Нусхаи чопи
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавони руй бар ин ганҷ неҳ.
К. Биноӣ
Миллат аз нури хирад бино шавад,
Гар шиносад хешро эҳё шавад.
М. Иқбол
 Тоҷикон дар таъриху фарҳанги башарият ҷойгоҳи хоссае доранд ва имрўз ба кулли ҷаҳониён маълум аст, ки тоҷикон дар радифи дигар мардумони куҳантамаддуни дунё - ҳиндуҳо,чиниҳо, мисриёну бобулиён ва юнониён, яке аз бостонитарин халқҳои олам мебошанд. Таъриху тамаддуни мардумони ориёитабори Моваруннаҳру Хуросон - тоҷикон сарчашма аз умқи асрҳо - Авасто мегирад. Авасто яке аз нахусткитобҳои олам муатаалиқ ба Зардушт - нахустпаёмбари ақвоми ориёӣ, сарсилсилаи таъриху тамаддун ва фарҳангу адаби миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷикони тоҷдор мебошад, ки дар баробари “Веда”-ҳои ҳиндуҳо яке аз қадимтарин осори хаттии инсоният маҳсуб мешавад.
  Ба қавли президенти академияи Авастошиносии ш.Санкт-Петербург Глоба П.П., ин китоб зиёда аз чор ҳазор сол умр дорад. Мавсуф дар китоби худ «Древний календарь совместимости партнеров» зуҳури Зардуштро зиёда аз 4000 сол оғози “даврони барра” (эпоха овна) медонад. Ин нуқта далолат бар он дорад, ки миллати тоҷик яке аз куҳанбунёдтарин халқҳои олам буда, улуми замон, аз қабили фалсафа, мантиқ, таъриху адабиёт, тиб ва табииёт, кимиёву нуҷум, ҳандасаву риёзиёт, сарфу наҳв, фиқҳу калом, мусиқиву саноеъ ва боз чандин риштаҳои мухталифи илм - қонунсозию додгустарӣ, сиёсату давлатдорӣ, гиёҳшиносиву ҷустуҷў ва кашфи маодин ва ғ., хулоса кулли илмҳои роиҷи замонҳоро дар асрҳои миёна ва ба вижа дар аҳди  Сомониён эҳдо намудааст, ки боиси сарфарозию тафохури мо меъросбарони ин фарҳанги гаронарзиш аст.
  Дар олам ҳар касе дар кулвораш ҳарчи дорад, онро ба оламиён арза медорад ва бо он фахр мекунад. Мо - тоҷикон ба аҳли олам илму адаб, фарҳангу тамаддун ва маданияти шаҳрсозию давлатдорӣ ва қонунсозиро арза медорем, ки дар ин ҷода гузаштагони сарбаланди мо собиқаю таҷрибаи гаронарзише доштанд. Танҳо як маншураи Куруши Кабир (539 п.м) чи арзише дорад. Он ба ҳайси аввалин эъломияи ҳуқуқи башар ва унсури аввалини мардумсолорӣ (демократия) ва сарчашмаи бевоситаи “эъломия ҳуқуқи башар” (1948) баромад мекунад. Инҷо як нукта қобили тазаккур аст,ки ғайр аз маншураи Куруши Кабир дар асри II-и то мелод “маҷмуаи қонунҳои Хамураппи” вуҷуд дошт, вале он танҳо барои ҳуқуқу уҳдадориҳои як давлат пешбинӣ шуда буд ва ҷанбаи сирф ҳуқуқӣ дошт, вале маншураи Куруши Кабир барои халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳои зиёде пешбинї шуда буду мазмуну муҳтавои он хеле васеътар ва прогрессивї - умумибашарӣ буду таъмини ҳуқуқу озидиҳои диниву мазҳабӣ ва фитрии ақвоми мухталифро ба танзим медароварданд.
  Хушбахтона бо бадастории Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик муяссар гашт, ки баъди ҳазор сол давлати навини миллии хешро поягузорӣ намояд, парчаму нишон, суруди миллӣ, пули миллиро иншову сикка занад, забони тоҷикиро мақоми давлатӣ бахшад, таъриху фарҳанг ва адабиёти худро аз нав эҳё намояд. Гарчанде ки баъзе унсурҳои харобниҳоду табаҳкори муғризи дохиливу хориҷӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро роҳандозӣ намуда, мехостанд давлат ва миллати тоҷикро порча-порча намуда, ба манотиқи доираи нуфузи хеш табдил дода, мавриди истисмору истеъмор табдил диҳанд, лекин хушбахтона тири ин тирадилону бадхоҳон хок хурду ба хоки сияҳ нашаст ва миллати мутамаддину сулҳхоҳ ва хирадройи тоҷик аз нияти ин табаҳкорони сияҳдилу ҷаҳолатпеша огаҳӣ ёфту хешро аз варта берун кашид. Дар ин роҳи пуршебу фароз фарзандаи фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баромад ва зимоми давлатдорию давлатсозиро ба даст гирифт. Ӯ бо эълон доштани давлати ягонаи дунявии демократӣ, ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол қадам ба арсаи сиёсат ниҳод ва муваффақу мушарраф гардид, зеро ки дар роҳи пешгирифтаи худ устувору матин буду ба азми хеш содиқ ва худро дар роҳи ба даст овардани сулҳу суботи доимию комил ва ваҳдати миллӣ бахшид.
  Бартар аз ин, сиёсати дурусти санҷидашудаи дурбинонаи дохиливу хориҷӣ - такя ба халқ, фидокорӣ ва заҳмату талоши ҳамешагӣ Ӯ миллатро ба мақсад расонид, то дар эъмори давлати нави миллӣ муваффақ бошаду лоиқи эҳтирому эътирофи ҳамагонии тамоми мардуми кишвар - шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои асили миллати Тоҷики тоҷбарсар гардад. 
Сиёсати сулҳпарваронаву башардустона, фарҳангпарваронаю роъйи хирадгароёна на танҳо сарвари давлат балки миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати мутамаддину фарҳангӣ сулҳхоҳу башардуст, илмпешаю маорифпарвар муаррфӣ намуд. Сиёсати сулҳофарии тоҷиконро дар хомўш намудани низоъҳои шаҳрвандӣ барои ҷаҳониён ба маъраз гузошт.
  Бахусус сиёсати фарҳангпарваронаи сарвари давлат таваҷҷуҳу эҳтироми хосса ба илму адаб ва авлавияту афзалият бахшидан ба соҳаҳои илму маориф барои кулли зиёиён ва аҳли илм нишонаи қадршиносӣ, асолат ва фарҳангию мутамаддин будани миллати тоҷику сарвари он ба ҳисоб меравад.
                                        
Холов Ш. А.
и.в. мудири Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ