casino malaysia
casino malaysia
Парчами давлатӣ рамзи давлатдорӣ ва арзиши миллӣ

wrapper

  Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҷаҳон дорои рамзҳо, аломатҳои фарқкунанда, аз он ҷумла нишон, парчам ва суруди миллии худро дорад. Бо ин аломатҳо давлатро ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳои байналмилалӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст».
  Рамзҳои давлатӣ дар ҷои холӣ ба вуҷуд намомаданд, балки онҳо таърихи халқ, хотираи таърихӣ, сарнавишти миллати тоҷик, арзишҳои маънавию миллӣ, ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат ва дар маҷмӯъ рамзи ободкориву ояндаи шукфон мебошад. Чуноне, ки матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё аз ин гуфтаҳост:
Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту…
 Чуноне ки қайд намудем, хусусияти асосии давлатдории ҳар кишвар парчами давлатии он аст. Таърихи парчами давлатии Тоҷикистон ба гузаштаи дур меравад. Тамоми таърихи миллат ва арзишҳои миллӣ дар рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтаанд. Фидокориҳо ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар ранги сурх, орзую умед ва бахту саодати миллат дар ранги сафед, сарбаландӣ ва шукуфоии миллату кишвар дар ранги сабз таҷассум ёфтаанд. Миллати сарбаланди тоҷик таърихи чандҳазорсола дорад. Решаҳои таърихии миллат бо рамзи тоҷ ва ҳафт ситораанд, ки дар парчами давлатӣ акси худро ёфтаанд.
  Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар фазои соҳибистиқлолӣ, ки бо фидокорӣ ва ободкориҳои худ барои рушди кишвар камари ҳиммат бастааст, зарур аст, ки дар зери ливои Парчами давлатии кишвари азизамон боз ҳам муттаҳид шаванд. Танҳо ваҳдати миллӣ, ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа дар атрофи Парчами нурафшони Тоҷикистон метавонад тамомияти арзии кишвар ва музаффариятҳои истиқлолиятро ҳифз намояд.
 
Нусратулло Зокирзода,
н.и.ф., ходими калони илмии
Шуъбаи масъалаҳои фалсафии
дини Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia