст, яъне ба пушти чаҳоруми Одам мерасад. Дар «Таърихи Ғурар-ус-сияр» маъруф ба «Шоҳнома»-и Соалибӣ омадааст, ки Ҳушанг фарзанди Сиёмак, набераи Каюмарс буда, ба ҳамаи мардумони кишварҳо фармонбарӣ намуд. Ў нахустин касест, ки заминро аз ҳар ҷиҳат ободон кард ва ба сохтмону шаҳрсозӣ рўй овард. Болотар аз ҳама он аст, ки оинҳо ниҳод ва дод густурд ва ба ин хотир ба ў лақаби «Пешдод» доданд ба маънои он ки нахустин шахсест, доварӣ ба дод кардааст.[1]
  Дар «Шоҳнома»-и Фирдасии бузургвор омадааст, ки Ҳушанг – подшоҳи Пешдодиён рўзе бо сад нафар ба самти куҳе меравад, ногоҳ мори бузургҷуссае ба назараш мерасад. Азбаски ҳаргиз мор надида буд, ба шавқ омада, гуфт ҷамеи ҷонварон мутобеати мо мекунанд, ҳамоно ин ҷонвар душмани мост, ки сар аз итоат печида, сангеро бардошту ба тарафи мор андохт. Он санг хато шуд бар санги дигаре хурд, оташ аз он баромад ва бар хасу хошок афтоду мор ҳам бисухт. Чун дар он замон ҳануз оташ кашф нашуда буд, Ҳушанг бо ҳамроҳони хеш аз ба вуҷуд омадани оташ хурраму шод гардид ва гуфт ин нури худост, ки душмани моро кушт ва рафту шукр кард ва қиблаи худро сохт ва ҷашни бузурге барпо кард, ки ин яке аз ҷашнҳои Сада буд.
Аз ин ҷо, ҷашни Сада ва кашфи оташ аз тарафи Ҳушанг яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми тоҷику форси бостон буд, ки дар миёни оммаи мардум бад-он таваҷҷуҳи зиёде мешуд. Ин ҷашн яке аз ҷашнҳои бузургтарини оташ дар замонҳои қадим хоси мардуми форсинажод буд. Зеро ки кашфи оташ ва эҷоди он дар тамаддун ва инкишофи ҳаёти инсони таъсири босазое дошта, ба ҳамин ҷиҳат хотираи кашфи он беҳтарин хотира дар зеҳни инсонӣ боқӣ мондааст.
  Фирдавсии бузургвор дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» мавзўи ҷашни Сада ва достони кашфи оташро рўи қоғаз овардааст, вале бисёриҳо достонҳои ин асари безаволро ҳамчун устура, тахаюлоту афсона мепиндоранд. Ҳол он ки вақте ки ба таърихи тамаддуни фарҳангу фалсафаи зиндагии бостони тоҷику форс шинос мешавем, мебинем, ки ҳар он чи қиссаву ривоят ва достонҳое, ки бо унвони устура муаррифӣ шудаанд, афсона не, балки ҳақиқату воқеияти зиндагии мардуми бостон ва орзую хостаҳои онҳо буд. Аҳуромаздо, Каюмарс, Зардушт, Сиёмак, Ҳушанг ва амсоли инҳо образҳои тамаддунсозе буданд, ки дар таърихи башарият барои покиву ростӣ, рушноии зиндагӣ ва ободиву пешрафти мардуму сарзамин ва маърифати онҳо дар дунёи ҳастӣ мубориза кардаанд. Онҳо аввалин хиштҳои сохтори дунёи ҳастӣ ва маърифатро барои наслҳои минбаъда боқӣ гузоштанд. Ва мисоли кашфи оташ ва ҷашни Сада – ҳамчун рамзи нуру маърифату тамаддун буд, ки инсонҳоро барои зиндагии солиму мубориза ба муқобили зулмоту бадӣ равона сохт ва ин диалетикаи устураву ривоятҳои бостонӣ то имрўза ҳам ҳамчун унсури рўҳу ҷисм ва зиндагии ҳарлаҳзаина мо идома дорад.
Ҳамин тариқ, дар давраи 40 сол подшоҳии Ҳушанг нахустин бор оташ падид омад ва роҳу равиши нигаҳдории он ҳифз карда шуд. Аз таърих медонем, ки дар замонҳои қадим мардуми форсинажод дар ҷайҳое мезистанд, ки даҳ моҳ зимистон ва ду моҳ тобистон буд.[2] Тавассути нигаҳдории оташ мардум тавонистанд бар душманони хеш - сармо ва торикӣ ғалаба кунанд. Муддате нагузашта онҳо бар гирди ин оташ хонаҳо сохту соз карданд ва по ба давраи шаҳрнишинӣ ва фарҳангу тамаддун гузоштанд ва ин неъмати бузурге буд, ки гўё ҳамчун як муъҷизае барои онҳо ато шудааст.
  Пас аз он ки Ҳушанг оташро кашф кард, шаб ба поси хушҳолӣ ва шукргузорӣ оташи бузурге ҳамчун куҳ барафрухт ва худ бо ҳама даври он гирд омаданду ҷашн гирифтанд. Ҳушанг ин ҷашни бузургро «Ҷашни Сада» номгузорӣ кард:
                              Зи Ҳушанг монд ин сада ёдгор,
                              Басе бод чун ў дигар шаҳриёр.
                              К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард.
                              Ҷаҳоне ба некӣ аз ў ёд кард
   Ҳамин тариқ, сада аз калимаи «сат» дар забони паҳлавӣ ва маънии он сад мебошад ва сада ҳангоме аст, ки сад рўз аз зимистон мегузашт ва ё панҷоҳ рўз ба ҷашни Наврўз мондааст. Яъне пас аз ғуруби офтоб дар оғози  шомгоҳи даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мешавад, ки ин рўзро Обонрўз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ, ҷашни нуру рушноӣ ва тамаддун аст, ки мардуми форсизабон, махсусан як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия бо гирд омадани мардуми форсинажод дар як нуқта аз шаҳр, ё шаҳристону деҳот дар қатори якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург гирён мекунанд ва ба сурудхониву пойкубӣ шурўъ менамоянд.  
   Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулуъ кардан будааст. Аввалин рўзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигаре ба Хуршед ё Меҳр донем, метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чилумин рўзи таваллуди оини куҳан ва зиндаи мардуми форсизабон донист.
Баъзе мутафаккирони тоҷику форс номи садаро гирифташуда аз сад медонанд. Донишманди тоҷик Абурайҳони Берунӣ навиштааст, ки сада гўянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рўзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гўянд, иллат ин аст, ки дар ин рўз зодагони Каюмарс – падари нахустин – сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд…ва низ омада: «шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рўз ба сад расид». Назари дигар ин аст, ки сада маъруф ба садумин рўзи зимистон аст, яъне аз ибтидои зимистон (аввали обонмоҳ) то даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст. Сад рўз ва аз даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст, сад рўз ва аввали баҳор 50 рўз ва 50 шаб будааст. Ва ба ин сабаб ин ки аз имрўз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст шаб ҳам монанди рўз равшану гарм аст ин шабҳо ҳам шумурда мешаванд.   
   Дигар аз далоили гиромидошти ин шаб чунин аст, мардуми форсинажод ду моҳи миёнаи зимистонро, яъне дей ва баҳманро[3] замони неруманд гаштани Аҳриман медонистанд ва барои ба хайр поён ёфтани ин ду моҳ пайваста ниёишҳои зиёдеро дар муқобили шар(р) анҷом медоданд. Аз шаби чила, ки чилаи калон низ номида мешуд ва дар он айём шавқи мубориза бо Аҳриман дубора зода шуда буд, то шаби даҳуми  баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада ва чилаи хурд номида мешавад, баробари 40 рўз аст. Аз ин ҷо, ба сабаби он ки оташ мазҳари гармо ва нуру зиндагӣ дар рўзи Сада кашф шуда буд, ва дар айни ҳол василае  барои мубориза бо Аҳриман буд. Оини оташ гирёнкунӣ боиси рушноии шаб монанди рўз шуд аз шаби аввали чилаи хурд, яъне аввали феврал то аввали исфанд 20 рўз ва 20 шаб (ҷамъан чил шабу рўз) аст. Шаби даҳуми баҳман оташи бузурге ба номи оташи ҷашни Сада ба чил шохаи бе баргу бори дарахтон, ки нишони чил рўзи «чилаи бузург», яъне чилаи калон аст, ки дар майдони деҳа ва ё марказҳои шаҳристонҳо оташ гирён намуда, ба хондани чунин суханҳо шуруъ мекунанд: Сада садаи деҳқонӣ, (чил кундасўзонӣ), ки аз пасмондаҳои зимистонӣ.
Меҳрдод Баҳор дар китоби «Пажуҳише дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муроди Ғиёсобод дар китоби «Наврўзнома» бар ин ақидаанд, ки сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулўъ кардан аст ва иртиботе ба адади сад надорад. Вожаи «сада» (исми муаннас), ки ба маънои пайдо ва ошкор шудан аст, дар Эрони бостон ба маънои «садок» ва дар форсии миёна «садаг» буда, дар вожаи арабӣ «сазақ» ва «навсазақ», яъне навсада омадааст.
Дар китоби «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» Абурайҳон Берунӣ афрухтани оташро бар бомҳо медонад, ки бо дастури Фаридун анҷом мегирад.[4]
Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рўз, ё Обонрўз аз баҳманмоҳ ба оташ гирён кардани ҳезуме, ки  мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии куҳистон ҷамъ оварданд, ин маросим оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ  ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани  мардуми шаҳр, маҳалла ва ё деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, дар ҷашни Сада маросими афрухтани оташ ва паридан аз болои он ва давр задан дар атрофи оташ анъана будааст.
   Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рўз ба хотири гарму сўзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ҳамин тариқ, чилрўзагии Хуршедро дар рўзи даҳуми баҳман (30 январ) чун ҷашни Сада пешвоз мегирифтанд ва пас аз 50 рўз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рўз Наврўз аст.
Мардум, махсусан мардуми деҳоту шаҳристонҳо, пеш аз ҳама деҳқонон дар ин айём аз рўи расму анъана ба кандани каналу ҷўйборҳо, тоза кардану ҷўйбору кучаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.
   Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши тозакунии ҷўю ҷўйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.Чунки ин ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣ буданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ-меҳнатии ниёконамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа назму низоми ахлоқӣ  ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ин ҷашнҳои суннатӣ мардумро ба тозагиву озодагӣ, ростиву ростгўӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандўстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдўстӣ, дўстӣ, муҳаббату рафоқат даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳои суннатӣ  инсон метавонад дар муқобили ҳирсу ҷуши нафсонии Аҳримани хеш ғалаба кунад.    
 
Муродова Тоҷинисо
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
[1] Таърихи «Ғурура-ас сияр», маъруф ба «Шоҳнома»-и Саолабӣ . Тоҷнома. Китоби 111. Душанбе. «Бухоро».-2014.-444 с.-С.42.
[2] https : // www. Karnaval. Ir /blod/the ancient Ceremony – of Sadeh
[3] Аз 22-и декабр то 22-и январ – дей ва аз 22-и январ то 22-и феврал - бањман
[4] Дар љараёни навиштани кор аз сайти интернетї низ истифода шудааст