Нусхаи чопи
Ба истиқболи 25-умин
солгарди Ваҳдати миллӣ
 
  Ваҳдати миллӣ омили мутаҳидшавии миллат мебошад, миллатро ба ҳам меорад, аз парокандагӣ нигоҳ медорад ва ба рушди устувори давлат шароитҳои мусоидро фароҳам месозад.  Зиндагонии шоистаю сазовори мардум ва рушди босуботи ҷомеа танҳо бо шарофати ваҳдати сартосарии миллат имконпазир мегардад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ бузургтарин арзиши миллӣ ва дастоварди ҳар як миллат аст.
  Маҳз дар шароити ваҳдату ягонагӣ шаҳрвандон озоду осуда зиндагӣ мекунад, худро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ва миллат мешиносанд, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти миллии онҳо ташаккул меёбад. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванд заминаи зиндагии шоиста ва сазовор, шароити мусоиди худмуайянкунӣ ва худтадбиқнамоӣ ба ҳисоб меравад.
  Соли 1991 ба Истиқлоли давлатӣ расидем, аммо ҷумҳурии тозаистиқлоли мо ба гирдоби низоъҳо ва мухолифатҳои сиёсӣ гирифтор гардид, хатари аз даст додани мустақилият, миллат ва сарзамин ба миён омада буд.  Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфт, миллат аз нобудшавӣ наҷот ёфт ва якпорчагии кишварамон нигоҳ дошта шуд. Аз ҳама муҳимаш, сохти конститутсионии давлат барқарор карда шуд,  амнияти шаҳрвандон таъмин гардида, қонуният ҳукумфармо гардид.
Ваҳдату ягонагии миллӣ азбайнравӣ фарқиятҳо набуда, он ифодагари пайвастшавии монандӣ ва фарқият, умумият ва махсусият буда, ба ваҳдати фарқиятҳо оварда мерасонад. Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, дар ваҳдати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ-этникии минтақаҳои мухталифи кишвар ифода меёбад. Муваффақият ва тақвияти ваҳдати миллӣ ба фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои ошкор намудани неру ва сармояи инсонӣ, баробарҳуқуқӣ, қонуният, тадбиқи ҳуқуқу озодиҳо ва баробар иҷро намудани ӯҳдадориҳо ва имкониятҳои баробари рушди шахсият вобастагӣ дорад.
  Дар шароити ҷаҳонишавӣ байни ваҳдати миллии дохили кишвар ва дараҷаи кушода будани ҷомеа барои барқарор намудани робитаҳои байналхалқӣ ва иштирок дар равандҳои ҳамгироии ҷаҳонӣ аҳамияти калон дорад. Ваҳдати миллӣ барои ворид шудан ба муносибатҳои байналхалқӣ мувофиқ ба тағйироти рӯзафзуни ҷомеа ва талаботи равандҳои ҷаҳонишавӣ заминаҳои мусоидро фароҳам месозад. Аммо ҳифзи ваҳдати миллӣ аз таъсири раванду рӯйдодҳои хатарноки фаромиллӣ,  таассубу хурофот, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ неруи бузурги зеҳнӣ ва молиявиро талаб менамояд. Аз ин сабаб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки “мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем”.
  Ваҳдати миллӣ барои амалӣ ва тадбиқ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои муҳимтарини стратегияи миллии рушд – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ба муваффақияту дастовардҳо ноил шудем. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори се ҳадафи стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин ҳадаф сохтмону азнавсозии роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад. Қисме аз тарҳҳои Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии ҷумҳуриро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳанд кард.
  Дар кишвари мо барои дида баромадани ин раванд, дар мадди аввал далели тақсимнамудани кишвар ба минтақаҳои ҷудогона меистад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва алоқаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ то солҳои наздик бо ҳам робитаи зарурӣ надоштанд. Дар даврони шӯравӣ ин масъалаи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳалли худро наёфта буд. Дар зимистонӣ тӯлонӣ тамоми робитаҳои нақлиётӣ ва иқтисодии байни минтақаҳо канда мешуд. Аммо ин тақсимоти сунъӣ ваҳдату ягонагии миллии асрҳо мустаҳкамшуда, маданияти бойи миллӣ ва забони умумии халқи тоҷикро хароб карда натавонист. Майлу иродаи қавӣ барои муттаҳидӣ ва истиқлолият аз қувваи ҳарбӣ ва дастгирии қавии молиявӣ, ки ҷонибдорони тақсимот дар ибтидои солҳои 90-ум ба он такя мекарданд, нерӯмандтар баромад.
Дар баробари инкор кардани рахнаҳо дар фарқияти байни қисматҳои кишварамонро, ки дар даврони шӯравӣ вуҷуд доштанд ва боиси рушди нобаробари иқтисодии минтақаҳо мешуданд, кори хато хоҳад буд. Бартараф намудани ин рахнаҳо заҳмати зиёдро талаб менамуд. Имрӯз масъалаи раҳоӣ аз бунбаси коммуникатсионӣ аз бисёр ҷиҳат ҳалли худро ёфтааст. Дар натиҷа, қариб ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва бунёд гардида, пулҳо, нақбҳо ва хатти роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудаанд.
Минтақаҳои кишвар тамоми сол тавассути алоқаҳои нақлиётӣ-коммуниктсионии муосир бо ҳамдигар пайвастанд ва робитаҳои боэътимод доранд, ки он ҳамчун омили бартараф намудани ҳаракати мавсимии байниминтақавии воситаҳои нақлиёт гашт. Алоқаҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ на танҳо ба муоширати тарафайни одамони минтақаҳои гуногун мусоидат мекунад, балки ба рушди муносибатҳои иқтисодии байни онҳо оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он манфиатҳои умумии иқтисодӣ ташаккул меёбанд ва ин муносибатҳои умумӣ омили асосии ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Барои ба вуҷуд овардани алоқаҳои ягонаи хоҷагидории байни минтақаҳои гуногун бо назардошти тахассусгардонии иқтисодӣ-истеҳсолии минтақаҳо мувофиқ ба захираҳои табиии мавҷуда, хусусиятҳои аграрӣ ва шароитҳои иқлимӣ, хусусиятҳои ихтисосӣ-касбии аҳолӣ алакай бисёр корҳо ба анҷом расонида мешаванд. Шароитҳои муҳими ташаккулёбии ваҳдати миллӣ рушди низоми тақсимоти меҳнат, тахассусгардонии касбӣ ва алоқаҳои иқтисодӣ, ки дар ҷамъият ҳамфикрии органикиро ба вуҷуд меоранд, баромад менамоянд.
Агар марҳилаҳои мухталифи таърихиеро, ки кишвари мо дар солҳои шӯравӣ ва замони ҳозира аз сар гузаронидааст, муқоиса намоем, пайдоиши омилҳои нави ҳамгироӣ, аз ҷумла ҷойивазкунии иҷтимоӣ, муҳоҷирати аҳолӣ аз Шимол ба Ҷануб ва аз Ҷануб ба Шимол, аз ноҳияҳои водиҳо ба кӯҳистон ва ба самти муқобилро ошкор менамоем. Ҷойивазнамоии пасти иҷтимоӣ дар замони гузашта натиҷаи ҷой надоштани талабот ба мубодилаҳои иқтисодӣ ва васеъ будани бозор буд. Ба даст омадани истиқлолияти миллӣ раванди омехташавии аҳолӣ ва дар натиҷа тарзи зиндагии одамон, анъанаҳо, шаклҳои хоҷагидориро таҳрик дод. Ин омехташавии аҳолӣ ба ақаллиятҳои этникӣ низ таъсир расонд. Дар анъанаҳои тоҷик эҳтиром доштан ба мутааллиқияти миллии одамон устувор гардид. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ақаллиятҳои миллӣ дар ҳамаи ҳудуди кишвар ҷойгир карда шуданд ва ноҳияҳои зиндагии онҳо иқтидори калони иқтисодӣ доранд ва аз нуқтаи назари сохтори коммуникатсия ва иқтисоди миллӣ хеле муҳиманд.
  Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологие, ки кормандони шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бо ҳамкорӣ бо кормандони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ (соли 2021) дар мавзуи “Омӯзиши вазъият ва шароитҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузарониданд, мусоҳибон нисбати мафҳуми “бунбасти коммуникатсионӣ” фикрҳои гуногун доранд. Аз панҷ як ҳиссаи мусоҳибон – 20,5% бунбасти коммуникатсионӣ гуфта, таъмир кардани роҳҳоро мефаҳманд. Инчунин 15,5%-и мусоҳибон сохтани роҳҳо бо давлатҳои хориҷӣ, 10,6% роҳи пайвастшавии байни шаҳру ноҳияҳо, 7,3% ба талабот ҷавобгӯ будани роҳҳо, 7,2% баромадан аз мушкилиҳои роҳу нақлиёт, 5,0% набудани роҳҳо, 1,1% дастрасӣ ба иттилоот ва 1,1% алоқаи байни аҳолӣ ва давлатро бунбасти коммуникатсионӣ фаҳмидаанд (нигаред ба диаграммаҳои 1. ва 1а ).
Диаграммаи 1. Шумо зери ибораи “бунбасти коммуникатсионӣ” чиро мефаҳмед? (n=820, %)


Диаграммаи 1а. Шумо зери ибораи “бунбасти коммуникатсионӣ” чиро мефаҳмед? (n=820, %)

Мувофиқи нуқтаи назари мусоҳибон барои баромадани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ бояд чунин корҳо ба анҷом расонида шаванд: сохтан ва таъмири роҳҳо байни ноҳияҳо – 31,9%, кушодани роҳҳо ба хориҷӣ кишвар – 6,0%, ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорон ба сохтмони роҳҳо – 5,1%, назорати ҷиддӣ аз болои роҳсозон – 4,6%, аз байн бурдани коррупсия – 4,2%, таёр ва ҷалб намудани мутахассисони соҳа – 3,1%, баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ – 3,1%, ташкили корхонаҳо – 1,6%, зиёд намудани техникаи роҳсозӣ – 0,7% ва ғайраҳо. Қариб нисфи мусоҳибон – 46,9% барои ҷавоб гуфтан ба ин савол душворӣ кашидаанд (нигаред ба диаграммаи 2)  .
Диаграммаи 2. Ба фикри Шумо барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон чӣ корҳо бояд ба анҷом расонида шаванд? (n=820, %)

Хулоса, таҷрибаҳои таърихӣ низ собит менамояд, ки рушди босуботу ҷомеа ба ҳамдигарфаҳмии қувваҳои сиёсию фарҳангӣ ва қишрҳои иҷтимоӣ вобаста калон дорад. Ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ бисёр вақт фарқият ва муқобилбароии синфиро бозмедорад. Ҳолати ризоият ва ягонагию ваҳдат ба анъанаҳои миллати тоҷик мувофиқат мекунад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ вазифадор аст, ки ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ, муҳимтарин омилу шароити пешрафти шахсӣ ва рушди босуботи ҷомеа ҳифзу ҳимоят намояд, дар ободии Ватан саҳми худро гузорад ва таъкидҳои пайвастаи зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор диҳад: “Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад” .  
 
 
 
 
 
 
Шоисматуллоев Шоназар,
 
узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор,  мудири  Шӯъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳукуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 
Миров Фируз ,
 
ходими калони илмии
Шӯъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳукуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ