Нусхаи чопи
   Ҷаҳони пуртаззод ва суръатнок дигаргуншавандаи муосир ба тамоми равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ, вазъи дохиливу хориҷии кишварҳо, муносиботи байналмилалӣ таъсири боризе ворид кардааст. Чунин тағйирпазирии динамикии ҳолати ҷаҳон кишварҳои тозаистиқлол, аз қабили Тоҷикистонро пайваста ба мустаҳкам кардани мақому мартабаи худ такон дода, онҳоро барои таҳлилу таҳқиқи пайваста ва ҷустану истифода намудани роҳу усулҳои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии ҷомеаҳояшон, истиқлоли худ водор месозад. Яке аз чунин арзишҳои бо ҳам пайванд, ки нақши боризе дар ин раванд дорад, забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
  Забон қисми ҷудонопазири таркибии ҳамагуна фарҳанги миллӣ буда, ошноии пурра бо он  ҳатман натанҳо омузиши таърихи моддӣ, таърих, ҷуғрофиё, иқтисодиёт ва ғайра, балки кӯшиши дарки тарзи тафаккури миллат, бо чашмони соҳибони фарҳанги мазкур дидани оламро дар назар дорад. Маҳз забон муттаҳидгари асосии нишонаҳои миллат мебошад, зеро ягон идеяи умумӣ, арзиши фарҳангӣ ва хоҷагидории умумӣ бидуни фаҳмиши ягонаи рамзҳои калимавии дар муошират истифодашавандаро мумкин набуда, маҳз забон чун воситаи ирсоли муқаррароти фарҳангӣ хизмат менамояд. Мутафаккирони бузурги тоҷик забонро оинаи руҳу равони халқ донистаанд. Бинобар ин, ҳар як давлате, ки аз ояндаи худ андеша менамояд, пеш аз ҳама, дар масъалаи забон мутамарказ мешавад.
 Мазмун ва мундариҷаи мафҳуми «забони миллӣ» ба таври онтологӣ бо мафҳумҳои миллат ва манфиати миллӣ пайванди ногусастанӣ доранд. Забони миллӣ меҳвари худшиносии миллист. Он забонест, ки ба таври шаклӣ ё воқеӣ бо гурӯҳи муайяни одамоне пайванд дорад, ки одатан ва таърихан дар минтақаҳои муайяне маскунанд. Забони миллӣ ҳамчун забони умумии миллат дар натиҷаи раванди ташаккули миллат ба вуҷуд омада, ҳамзамон омилу шарти арзи вуҷуд кардани миллат мебошад. Миллат чун умумияти таърихии одамон, пеш аз ҳама, бо мавҷудияти забони умумӣ, қаламрави умумӣ, ҳаёти иқтисодӣ, вижагиҳои равонӣ, ки дар умумияти фарҳангӣ таҷассум меёбад, тавсиф дода мешавад. Забони миллии тоҷикӣ - забони миллати тоҷик буда, он тамоми соҳаҳои фаъолияти гуфтории одамон, новобаста аз сатҳи маърифату таҳсил, тарбия, макони зист, касбу корро фаро мегирад. Ба ибораи дигар, он тамоми гуногунрангии шаклҳои ифодаи забонии афкори миллати тоҷикро дар худ таҷассум менамояд. Он маҷмуи калимот, шаклҳои гуногуни калимасозӣ, истифодаи онҳо дар забони зинда, хусусиятҳои талаффузеро, ки мансуб ба миллати тоҷик аст, дар бар  мегирад.
 Забони миллӣ ҳамчун моликияти гаронқадри халқ дар якчанд шакли зоҳиршавии худ вуҷуд дорад. Забони миллии мо шиносномаи миллат ва нишонагари ҷои сукунати он мебошад. Ҳамин тавр, забони миллӣ мафҳуми иҷтимоӣ-таърихиест, ки забони муоширати миллатро дар ду шакл- шакли шифоҳӣ ва хаттӣ ифода менамояд. Аз ҷиҳати сохтори дохилии худ забони миллӣ меросбари забони халқият мебошад. Он имконияти ба муоширати бештар самаранок ҷалб намудани он вазифаҳоеро, ки барои ҳалли вазифаҳои иртиботи байни ҷомеа заруранд, медиҳад. Давраи олии рушди низомҳои вазифавии забонро бо ташаккули забони миллӣ робита медиҳанд.
 Забон, ҳамзамон, бо миллат пайдо шуда, натиҷаи эҷоди он ва воситаи тафаккури вижаи миллӣ мебошад. Асосгузори назарияи забоншиносӣ В.Гумболд дуруст мефармояд, ки «забон нафас, руҳи миллат аст»[2]. Ҳамин хусусияти забонро дар назар дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад»[1,4]. Забони миллӣ шаклест, ки дар худ арзишҳои маънавиро ҳифз карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол медиҳад, ки онҳоро халқ дар таърихи худ ба вуҷуд овардааст. Миллате, ки забони модарии худро ҳифзу нигаҳбони намекунад, ба он арҷ намегузорад, оянда надорад, зеро он маҳз ҳамон ченаки абадиву устуворест, ки бе он ягон дастоварди илмӣ ва маърифативу донишу иттилоотӣ ғайриимкон аст.
Таърихи ташаккул ва такомули ҳар як забон алоҳидаву нотакрор аст. Кӯшишҳои халқе, ки ҷомеаи миллиро ташкил мекунад, барои доштани забони миллии аз дигар забонҳои миллӣ фарқкунанда марбут ба соҳаи ҳавову ҳавасҳоест, ки бинобар сабабҳои объективии табиати фарҳангӣ-таърихӣ, сиёсӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ дошта ба вуҷуд оянд ҳам, аксар вақт ба таъсири тамоюлҳои субъективии арзишии мухолифи вазъияти забонии воқеӣ буда. тобеъ мешаванд. Дар баробари ин, ҳар як забон дар шакли забони миллии вижа зуҳур карда дар он  ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва хусусиятҳои он таҷассум меёбанд. Забони миллӣ бо тафаккури миллӣ, шуури забонии он бевосита пайваст буда, ҳамчунин, ба воситаҳои ифодаи хусусиятҳои шинохти олам, арзишҳои миллӣ, хусусиятҳои тарзи ҳаёт, анъанаву расму оинҳои миллӣ марбут аст. Ба ибораи дигар, забони ин ё он халқ падидаест, ки дар худ низоми миллии хосро дошта, тавассути он ҷаҳонбинии соҳибони забон чун шахсияти забонӣ ва намояндаи этнос муайян мегардад. Таҳқиқи сурати миллии забонии олам имконияти дарки гуногунрангӣ ва мушобеҳоти фарҳангҳои миллиро дода, воситаи хуби пайдо кардани роҳҳои ҳамгироии онҳо дар фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қавӣ ва соҳибхати дунё ба шумор рафта, ҳанӯз дар асри Х ба худ мақоми давлатӣ гирифтааст[3,23]. Ин падидаи  таърихӣ  бо давлатдории Сомониён марбут буда, маҳз дар ҳамин замон сатҳи баланди худшиносии амирони Сомонӣ, хусусан Исмоили Сомонӣ шароит фароҳам овард, ки  забони тоҷикӣ  мақому мартабаи олиро соҳиб гардад. Дар ин давраи таърихӣ садҳо осори манзуму мансур иншо шуда, эътибори забони тоҷикиро боло бурданд ва онро тули беш аз ҳазор сол забони дипломатия ва дорои нуфузи забони расмӣ намуданд. Дар тамоми Авруосиё бо ин забон муколамаву мукотиба сурат гирифта, дар кишвару манотиқи гуногуни ин қаламрав мактабҳои бузурги илмиву адабиву фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ густариш пайдо карданд.
Дар даврони шуравӣ забони тоҷикӣ ва истифода аз он, ҳамчунин табдирҳои мудирияти он дар сатҳи давлатӣ зарурати эъмор ва татбиқи сиёсати забонро ба вуҷуд овард, ки дар ҳошияи ин чорабиниҳо чандин маротиба табдили расмихат, таҳия ва амалӣ намудани чорабинихои фарогири омӯзиши забони тоҷикӣ вобаста ба саводноккунии мардум, тарҳрезӣ ва ба роҳ мондани барномаҳои илмии омӯзиши забони тоҷикӣ, филологияи тоҷик сурат гирифта, саҳифаҳои таърихи миллатро дар давраи нав ва навтарин рангин намуданд.
Вақте оид ба мафҳуми истиқлол меандешем, беихтиёр сайри таърихие пешрӯйи мо меояд, ки барои дарки аҳаммияти ин падидаи сиёсӣ барои миллатҳо кумак менамояд. Истилоҳи «истиқлол» дар забони тоҷикӣ мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ, озодии миллат ва халқиятро ифода менамояд. Бо он ҳам мазмуни озодии олӣ ва мустақилияти сиёсиву давлатӣ дода мешавад. Агар ба вижагии татбиқи ин истилоҳ дар муҳити сиёсӣ таваҷҷуҳ намоем, истиқлолро эълон мекунанд ва ҳувиятро эътироф месозанд[4,80]. Истиқлоли эълоншуда маҳдуд бо ҳудуди кишвар ва истиқлоли эътирофшуда - марбут бо истиқлоли томи давлату миллати алоҳида, яъне истиқлоли сиёсиву давлатӣ мебошад. Ба ин маънӣ, истиқлоли асосӣ иборат аз волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба давлатҳои дигар аст. Он бақои давлату сарзамин, ҳифзи шарафи миллӣ ва арзишҳои он, таъмингари амалии озодиҳои ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла татбиқи мақоми давлатии забони тоҷикӣ мебошад.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи муҳимми рушд ва устувор гардидани рукни муҳимми миллат-забони тоҷикӣ гардид. Эҳё ва ба забони тоҷикӣ дода шудани мақоми забони давлатӣ ба шакли расмӣ барои аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон яке аз муҳимтарин асос ва неруи бунёдӣ ба ҳисоб меравад.
Барои рушди забони миллӣ маҳз, истиқлоли давлатӣ имконият медиҳад. Зеро истиқлоли давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.
Агар истиқлолияти давлатӣ ғояи асосии манфиати миллӣ бошад, дар баробари он манфиатҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки асоси татбиқи самараноки истиқлолият дар кишваранд. Манфиати миллӣ бо татбиқи сиёсати фарҳангсолорӣ ҳифз мешавад, ки меъмору илҳомбахши он Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ  Раҳмон мебошад. Он барои эҳё намудани хотираи таърихӣ ва устувор намудани пояҳои маънавии худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар кишвари мо заминаи воқеӣ гузошта астх[4,83]. Ҳифзу густариши забони миллӣ дар шакли забони давлатӣ ба ин маънӣ, яке аз асоситарин ҷузвҳои манфиати миллӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ имконияти бомуваффақият пушти сар намудани марҳалаи эҳё, барқарорсозӣ ва ҳифзи давлатдориии миллии тоҷиконро дод, ки он дастоварди асосиву меҳварии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
          Истиқлоли давлатӣ заминаи ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ буда, барои рушди фарҳанги миллӣ ҳамчун асоси давлатсозӣ имконият фароҳам сохт.
Истиқлоли давлатӣ мардуми кишварро мутмаин сохт, ки фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст.
Аз ин рӯ, мо нахустин дастоварди замони Истиқлолро ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллат ва ҳалқиятҳо эътироф шудани забони тоҷикӣ мешиносем, ки тавассути он мо забони тоҷикиро олитарин муқаддасоти миллӣ медонем.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади муҳим ва саҳифаи нав дар рушди забони давлатӣ мебошад. Қонуни мазкур комилан бо  Конститутсияи кишвар созгор буда, ба таъмини озодиҳои асосии инсон марбут аст, ки дастгирии  на танҳо забони миллати асосии кишвар, балки рушду такомул ва амали забонҳои миллатҳои дигари сокинони кишварро кафолат медиҳад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ барои густариши амали забони тоҷикӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида,  онро аз муҳити хонавода берун  баромада, ба таври воқеӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифодаи умум қарор дод. Барои аввалин бор дар охири асри ХХ ва то имрӯз забони тоҷикӣ мақом ва мартабаи забони муошират, забони илм, забони мукотибаи давлатӣ ва ҳуқуқӣ, забони муколамаи тахассусӣ ва ғ.-ро соҳиб гардид, ки бо ин рисолати фарогирии худро ҳамчун забони аксари аҳолии кишвар татбиқ карда тавонист.
Забон – ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист ва аз ин рӯ, бояд ҳамеша аз он пуштибонӣ намуд ва барои покизагии он талош варзид. Чунин мавқеъро, пеш аз ҳама, Пешвои муаззами миллат содиқонаву пайгирона пеш гирифтаанд, ки тамоми мардуми кишварро дар роҳи ватандӯстиву ифтихори миллӣ илҳом мебахшад.
  Мавқеи устувори Пешвои муаззами миллат бобати сарпарастӣ аз забони давлатӣ ва роҳнамоӣ дар рушду густариши он,  пеш аз ҳама, дар таълифоти Пешвои миллат возеҳу равшан ифода ёфтаанд, ки барои мо, тоҷикон, дастури коранд. Китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» (иборат аз 2 ҷилд)  таҳлили бунёдии масъалаҳои марбут ба забон, таърих ва фарҳанги тоҷик, ҳастӣ ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад. Он сухани наву тозае дар забоншиносии тоҷик, татбиқи сиёсати забон ва рушду устувории ҳувияти миллӣ ба шумор рафта, ҷавобан ба гузориши масоили мубрами таърихи забон, ҷанбаҳои печидаи сиёсати забонӣ дар даврони Истиқлол ва барои муайян намудани ояндаи инкишофу тараққии забон ва фарҳанги миллии тоҷик бахшида шудааст.
  Хусусан, саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва даврабандии забони тоҷикӣ, ки падидаи нодир ва далели ташаккули миллат мебошад, боиси омӯзиши васеъ мебошад. Он муайянгари манфиати миллӣ дар соҳаи сиёсати забон буда, ба саволҳои уқдадори душманони миллати мо ҷавобҳои возеҳу равшан медиҳад,  мақом ва манзалати тоҷикон ва забони тоҷикиро дар фарҳанг ва тамаддуни Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон  муайян менамояд.
  Мухимтарин дастоварди сиёсати забон дар 30 соли Истиқлол ин аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ ба забони тоҷикӣ, ки яке аз қадимтарин забонҳо ва забони аксарияти кулли сокинони Тоҷикистон ва аксар манотиқи ҳаммарзу ҳамфарҳанги он мебошад, мақоми давлатӣ ато кард. Яъне  истифодаи амалии онро дар корҳои давлатдорӣ, фаъолиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ васеъ ба беҳудуд гардонида, асоси ҳукуқиро барои ҳамчун рукни асосии миллату давлат шинохта шудани он фароҳам овард. Ин буд, ки вазифаи мазкур дар давраи хеле кутоҳи таърихӣ амалӣ гардида, имрӯз дар назди миллат нақшаи  густариши забони миллӣ ва устувор намудани бунёди он истодааст.
Мустаҳкам кардани мавқеи забони давлатӣ барои татбиқи чораҳои эҳёи пайванди наслу аслҳои фарҳангӣ, дар шакли омӯзиши хатҳои таърихиро муҳайё карда, инчунин дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва забони русӣ захираву имкониятҳои беназирро дастрас намуд. Ин аст, ки сатҳи босаводии мардуми кишвар ҳоло на танҳо бо донистани хуби забони давлатӣ, балки бо донистани забонҳои хориҷӣ, расмулхатҳои гуногун, тавони мавриди истифодаи васеъ қарор додани ин донишҳо дар фаъолияти иҷтимоӣ ва илмӣ муайян мегардад. Вазифаи дигари муҳимми мақоми давлатиро соҳиб гардидани забони тоҷикӣ-ба таври назаррас тавсеа додани фазои амали забони адабӣ мебошад, ки имрӯз на танҳо дар муҳити адабӣ-фарҳангӣ, балки дар фазои иттилоотии байналмилалӣ хеле густариш ёфтааст. Истифодаи забони адабии тоҷикӣ нишонаи маданияти хуби гуфтор ва навиштор, нишонаи омодагии мутахассисони соҳаҳои гуногун ва маҳоратҳои сарвариву сиёсии аъзои ҷомеа мебошад. Симои зиёӣ, мутахассис, фарди ватандӯсту фарҳангӣ, маърифатпарвари кишварро имрӯз. маҳз салиқаи забондонӣ ва маҳорату санъати сухани ӯ равшан менамояд, ки куллан тоҷикони муосирро дигаргун кардааст. Далели ин гуна тағйироти куллии сифатӣ дар сиёсати забони кишвар иштироки фаъол, пур аз ифтихори ватандориву фарҳангсолории мардуми Тоҷикистон дар озмунҳои фарҳангии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм –фурӯғи маърифат аст»  ва амсоли он мебошад, ки дар он  намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва синну соли гуногун қувваозмоӣ карданд.
  Дар фарози сухан метавон хулоса кард, ки забон падидаи калидии фарҳанг, механизми асосии ваҳдати миллӣ, абзори ба вуҷуд овардандаву ташаккулдиҳандаи миллат аст, ки онро ба мақоми сохтори иҷтимоӣ мерасонад. Забон танҳо воситаи муошират набуда, унсури бунёдии худшиносии миллист, маҳаки маънавияти халқ, воситаи муҳимтарини тарбияти миллист.
Мо бояд ҳамаҷониба ва якдилона ба рушди давлат ва забони худ кӯшем, меҳри онро дар замири ҳар як узви ҷомеа ҳамчун гаронтарин мероси ниёгон ҷо намоем. Бо арҷгузории маънавӣ ва ташаккул додани фарҳангу анъанаҳои бои таърихии тоҷикон, кишвари мо боз ҳам қудратманду озод гардида ноил ба рушди иқтисодӣ ва саодатмандӣ мегардад, зеро рушди иқтисодӣ ва саодатмандии Тоҷикистон аз ҳолати маънавӣ ва ваҳдату ҳамдилии аҳли ҷомеаи он вобаста аст.

Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон,
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди
 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илми филология, профессор
 
Маҳмадҷонова Муҳиба Талатҷоновна,
сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
 
Адабиёти  истифодашуда:
  1. Раҳмон Э. Забони миллат - ҳастии миллат. - Душанбе, 2020.
  2. Гумбольд В. Избранные труды бо языкознанию. - М., 1984.
  3. Даҳ соли Қонуни забон (маҷмуаи мақолаҳо). - Душанбе, 1999.
  4. Муҳаммад А.Н. Истиқлол ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ. - Душанбе, 2021.