casino malaysia
casino malaysia
Парчам – рамзи давлатдорӣ  

wrapper

  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зеҳн ва тафаккури мардум ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз устувор боқӣ мондааст, дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошт. Дар баробари ҳалли фаврии масоили истиқрори сулҳ, авфи гуноҳи иштирокдорони муноқишаҳои дохилӣ, дарёфти роҳи наҷоти миллат аз буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ва мушаххас намудани самтҳои рушди кишвар дар рӯзи 9-уми Иҷлосия - 24-уми ноябри соли 1992  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ гардид.
  Ҳамин тавр, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат, ки сароғози таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идории кишвар ба ҳисоб мерафт, бо тасдиқи Парчами давлатӣ ба ҷаҳониён исбот кард, ки эҳёи давлати миллии тоҷикон аз эҳёи яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ - Парчами мамлакат оғоз ёфта, роҳбарияти олии он нияти неки зери ин Парчам муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеа ва ба шоҳроҳи тамаддун ворид намудани Тоҷикистони тозаистиқлолро дорад.
  Бояд таъкид намуд, ки ойини парчамдории миллати тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардаанд. Аз ин ҷост, ки эҳтироми парчами миллӣ қарнҳост, ки дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шудааст.
  Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронии худ зикр намуданд: «Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон  мебошад» [3].
  Дарвоқеъ, Парчами миллӣ рамзи садоқат, рафоқат, фахру ҳуввият ва таҷассумгари ифтихору ору номуси ватандорист. Замоне онро рамзи мубориза алайҳи золимон Дирафши Ковиёнӣ хонда, бо зару зевар ҷило дода, мояи ифтихор донистаанд. Бо ин ҳама зебоӣ ва қудрат онро бо вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ «парчаму дирафш» хондаанд, ки ин рамзи ваҳдат ва давлатдории ориёӣ буд. Муҳаббати беҳамтои ориёӣ ба парчам ҳатто чуноне буд, ки сулолаи Сосониён дар он нақши Мурғи Ҳуморо зардузӣ намуда, нишона ва рамзи муқаддас донистаанд. Ҳатто аз муҳаббати зиёд ба парчам, ҳамчун рамзи некию ҷавонмардӣ, паҳлавонони номвари аҷдодони мо ҳар яке диравши хосси худро доштаанд [1, 66].
  Баъди пурра ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 Низомнома “Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шуд, ки тибқи он нишонаҳои Парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид. Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуд, ки дар он тартиби афрохтани Парчам ва ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардида, Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуд. Қонуни мазкур 12-уми майи соли 2007 қабул гардид. Дар пешгуфтори ин қонун оварда мешавад, ки «Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад» [2].
  Инчунин, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонунеро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуд, ки тибқи он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд. Қонуни мазкур 19-уми ноябри соли 2009-ум қабул шуда, тибқи моддаи 2-юми он, ки «Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, 24-уми ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон шудааст.
  Эътироф шудани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳаммаънои самимона дӯст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби зулоли он аст. Тамоми маҳбубиятҳо назди маҳбубияти Ватан ҳеҷанд, алоқае шадидтар аз меҳри Ватан нест. Аз таҷрибаи давлатдории кулли кишварҳои олам аст, ки мардумони тамоми дунё муҳаббати хешро ба ватан маҳз ба тавассути рамзҳои он, аз ҷумла Парчам ифода мекунанд. Парчами парафшон ифодаи ободии ватан буда, ва акси он таназзули ҳар мамлакат аст.
  Парчами давлати Тоҷикистон чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас аст. Дар рӯбарӯи парчами давлати Тоҷикистон аз сарбози одӣ то Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хизмати содиқона ба Ватану миллати хеш савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар парчами мо парафшонӣ мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кишваре сафар кунад ва мулоқотҳо анҷом диҳад ё варзишгарони тоҷик чун дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани суруди миллӣ парчами кишварамон низ афрохта мешавад.
  Воқеан ҳам Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Парчами давлатӣ нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги миллат ба шумор меравад.
 Зулайхо Қодирова
ходими  илмии шуъбаи масъалаҳои
фалсафии дини 
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
АМИТ
Адабиёт
  1. Маҳмадов А.Н.Муқаддимаи идеяи миллӣ. Душанбе 2013.-180 с.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12.05.2007.№:254.
  3. Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ, шаҳри Душанбе, 30 августи соли 2011. Манбаи электронӣ. Санаи нашр: 03.09.2011.
 
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia