Нусхаи чопи
 БА ИСТИҚБОЛИ 70-СОЛАГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
 Масоили назарӣ ва амалии сохтори давлати дунявӣ дар суханрониҳо ва мақолоти Пешвои миллат,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
 
 Муддатҳост, ки дар фикри навиштани як чунин рисолае дар мавриди хизматҳо ва нуқтаи назарҳо ва талошу кўшишҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Президенти Кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва умуман, дар мавриди он низоми сиёсии дунявие, ки бо талошҳои пайгири эшон амалӣ шуд ва шуда истодааст, будам. Воқеан, тасаввурнакарданист, ки як нафар чи тавр бо вуҷуди доштани ин ҳама гирифториҳо, мушкилиҳо, машғулиятҳо ва корҳои сиёсию иҷтимоӣ-иқтисодии зиёд ва масъалаҳои азими давлатсозӣ ва кишварободӣ, проблемаҳои иқтисодӣ дар саноату хоҷагии қишлоқ, роҳу тароварӣ боз ин ҳама масъалаҳои марбут ба бунёди маънавии ҷомеа, масъалаи муносибати дину сиёсат ва танзими низоми давлати дунявиро дар ин муддати кўтоҳ ба сомон расонда аст?
  Нақши бунёдӣ ва созандагии Пешвои миллат воқеан дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ва миллат аёну равшан аст. Эшон дар таърихи кишвар  шахсияти нотакроре мебошанд, ки баъд аз Сомониён дар ҳеҷ давре, касеро наметавон ҳамтои эшон пайдо кард.
  Масалан, дар соҳаи ободонии иқтисодиёт ва ободонии кишвар дар тўли ҳазорсолаҳо касе дар фикри ба ҳам наздик кардани манотиқи шимолу ҷануби кишвар аз тариқи шикофтани куҳҳо-тунелсозӣ, равнақи соҳаи роҳу тароварӣ набуда. Ҳатто кишвари бузурге чун Шўравӣ, ки мо ҳудуди ҳафтод сол ҷузъи он будем, чунин  фикре, нақшаи масалан сохтани тунели ағбаи Анзоб, Шаҳристонро накарда буд ва дар соҳаи саноат дар замони шўравӣ ба ғайр аз неругоҳи Норак, неругоҳи дигаре азимтар аз он мисли Нерўгоҳи   Роғун   сохта нашуда буд. Ин ҳам дар як муддати кўтоҳ, он ҳам баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ки мо дар рафти он ҳатто он ҳамаи мошинолот ва корхонаву васоили аҳлию низомии мавҷудро низ аз даст дода будем.
Нақши Пешвои миллатро умуман дар соҳаи фарҳанг қариб, ки мў ба мў дар филми ҳуҷҷатии ахиран гирифташуда нишон додаанд. Вале, хизмати Эшон дар мавриди ҳассостарин соҳаи фарҳанг - дин ва сиёсати динии Пешво кам арзёбӣ шудааст. Воқеан, боварнакарданист, ки ин низоми барҳақ идеалии муносибати дину давлат дар ин кишвар бо вуҷуди ҷангзадагӣ ва тоза истиқлол ёфтан амалӣ шуда, самараи хуб ба бор оварда истодааст. Яке аз самараҳои муҳими он сулҳу осоиштагӣ ва тинҷиву амонӣ мебошад.
  Вале мутаассифона, баъзе гуруҳҳои сиёсии ҳангомаҷў ва ҳизбҳои қудратталаб ин вазъияти осоишта ва дастовардҳои сиёсии давлатро дидан намехоҳанд ва ба ҷои ҳамкорӣ ва дастгирии давлат дар корҳои хайр, ки худ хидмат ба миллат аст, бо ҳар баҳонае, алалхусус, аз буд зиёд ҳангома кардан дар атрофи як-ду масъалае, ки ба назари онҳо маҳдудкунии озодии диёнат аст, ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Албатта, мардум дигар худаш қудрати ташхис кардани некро аз бад, осоиштагиро аз нооромӣ дорад, аммо ҳадафи ин гуруҳҳо он қисмати камтаҷрибаи ҷомеа, асосан ҷавонон мебошанд.
Ин аст ки зарурати баёни ҳақиқати ҳол ва алалхусус, нишон додани дастовардҳои давлат, танҳо дар як ҷабҳа ва он ҳам ҳассостарин ҷабҳа - муносибати дину давлат, дар муқоиса бо гузашта ва кишварҳои дигар, дар ин 31 соли истиқлол зери роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, пеш меояд. Ногуфта намонад, ки як кори хайре дар ин замина пеш аз мо тавассути муҳаққиқони муҳтарам, докторони илмҳои фалсафа Саид Аҳмадов ва Саидмурод Фаттоев шудааст, ки дар пешгуфтори китоби муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи дин», Душанбе, 2006 омадааст. Аммо, аз он сол то имрўз гуфтаҳову навиштаҳои зиёди Президент ҷамъоварӣ ва таҳлил нашуда мондааст.
Агар мо чун мундариҷа, феҳраствор мавзўҳое, ки дар гуфтаҳову навиштаҳои муҳтарам Президенти Кишвар мавриди баҳс қарор гирифтаанд номбар кунем, онҳо иборатанд аз:
1- ҷойгоҳи дин ва масоили диншиносӣ умуман:  аз ҷумла, масоили таҳқиқи таърихи адёни ориёӣ, таърихи ислом ва таҳлили осори пешвоёни дину фарҳанги динӣ, ки дар  китобҳои «Тоҷикон дар ойинаи таърих», «Аҳвол ва осори Имоми Аъзам Абуҳанифа», баромадҳои бахшида ба бузургдошти Абўабдулло Рўдакӣ, Ҷалолуддини  Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон омадаанд;
2- талошҳо дар роҳи бунёди тип-модели нави давлати дунявӣ дар Тоҷикистон, тарроҳӣ ва шарҳу тафсири моҳияти давлати дунявии ҳуқуқбунёди демократӣ ва  озодии виҷдон, ҳамчун гарави адолати иҷтимоӣ ва рўкарди озоди сиришту фитрати ҷавҳарӣ, руҳияву маънавияти зотии инсон;
3- дифоъ аз принсипҳои инсондўстӣ ва маънавиёти олии исломи ноб ва муқаддасоти инсонсози он аз минбарҳои баланди байналмилалӣ;
4- ҷудо донистани ҳисоби экстремизму (ифротгароӣ) терроризм (ирҳоб), исломи хизматгори сиёсат ва чокари қувваҳо ва аҳзобу гуруҳҳакҳои сиёсӣ аз исломи поку ноби муътадил;
5- эътирофи нақши бунёдии ислом, ҳамчун яке аз аслпояҳои фарҳанги миллӣ ва нақши таърихии тараққипарвар-прогрессивии он дар фарҳанги миллии тоҷикон ва бузургдошти амалии он аз тариқи пайиҳам баргузор намудани маъракаҳои таҷлилии пешвоёни фарҳангу дин, чун таҷлили 680 солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 1000-солагии Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, бузургдошти1310 солагии Имоми Аъзам –пешвои мазҳаби ҳанафия ва уламои маъруфи миллат ва ислом чун 950-солагии Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ, Имом Исмоили Бухорӣ,  Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, …;
6- талошу кўшишҳои амалӣ дар роҳи танзиму ислоҳи маросимҳои динию миллӣ ва ба асли худ баргардондини моҳияти онҳо аз тариқи таҳлилҳои хеле амиқи назарии вазъи имрўзаи маросимҳои милливу шаҳравандӣ ва ошкор кардани унсурҳои ғайри маънавию исломӣ ва бидъатҳои дар ин замина  ба вуҷуд омада;
7- таваҷҷуҳи доимӣ ба рушди фарҳанги миллӣ-исломӣ, чигунагии сатҳи шуури динӣ ва вазъи таълиму маорифи динӣ; мусоидати амалии давлатӣ ба ташаккули фарҳанг ва маорифи солими динӣ, бунёд ва  ғамхорӣ ба мадорис ва Донишкадаи исломӣ, масоҷид ва таъмири ёдгориҳои таърихии исломӣ, тарҷума ва нашри Қуръони Маҷид ба забони соддаи тоҷикӣ, тарҷума ва нашри маҷмуи аҳодиси Имом Абуҳанифа бо номи «Муснад» ва «Шарҳи муснад»;
8- ба расмияти давлатӣ даровардани қайди идҳои динӣ-исломӣ, ғайри корӣ эълон кардани рўзҳои ид ва табрику таҳнияти идонаи доимии ҳарсолаи шаҳрвандон ба муносибати оғоз ва анҷоми ин маросимҳо;
9- таъмини озодии виҷдон ва адои бемонеаи  маросимҳои динӣ барои пайравони ҳамаи динҳо, мусоидат барои сол аз сол афзудани теъдоди ҳоҷиёни хонаи Худо, обод кардани қабристонҳо ва ҷойҳои муқаддасу зиёратгоҳҳои маҳаллӣ;
10- таваҷҷуҳ ба таҳқиқоту пажуҳишҳои илмии масоили дини ислом, ташкил додани Маркази исломшиносӣ дар назди Президент ва Маркази исломӣ дар назди Шўрои уламо;
11- таваҷҷуҳи хоса ба вазъияти иҷтимоию сиёсӣ ва сатҳи илмию фановари (технулужӣ)-и олами ислом ва кўшиш дар роҳи ҳалли масоили марбут ба он ва баланд бардоштани мақоми  дини ислом натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он, дар сатҳи баналмиллалӣ, аз минбарҳои баланд ба миён гузоштани пешниҳодҳо барои рушду шукуфоии кулли ҷомеаи ҷаҳонии исломӣ: чун Барнома ва Стратегияи дарозмуддати рушди исломӣ ва Бунёди ҳамбастагии исломии рушд; Бунёди рушди илм ва технологияи навин.
12- ниҳоят, зарурати аввалиндараҷа барои раҳбари давлат дар ин амр иродатмандӣ  ва эътиқоду имони шахсӣ ва адои фароиз чун зиёрати Хонаи Худо  ва мушарраф шудан ба зиёрати дохили хона Каъба, савганд ёд кардан дар маросими қабули  президентӣ бо номи поки Худо ва дуои неки падару модарон аст.
Танҳо ҳамин мундариҷаи матолиби зикршуда барои шахси огоҳ, дар муқоиса бо вазъи дину диндорӣ дар гузашта, кофӣ аст, ки рўшан тасаввур кунем, то чи андоза  мо ба шарофати сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Президенти Кишвар дар муносибати дину давлат дар ин муддати кутоҳ пешравӣ кардем.
Ман дар ин муқаддима баъзе масъалаҳои сирф диншиносии марбут ба таърихи адён, ки дар китобҳои муҳтарам Президент  ҷой доранд, масалан: дар мавриди таърихи динҳои ориёӣ-эронӣ чун ойинҳои то зардуштӣ, меҳрпарастӣ, зурвония, зардуштия, монавия ва маздакия ва таърихи футуҳоти исломии Осиё Миёна ва ғ-ра, ки ба мавзуъ бевосита дахл надоранд, сарфи назар мекунам. Ҳарчанд, метавон гуфт, ки ин таҳқиқоти илмии муҳтарам Президент аз нигоҳи илмият ва мубрамият яке аз корҳои ҷолиби илмии диншиносӣ аст, ки дар солҳои истиқлол навиша шудааст. Воқеан, ман ҳамчун диншинос арзиши баланд доштани ин корҳоро эътироф ва ҳамеша ба шогирдонам тавсияи хондани онҳоро дар дарсҳои диншиносӣ ва барои супоридани имтиҳоноти ҳадди ақали ин илм барои аспирантон мекунам.
 
Моҳияти давлатҳои дунявӣ
ва модели нави давлати дунявӣ дар кишвари мо
 
  Яке аз мавзўҳои калидӣ дар мақолот ва суханрониҳои муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъалаи давлати дунявӣ мебошад ва воқеан метавон эшонро тарроҳ ва меъмори типи нави давлати дунявӣ ва назарияи дунявияти нав номид.
Таҳкими дунявияти давлат дар баробари истиқлол аз муҳимтарин вазифаҳои давлати тозабунёди тоҷикон буд ва муҳтарам Президенти кишвар инро ҳамеша дар мадди назар дошта, барои таҳаққуқи он кўшидаанд. Таҳаққуқ пазируфтани як андеша ё идеяи сиёсии наву тоза ба солҳо кўшишу талоши пайгир ва муборизаи хастагинопазир, ташвиқу таблиғ ниёз дорад, то мардум моҳияти онро дарк кунанд, то ин  тарҳ аз қувва ба феъл ояд, аз имкон ба воқеият табдил шавад, ҷомаи амал пўшад ва марому мақсуди шаҳрвандони як кишвар гардад.
  Идеяи давлати дунявӣ, фарҳанги дунявият ва муносибатҳои иҷтимоии дунявӣ аз ҷумлаи чунин идеяҳо ва марому мақсади сиёсӣ мебошад. Ман дар рафти ин пажуҳиш яқинан итминон ҳосил кардам, ки ҳеҷ кас дар ин кишвар дар тўли ин 31-соли истиқлоли он ба андозаи муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷодда саъю кўшиш ва ташвиқу таблиғ, аксар аз ин талоши  навоварӣ, навсозӣ  ва моҳияту хусусияти нави миллӣ бахшидан ба ин мафҳумро накардааст. Ҳамчунин ин мавзуъ дар мақолот ва суханрониҳои ў ҷои намоёнро ишғол кардааст.
  Дар ин роҳ муҳтарам Президент ҳам аз тариқи мақолоти китобӣ, суханрониҳо, паёмҳои табрикӣ ва мусоҳибаҳои худ ҳамеша, ҳамоно аз оғози кор ба симати Раиси Шўрои Олии кишвар талош варзидааст, то ин фарҳангро дар таровиши нави миллӣ пиёда  созад.
  Ҳанўз 31 декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон, дар симати Раиси Шўрои Олии кишвар изҳор медорад, ки «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегўем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад»[1]. Эшон инчунин 15 ноябри соли 1993 фармудаанд: «Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ чунон ки маълум аст, эҳтироми ҷумҳурии моро ба принсипҳои эътирофшудаи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократию дунявӣ эълон намуд»[1].
  Барои ин ки хизмати эшон дар ин ҷодда барҷаста бо тамоми хусусиёташ нишон дода шавад, бояд аз усули ақлонию мантиқии қиёс истифода кард.
  Ҳамон вақт мо аҳамияти назарию амалии фаъолиятҳои сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди бунёди давлати дунявии ҳуқуқбунёди демократӣ типи нав метавонем дарк кунем, ки аввалан, вазъияти динро то замони истиқлолият дар кишвари шуравӣ ва кулли маводи декретҳои ленинию сталинӣ, қарорҳои ҳизби коммунистро аз як тараф ва таърихи таҳаввули типҳои давлати дунявиро аз гузашта то имрўз дар зеҳни худ аз нав тасаввур кунем. Солисан, оид ба навъу типҳои гуногуни давлати дунявӣ (ё секулор)- муосир маълумот дошта бошем, то бидонем, ки он типи давлати дунявие, ки дар кишвари мо бо кўшишҳои пайгири мўҳтарам Пешвои миллат Президенти Кишвар пиёда шуда, ба кадоме аз он наздик аст.
  Ибтидо мехоҳам дар бораи як баҳсе, ки дар доираҳои динӣ- фалсафии худамон ва берун аз кишвар ҷой дорад, таваҷҷўҳи шуморо ҷалб кунам . Ин баҳс он аст, ки гўё асосгузори давлати дунявӣ (секулор) Аврупо бошад. Дар ин робита бояд бигуям, ки дар таърихи тамаддуни башар метавон гуфт ғоя ва иқдоми амалии муҳимтарин унсури дунявият-озодии виҷдон(ақида)-ро тоҷикон гузоштаанд, ки  намунаи он «Маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир шуда метавонад, ки Пешвои миллат ба ин ишорае ҳам доранд.     Гузашта аз ин мутафаккирони гузаштаи мо низ ба навъе ошкоро зарурати аз диёнат вобаста набудани ҳукму қазовати ҳокимро таъйиду таблиғ кардаанд. Аз ҷумла Аҳмади Дониш, яке аз алломаҳои охири асри XIX-и тоҷик дар ибтидои «Рисолаи сиёсӣ» масъулиятнок будани кори салтанат ва ҳукумат ва риояи адолатро таъкид намуда, мефармояд, «ҳамчунон ки Офаридгори субҳонаҳу кофиру мўъминро рўзӣ  медиҳад ва фарқ намедиҳад, подшоҳ низ сиддиқу зиндиқ, олиму ҷоҳил ва орифу оммӣ  ҳамаро ба раҳмати хеш мустиаъмал дорад»[2].    Ў ҳамчунин афзудааст, ки «(Подшоҳ) ҳеҷ ҳукме ҷуз ба адолат нафармояд, ки салтанат ба куфр муҷомаат дорад, аммо бо зулм не, (ки) султон ҳамчу боғбон аст дар мулки ҷаҳон. Ҷаҳондори Таоло боғи ҷаҳон (яъне кишварро А.Ш,)-ро ба касе медиҳад, ки ҷаҳонро обод дорад. Ва куфру имон дар он шарт нест, балки шарт он бувад, ки боғбон марде донишманд бувад, то маслиҳати ободии боғро бидонад ва хасу хошоки музирру мухилли боғро барчинад»[2]. Аҳмади Дониш ин ҷо умури сиёсиро аз умури мазҳабӣ ҷудо ва афзалтар ва адолатро гарави асосии бақои мулк ва ободии он мешуморад.
    Ин аст, ки заминаи дунявияти давлат ва собиқаи он дар суннатҳи миллии мо ва  исломи аҳли суннат ва ҷамоат гузошта шудааст ва он аз хориҷ наомадааст, танҳо ин замина бо вазъияти имрўза бо он фарқ мекунад, ки чун дар гузашта дар соҳаи идеологӣ ва қонунгузорӣ, ягона ниҳоди фаъол дин будааст, бо вуҷуди дунявӣ будани давлат аз дин дар умури  идеологӣ, аз ҷумла ҷаҳонбинӣ ва қонунгузорӣ васеъ истифода мешудааст, ки ин худ як типи муайяни давлати дунявӣ аст, ки имрўз низ унсурҳои он вуҷуд дорад ва метавонад вуҷуд дошта бошад.
    Умуман, давлатҳо аз лиҳози ҷойгоҳи дин дар онҳо ду навъанд: давлатҳое, ки дар онҳо дин қонунан, ҳамчун ниҳоди давлатӣ ба расмият шинохта шудааст ва давлатҳое, ки дар онҳо  дин (калисо) ё иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва ба истилоҳ хусусияти дунявӣ доранд.
    Дар навбати худ давлатҳои дунявӣ, ҳадди ақал се тип ҳастанд:
Типи якум, кишварҳое мебошанд, ки бо вуҷуди эътирофи дини расмии давлатӣ асосан қонунияти дунявӣ дар он кишварҳо  амал мекунад, ҳарчанд  калисо ва иттиҳодияҳои динӣ озодиҳову ҳуқуқҳои бештар доранд ва таълимоти динӣ низ дар мактабу мадорис иҷозат дода шудааст ё ки ҳатмист. Ба ин навъ кишварҳо Британия Кабир, Италия, Испания, Полша ва ғайрад дохиланд.
   Типи дуввум, он кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо бо вуҷуди аз давлат ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ байни дину давлат ҳамкориву ҳамоҳангӣ, алахусус дар умури тарбияи маънавию ахлоқӣ ва барангехтани рўҳия миллӣ-ватанхоҳӣ ҳукмрон аст. Мактабҳо расман аз муассисоти динӣ ҷудоянд, вале дар солҳои охир дар ин кишварҳо низ таълими динӣ дар макотиби ибтидоиву миёна роҳ ёфта истодаанд. Ҳамчуни дар баъзе кишварҳои исломии мутааллиқ ба ин тип дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ низ, ниҳодҳои динӣ фаъолият доранд. Ин типи дунявият дар Франсия, Олмон, ИМА, Россия, Туркия, Ҳиндустон амал мекунад. Дар ин кишварҳо дунявият ба маънии бединӣ ё атеистӣ будан нест ва сарварони ин кишварҳо низ диндории худ ва эҳтироми худро ба дини кишварашон пинҳон намекунанд.   
        Типи севум- типи собиқ давлати шуравӣ мебошад, ки мо аз сар гузаронидем ва дар он:
  • Иттиҳодияҳои динӣ ҳамчун муҳити муносибатҳои шахсию хусусӣ аз давлат ҷудо буда, байни онҳо ва давлат, ки бар пояи идеологияи моҳиятан материалистию атеистӣ устувор буд, ҳеҷ гуна муносибати созандае вуҷуд надошт ва бо идеологияи динӣ, ҳамчун мухолифи дараҷаи аввали ҷаҳонбинӣ ва идеологияи коммунистӣ муборизаву зиддияти оштинопазир вуҷуд дошт;
  • дар он воқеан иттиҳодияҳои динӣ комилан аз давлат ҷудо буда, дар ҳеҷ умури давлатдорӣ ҳамкорӣ надошт ва танҳо ҳамчун боқимондаи даврони гузаштаи ба идеолҳои ҷомеаи коммунистӣ бегона бояд аз байн бурда мешуд ва ҷои онро ҷаҳонбинии материалистиву атеистӣ мегирифт;
  • барои аз байн бурдани таъсири дин давлат ниҳодҳои гуногуни идеологӣ, сиёсию маъмурӣ ташаккул дода буд, масалан: «Иттиҳоди атеистони ҷанговар» бо нашрияи «Бехудоён», « Илм ва дин», «Ҷамъияти дониш», «Хонаҳои атеизм», шўъбаҳои идеология ва таблиғоти ҳизбӣ ва ғ-ра
  • дин ҳамчун боқимондаи даврони феодалӣ, ҳадди ақал ба ҳоли худ вогузор шуда буд ва мебоист ба таври худноогоҳ (стихиявӣ) ва ҳамчунин аз тариқи таблиғоти зиддидинии атеистӣ аз байн мерафт ва аз тарафи давлат барои тақвият ва рушди он ҳаҷ дастгирие намешуд;
  • калисо ва ташкилотҳои динӣ ба ҳеҷ умури давлатӣ ва кишвар, ҳатто дар тарбияи маънавию ахлоқии шаҳрвандон ҷалб карда намешуданд;
  • ҳуқуқи юридикии фаъолиятҳои иқтисодӣ, соҳибият ва доштани моликиятро надоштанд;
  • аз ҳуқуқи чопу интишори китобҳои динӣ ва нашрияҳои динӣ маҳрум буданд;
  • ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ ҳуқуқи таблиғу ташвиқи диниро берун аз калисоро надоштанд;
  • ҳуқуқи бунёди мадрасаву донишкадаҳои динӣ, ҳатто доштани китобхонаро низ аз ташкилотҳои динӣ гирифта шуда буд;
Ногуфта намонад, ки дар даҳаҳои охири мавҷудияти худ ин режим баъзе гузаштаҳоро дар ин соҳа барои дар назари оламиён вуҷуди озодии дину виҷдоро дар СССР собит кардан, мутаҳаммил шуда буд.
   Пешвои миллат,  Президенти кишвар дар мақолае, ки дар рўзномаи «Сегодня»-и Федератсияи Россия аз 8 апрели соли 1998, чоп шуд, моҳияти давлати дунявиро  мавриди баррасӣ қарор дода онро дар муқоиса бо гуногунии шароити иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии олами ислом арзёбӣ менамояд. «Ҷаҳони ислом, -мефармояд Президент,- хусусиятҳои гуногун дорад, халқҳои гуногуни он маънаван муттиҳид бошанд ҳам, вобаста ба шароити таърихӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҷаҳони ислом дорои давлатҳои гуногун мебошанд, ки бисёриашон  характери дунявӣ доранд.»  Пешвои миллат зимнан таъкид мекунад, ки «Мамлакатҳои исломӣ дар ҳайати Созмони конфронси исломӣ муттаҳид гардидаанд, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро эътироф менамояд». Ин такид барои идроки моҳияти дунявияти кишвари мо хеле муҳим аст, чунки яке аз принсипҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар эътирофи озодии виҷдон аст. Пас агар Созмони конфронси исломӣ ин Эъломияро қабул дорад, ҳеҷ ихтилофе аз лиҳози мазҳабӣ дар дунявӣ будани давлати мо нест.
   Ин аст, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар дар ин мақола боз як бори дигар ёдовар мешаванд, ки «Вақте мо дар бораи ҷудо кардани давлат аз ташкилотҳои динӣ сухан меронем, дар амал пиёда кардани принсипи муҳими демократӣ, озодии виҷдон, озодии гуногунандешии идеологӣ, маънавӣ ва сиёсиро дар назар дорем. Ҳамаи ин дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ҳуҷҷатҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ифода ёфтаанд, ки Тоҷикистон низ онҳоро имзо кардааст. Ба истилоҳи дигар, давлат ва ҳукумат набояд идеология ё дини алоҳидаро ба сари ҳокимият орад. Дар акси ин ҳол ҳокимияти мутлақ, яъне ҳокимияти тоталитарӣ ва теократӣ ба миён меояд, ки ба озодии андеша, сухан ва виҷдон имкон намедиҳад[1]» .
   Изҳороти дар боло нақл шуда ва маводи суханрониҳои баъдии Пешвои миллат,  Президенти ҶТ нишон медиҳанд, ки чигуна қадам ба қадам  принсипҳои бунёдии давлати дунявии типи навро пайгирӣ намуда, онро амалан дар шакли қонун татбиқ мекунад.
   Ҳанўз дар изҳороти аввал соли 1992 таъкид менамояд, ки ҳукумат ба рушду такомули арзишҳои демократӣ дар ҷомеа кумак намуда, дар баробари ин намегузорад, ки гуруҳе дар зери парчами демократия табар ба решаи арзишҳои умумиинсонӣ (аз ҷумла динӣ А.Ш,)занад. Дар ин изҳорот бо таъкид ба он ки дар ҷумҳурӣ аксари мардум мусалмон ҳастанд, меафзоянд, ки «Ҳукумат на танҳо дини мубини исломро эҳтиром мекунад, балки ҳамчунин  барои ба ҷо овардани эътиқоди динии халқҳои дигар низ дахолат намекунад».
   Дар ҳамин ҷо дуввумин принсипи дунявият дахолат накардани пешвоёни дин ба корҳои давлат ва роҳ надодан ба тақсими мардум ба мусулмону кофир ва низоъ ангехтан, махсус баён гардидааст ва таъкид мешавад, ки «Эътиқод кори шахсии ҳар як инсон аст.» вале ин маънои тамоман дар канор гузоштаи рўҳоният аз умури иҷтимоиро надорад, чунки ҳамоно Президент рўҳониятро «ба ҳамкорӣ ҷиҳати дар партави қонун танзим намудани  умури динӣ ва ҳамкориву иштирок ба рушди ҷомеа аз тариқи рушди маънавии мардум даъват мекунад[1]».
   Бояд ба назар гигифт, ки ин севумин принсипи дунявияти типи миллии мо аст, ки маънии ҳамкорӣ дар умури маънивӣ ва ҳифзи оромии ҷомеа ва рушди иҷтимоии онро дорад ва чунин мавқегириро дар аввалин изҳороти расмии Президент мебинем.
   Аз аввали фаъолияти худ кўшиши Пешвои миллат, Президент иборат аз он буд, ки моҳияти давлати дунявии типи миллии моро ба мардум фаҳмонад. «Мо ҷомеаи дунявӣ бунёд намуда, дар айни замон ба эътиқоди динию мазҳабии ҳамватанонамон ягон мамониат нишон намедиҳанд. Бигузор одамон бо кадом дину мазҳабе, ки эътиқод дошта бошанд, ба ҳамон имон оварданд[1]».
   Ҷаноби Олӣ зимнан, меафзоянд:  «ҳарифони сиёсии мо моҳияти дунявӣ доштани давлати Тоҷикистонро ҳамчун атеизми давлатӣ маънидод мекунанд, ки ин ҳама аз рўи ғараз аст.»
   Ин муҳимтарин нукта дар усули дунявияти давлати мост, ки минбаъд чунон ки хоҳем дид, амалан густариш ёфта, онро аз дунявияти иҷбории атеистӣ комилан фарқ мекунонад. Чунки дар дунявияти даврони шўравӣ, чунон ки дар боло ишора шуд, ба дин ва ташкилотҳои динӣ ҳатто умури маънавӣ ва тарбияи ахлоқиро низ бовар намекарданд ва таълимоти ахлоқии динӣ ҳамеша зери тозиёнаи танқиди илеологияи коммунистӣ қарор дошт.
    Президент дар 8 сентябри с.1996 дар маҷлиси ботантанаи бахшида ба рўзи Истиқлолият иброз медорад: «Мо ба дини мубини ислом, чун ба як сарчашмаи покизаи маънавӣ, рўҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем.» ва зимни боршуморидани нақши гузаштагони баруманди тоҷик дар ривоҷу густариши дини мубини ислом  меафзояд: «ислом рукни муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мост[1]».
    Ин аст, хусусияти миллии дунявияити кишвари мо, ки Пешвои миллат,  Президенти кишвар тарроҳу меъмори он аст, яъне эътирофи дини ислом ҳамчун рукни муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеа аст. Магар болотар аз ин адён вазифае доранд?
   Президент дар анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон иброз медорад, ки «Мо борҳо гуфтаем ва боз мегўем, ки мақсади мо сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад.» Ҳамоно зимнан таъкид мекунад, ки «Мо ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонро дар риояи суннатҳои дини ислом заррае маҳдуд намекунем. Алҳамдуллилоҳ ҳамаи мо мусулмонем, фарзу суннатхои исломро то қадри ҳол медонем ва риоя мекунем. Анъанаҳои гузаштаи халқ, фарҳангу адаби ҳазорсолаи ниёгон дар алоқамандӣ бо суннатҳои ислом густариш ёфтааст».
   Инҷост фарқи динявияти миллии баъдиистиқлолӣ аз дунявияити атеистии шуравӣ, ки зимни иқрор ба мусулмонӣ, вобастагии фарҳанги миллатро аз ислом тасдиқ мекунад.
   14 феврали соли 1997 дар суханронӣ ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе Президнти кишвар мефармояд: «Давлати мо дунявист, аз ин рў, на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дуруғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на мўътақидони ягон шакли дигари ақоиду афкори сиёсӣ-ҳуқуқӣ ҳуқуқ надоранд, ба хотири густариши режими сиёсиву динӣ, Конститусия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятро сарфи назар намояд».
   Зимнан меафзояд: «Мо аз беҳтарин дастовардҳои давлатдории дунявӣ баҳра бурда, таҷриба ва роҳу равиши идоракунии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро меомўзем ва бо дарназардошти шароити мушаххаси ҷумҳурӣ, тарзи зиндагии халқ, анъанаҳои миллӣ ва дигар омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ шакли аз ҳама мувофиқи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявиро месозем»[1].
    Аз ҳама муҳим дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Кишвар аз аввал он аст, ки дар  он динситезию исломситезӣ ҷой надорад ва ин равиш ба тадриҷ густариш ва мазмуну мундариҷаи амиқ пайдо мекунад
   Дигаре аз фарқи асосии сиёсати дунявияти кишвари мо аз даврони шўравӣ дар он аст, ки давлат ба чигунагии шуури динии шаҳрвандон бепарво нест ва мисли даврони шуравӣ ҳадафи аз дин дур кардани омма ё аксар аз он бединкарданро надорад. Балки ҳадафи аз нав тазриқ кардани хуну нерўи тозаи навоварию навсозӣ, хуну нерўи исломи тамаддунофар, тараққихоҳро дорад. Эҳёи каромати инсонӣ ва шукўҳу шуҳрати мусалмониро ҳадаф қарордодааст. Дар сиёсати Президент дин аз ҳолати карахтиву дар зовияафтодагӣ ба майдони талошу кўшишҳои фаъолу муфиди дунявӣ, иҷтимоӣ ба аъмоқи таҳаввулоти ҷомеа ва барои ҳидоят ба фармудаҳои ояти 77 қуръонӣ дар сураи ал-Қиссас (ва ло тансӣ насибука мин дунё-«бо он чи Худо ба ту додааст охиратро биталаб баҳра -насибаатро низ аз дунё фаромўш макун!Эҳсон кун чунон ки Худо бар ту эҳсон кардааст, аҳли фасодро дўст надор!»  нигаронида шудааст.
  Ин аст, ки Президент 19 марти с.1997 дар  мулоқот бо зиёиён изҳор медорад:« …дин ва аҳкоми динӣ бояд барои амалӣ гаштани ормонҳои наҷиби миллӣ, тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, инчунин донишу фазилати башардўстонаи ҷавонон ба давлат мадад расонад. Ҳам давлат ва ҳам аҳкоми дин барои тезтар барҳам додани рўҳияи ҷаҳолат, ҳаромхўрӣ, авомфиребӣ, бадахлоқӣ дар ин марҳилаи ҳассос бояд мубориза баранд». Ва 14 –уми марти соли 2008 дар Созмони Конфронси исломӣ аз он минбари баланд даъват намуд, ки «Рисолати аслии дини мо камоли ҳақиқии инсон ҳамчун мавҷуди эҷодгар ва ворастаи офариниш аст. Инсоне, ки васваса ва ҳирси шайтониро қотеона мешиканад, дар роҳи растагорӣ огоҳона ва пайгирона пеш меравад.»
   Дар ниҳоят ногуфта намонад, ки бузургтарин дастоварду нодиртарин иқдоми сиёсию фарҳангие, ки бо сарпарастӣ ва исрору пайгириҳои Пешвои Миллат бор овард ва бо муваффақият амалию пиёда шуд ин «Қонун дар бораи танзими расму оин ва анъанаҳо» мебошад, ки дар ҳеҷ кишвари исломӣ ва ғайри исломӣ собиқа надорад. Ин дастоварди нодире мебошад,  ки иқдоми аввале дар роҳи ислоҳи шуури миллию динӣ шуда метавонад. Пешвои миллат бо ин иқдоми самарабахшу нодири худ роҳро ба иқдоми дигар қабули барномаи ислоҳи шууру зеҳни динии миллат, ки тайи дусадсолаи ахир муслиҳини исломӣ кўшиданд, вале амалӣ нашуд замина омода кардаданд ва метавон гуфт, ин  зимнан , ки зимни танзим  муяссар гардид, суҳаи асосӣ ва ҳассоси шуури динӣ мебошад, ки ба самар расидани он гувоҳӣ аз имкони ислоҳи амиқу бунёдии шуури диниро медиҳад.
   Ислоҳи шуури динӣ дар қаламрави дини насронӣ, ки тавассути М.Лютер анҷом гирфт, на дар ҳама ҷабҳаи он балки,танҳо дар доираи  як равия протестантизм амалӣ  шуд ва ҳамин кофӣ гашт, ки Аврупо аз хоби ғафлати асрҳои миёнагӣ, ки бештар аз 1200 сол аз асри 5 мелолӣ то 16-17 мелодӣ тул кашида буд, бедор шавад. Ҳоло саволе пеш меояд чаро ҳаракати Лютер ва хостаҳои он ҷомаи амал пўшид вале ҳаракати ислоҳе, ки Ҷамолиддин Асадободӣ, Муҳаммад Абдо ва дигарон оғоз карда будан натиҷа назаррасе ба бор наовард. Шояд сабаб он бошад, ки Лютер ҳадафи дар саҳнаи  сиёсат кашидани дини насрониро надошт, балки  ҳадафаш амалӣ сохтани фармудаи Масеҳ: «Вазифаи Худоро ба Худо вогузоред, вазифаи сиёсатмадор(қайсар)-ро ба қайсар ( сиёсатмадор)» вогузоштан буд. М.Лютер бо 95 тезис –пешниҳодаш пеш аз ҳама танзиму ислоҳи маросиму муқаррароти динӣ мисли варақаи пардохти инделгенсия барои ба ҷаннат ворид шудан, аз байн бурдани ҳашамату мақоми болои калисо ва ходимони он буд, ки метавон гуфт барои ислоҳи тамоми равияҳои дини насронӣ ва ба замона мувофиқ созии онҳо хизмат кард. Хулоса  ҳам ҷудо кардани дину сиёсат ва танзими калисо буд, ки Лютер муваффақ шуд ва мўминонро чунон ки пеш аз ў Баҳоваддини Нақшбанд тавсия мекард ки: «даст ба кору дил ба Ёр» сохт, ки аз он ҷомеашинос Макс Вебер ҳамчун «ахлоқи протестантӣ», омили  рушди сармоядорӣ арзёбӣ кардааст.  
    Ин аст, ки агар мо ба марҳиллаи дуввум  ислоҳу танзиф, яъне поксозии шуури динӣ аз хурофоту бидъатҳоро барномарезӣ кунем, Иншоаллоҳ  муваффақият чун дар соҳаи танзим ва ғалабаи бузургу бесобиқае дар ин амри хайр моро интизор аст.
   Дар ниҳоят бо арзи табрику таҳнияти Ҷашни Фархундаи 70-солагӣ Ҷаноби Олӣ ва таманнову дахости боз як 70-и дигар умри бобаракат аз Мудаббири  Олами Ҳастӣ ин арзномаро поён дода, умедворем, ки пешниҳоди охирини мо- мўсафеди 77-сола мавриди қабул қарор мегирад. Бо ин пешниҳод дар ин синну сол танҳо як таманно сарбаландии Пешвои Миллат ва ин Миллати Куҳантамаддун мебошаму халос.
 
Шерзод Абдуллоев
 
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии
Шуъбаи фалсафаи  масоили дини
 Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи  ба номи  А.Баҳоваддиноваи АМИТ
 
 
 
Адабиёти истифодашуда
  1. Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи дин. Душанбе-2006. с.49
  2. Аімади Дониш. «Рисола ё мухтасаре…» к. 2. - С.152-153, 169.