Нусхаи чопи
Саъй нобурда дар ин роҳ ба ҷое нарасад,
Музд агар металабӣ, тоати устод бубар.
Ҳофизи Шерозӣ
   Илми тоҷик дар замони Шӯравӣ ва даврони истиқлоли давлатӣ рушди бесобиқае намуда, чунин олимон ва донишмандонеро ба соҳаҳои гуногуни таҳқиқоти илмӣ ҷалб сохт, ки бо меҳнату заҳматҳои фидокорона дар такмилу рушди донишу маърифати андўхтаи ниёгонамон саҳми босазо гузоштанд. Аз ҷумла, дар илмҳои гуманитарӣ, махсусан дар фалсафаи тоҷик аз академик А. Баҳоваддинов шуруъ намуда, донишмандони шинохтаи ин соҳаи муҳимми илм барои ба ҳошияи фарҳанги миллати мо дар даврони шуравӣ ворид намудан ва мутобиқ сохтани андешаву ақидаҳои Ибни Синову Умари Хайём, Насириддини Тўсиву Аҳмади Дониш ва садҳо мутафаккирони дигар ба талаботи замона заҳматҳои зиёде ба харҷ дода, ба илми ниёгон донишҳои муосиру замонавиро зам намуданд ва дар соҳаҳои нави фаъолияти илмӣ низ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.
  Яке аз чунин донишмандони муосири тоҷик дар соҳаи фалсафа ин муҳаққиқи ҳақиқатпеша ва инсоншиноси шинохта, доктори илм, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  директори Маркази антропологияи АМИТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ мебошанд, ки табиат ва моҳияти инсонро аз нигоҳи фалсафӣ бо диди нав таҳқиқ карда, пояҳои мактаби антропологияи фалсафӣ ё инсоншиносиро дар кишварамон хеле мустаҳкам кардаанд.
Муҳаммадалӣ Музаффарӣ 29 майи соли 1947 дар ноҳияи Дарвози ВМКБ ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 8 ҳамин ноҳияро хатм кардааст. Ў соли 1965 ба Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, соли 1970 онро бо ихтисоси омўзгори забон ва адабиёти рус хатм намудааст.
  Солҳои 1970-1973 Муҳаммадалӣ Музаффарӣ дар ноҳияи Дарвоз ба ҳайси муаллими мактаби миёна фаъолият дошта, дар ин давра солҳои 1971-1972 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиходи Шўравӣ адои хизмати ҳарбӣ кардааст. То соли 1977 бошад, дар мактаби миёнаи рақами 74 шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т.Г. Шевченко ба ҳайси омўзгор фаъолият намудааст.
  Солҳои 1977-1982 Муҳаммадалӣ Музаффарӣ унвонҷўи Институти фалсафаи Академияи илмҳои собиқ ИҶШС ва сипас аспиранти ҳамин муассисаи илмӣ будааст. Аз соли 1983 то соли 2005 ў дар Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои собиқ ҶШС Тоҷикистон (ҳоло Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими калон ва пешбари илмӣ, муовини директор оид ба илм ва мудири кафедраи фалсафа фаъолият доштааст. Аз соли 2005 то соли 2009 бошад, мудири кафедраи фалсафаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2009 то имрўз директори Маркази антропологияи АМИТ мебошанд.
Муҳаммадалӣ Музаффарӣ соли 1983 дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои собиқ ИҶШС рисолаи номзадӣ дар мавзўи “Фардияти инсон” ва соли 1999 дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои Россия рисолаи докторӣ дар мавзўи “Антропология, предмет, масъалаҳо ва мавқеи он дар системаи илмҳои фалсафӣ” дар риштаи антропологияи фалсафӣ дифоъ намудааст. Ў аз соли 2013 профессор ва аз соли 2017 узви вобастаи АМИТ мебошад. Дувоздаҳ нафар шогирдони Муҳаммадалӣ Музаффарӣ таҳти роҳбарии ў рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.
  Муҳаммадалӣ Музаффарӣ муаллифи зиёда аз 100 кори илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад, ки миёни онҳо монографияҳои “Фардияти инсон” (Человеческая индивидуальность. Душанбе, 1991), “Инсон ҳамчун объекти маърифат” (Человек как предмет познания. Душанбе, 1997), “Муқаддимаи антропология” (Введение в антропологию. Душанбе, 1999), “Антропологияи ориёӣ” (Душанбе, 2006), “Ҷойҳои муқаддаси Тоҷикистон” (иборат аз 3 ҷилд, Душанбе, 2010) ва “Антропологияи системавӣ” (Системная антропология. Душанбе, 2021), инчунин китобҳои дарсии “Антропология” (Антропология. Учебное пособие для медицинских и педагогических вузов. Душанбе, 2008) ва «Таърихи дин” (китоби дарсӣ барои синфи 9, Душанбе, 2015) ҷойгоҳи муҳим доранд.
  Муҳаммадалӣ Музаффарӣ соли 2010 ба ҳайси яке аз олимони барҷастаи системаи Академияи илмҳои Тоҷикистон шинохта шуда, соли 2016 бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2019 бо мукофоти давлатӣ - медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст. Ў солиёни зиёд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ Ибни Сино ва муассисаҳои дигари таълимию илмии кишварамон ба шогирдон аз илмҳои фалсафӣ дарс гуфта, дар баробари ин ибтидо аз соли 2001 профессори ифтихории Донишгоҳи Арканзаси ИМА, Фейтвил мебошад.
Роҳи паймудаи Муҳаммадалӣ Музаффарӣ аз омўзгори мактаби миёна то ходими илмии боргоҳи бузурги маърифатӣ дар кишвар - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва роҳбари Маркази антропология дар ин муассисаи илмӣ хеле пурпечутоб, вале дар айни замон басо пурсамар будааст. Аз мақолаи илмии нахустини хеш то монографияҳои бунёдии солҳои охир ин муҳаққиқи ҳақиқатнигору дақиқназар масъалаҳои табиат ва моҳияти инсон ва антропологияро дар маҷмўъ хеле мўшикофона мавриди таҳқиқ қарор додааст.
  Инсоншиноси шинохта Муҳаммадалӣ Музаффариро пеш аз ҳама мушкилоти моҳияти нотакрору нодирии инсон ҳамчун объект ва предмети маърифат ба худ ҷалб сохта,  дар монографияи аввалинаш “Фардияти инсон” ў бо такя ба ақидаҳои гузаштагону консепсияҳои муосир ва пешниҳоди диду назари нав ба ин масъала моҳияти аслии мавзўи мавриди таҳқиқи худро хеле бараъло равшан сохтааст. Дар асоси таҳлили семасиологии мафҳуми фардият, тасаввуроти атомистии даврони қадим оид ба шаклҳои атрибутивии объектҳо, руҳшиносии асримиёнагӣ ва мавқеи реалистию номиналистии ин даврон оид ба фардикунонӣ муҳаққиқ тавонистааст, ки нотакрории ҳар як инсонро дар алоҳидагӣ асоснок намояд. Дар ин раванд ба ў истифода аз андешаҳои гуманистию персоналистӣ оид ба фардият, назари монадологӣ ба томмияти худкифои ин падида, таносуби фардияти инсон ва шуури фардӣ, инчунин таҳқиқоти байнифаннии муосир кумак намудаанд, то мушаххассозии масъала то интиҳои мантиқии хеш расонида шавад. Аз ин сабаб Муҳаммадалӣ Музаффарӣ дар натиҷаи тақиқоти бунёдӣ фардиятро ҳамчун мафҳуми васеъе таъриф додааст, ки ягонагии диалектикии тамоми сифатҳои биологию иҷтимоии фардро таҷассум намуда, ҳамзамон махсусиятҳои зуҳури ин сифатҳоро дар ҳар як инсони алоҳида ба таври возеҳ нишон медиҳад.
  Устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ соли 2006, ки бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълом шуда буд, ба фарҳангу илми ниёгони дуру наздики миллати куҳанбунёди тоҷик муроҷиат намуда, дар асоси таҳлили сарчашмаҳои санскритию ориёӣ, аз ҷумла “Авасто” ва “Ведҳо”-и ҳиндувон як монографияи ҷолиберо бо номи “Антропологияи ориёӣ” ба нашр расонид. Дар ин таҳқиқот яке аз масъалаҳои мубрамтарини инсоншиносӣ, яъне ахлоқ, ки аз дувоздаҳ самти пурарзиши антропологияи ориёӣ маҳсуб мешавад, баррасӣ гардидааст. Муҳаққиқ дар ин самт мушкилотеро чун нафси афрод дар фазои ахлоқӣ, ҳадафҳои ҳаётии инсон ва камолоти ў, нақши ахлоқ дар маърифат ва озодии тафаккуру иродаи инсонӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва амсоли он аз нигоҳи илмӣ равшан сохта, инсонро ба сўи таҳкими саломатии рўҳию ҷисмонӣ тавассути камолоти ахлоқӣ ҳидоят мекунад, зеро итминони комил дорад, ки солимии инсон дар фаҳмиши барҳаққу одилонаи антрпологияи ориёӣ ва мутафаккирони намояндаи он маҳз натиҷаи накўкорӣ мебошад.
  Асари дигари илмии Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, ки хусусияти бунёдӣ дорад, “Антропологияи системавӣ” ба ҳисоб меравад. Чунонки худи муаллиф иброз доштааст, ҳанўз соли 1999  ў дар яке аз ҷаласаҳои Шўрои диссертасионии Институти фалсафаи Академияи илмҳои Россия бунёдгузории антропологияи системавиро ҳамчун ҳадаф эълом дошта, минбаъд дар ин самт корҳои зиёди илмӣ-таҳқиқотиро ба анҷом расонидааст.
  Инҷо хотиррасон бояд намуд, ки дар антропологияи фалсафӣ дар асри ХIХ худи гузориши масъалаи шинохти фалсафии инсон дар муҳити илмӣ шуҷоатро талаб мекард, аз ин рў аз чунин иқдом файласуфони зиёди номии аср худдорӣ намудаанд. Зеро дар ин давра инсон ба шумори «маводи биологӣ» дохил карда шуда буд ва шинохти фалсафии он кори бемаъно дониста мешуд. Дар ин бора бо таассуф асосгузори фалсафаи антропологӣ Г. Плеснер дар хотироташ навиштааст, ки вазъияти илмии даврро возеҳу равшан тасвир менамояд. Ў қайд мекунад, ки дар чашми файлусуфони маъруфи аср иқтидо ба пажуҳиши инсонро дар он муҳит «моил будан ба анахронизмҳо» медонистанд. Плеснер руҷуи худро ба мавзуъҳои фалсафаи инсон дар заминаи таҳлили масъалаҳои фалсафаи иҷтимоӣ, ки ба омўзиши ҷомеаи инсонии мувоҷеҳ ба буҳрони амиқ бахшида шуда буд, асоснок менамояд.
  Ба ҳамин монанд дар замони истиқлол ва ба миён омадани зарурати барпо намудани ҷаҳонбинии нави инсон, вазифаи ташаккул додани ҳувияти милли тоҷик устод Муҳаммадалӣ Музаффариро ба он  водор намуданд, ки Маркази антропологияро дар АМИТ таъсис дода, дар он бо ҷамъи ҳамкорону устодони номвар ин вазифаи бошарафро ҳадафи кори илмии худ қарор диҳад.
  Боиси зикр аст, ки Муҳаммадалӣ Музаффарӣ масъалаи инсоншиносии фалсафиро аз оѓоз - фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ сар карда бо ин собиқаи бостонии таърихӣ доштани инсоншиносии миллиро исбот менамояд. Агар С.Айнӣ бо асараш «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ва Б.Ғафурову А.Баҳоваддинов бо «Тоҷикон» ва «Очеркҳои таърихи фалсафаи тоҷик» бунёди бостонии тамаддуни тоҷикро дар адабиёт, таърих ва фалсафа асоснок карда бошанд, Музаффарӣ ин амалро дар соҳаи инсоншиносӣ анҷом дода аст. Ин буд, ки ўро барҳақ узви вобастаи Академия миллии илмҳо интихоб намуда ҳамчун бунёдгари соҳаи нави фалсафаи тоҷик шинохтанд.
  Дар шинохти фалсафии инсон Муҳаммадалӣ Музаффарӣ бештар аз ҳама ба Плеснер наздик аст, ки бар хилофи Хайдеггери инсонро ҳамчун дар мундариҷаи ҳастии умум, аммо дар худшиносии экзистенсиалии инсон омўзанда, онро ҳамчун ҳастии алоҳидаи том ва аз фарқкунанда аз ҳастии дигар мавриди пажуҳиш қарор медиҳад. Инсон аз чунин мавқеъ мафҳуми ҳам наздиктарин ва ҳам дуртарин ба худ буда, худро дар ҳастӣ ба истилоҳе  ба таври онтологӣ «пешкаш» менамояд. Ҳамин тавр инсон бо вуҷуди мақоми фароҳастӣ доштан, дар қатори тамоми унсури ҳастӣ қарор мегирад. Чунин бархурд ба устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ имкон медиҳад, ки ҷанбаҳои онтологӣ ва гносеологии инсонро дар маҷмуъ омўхта онро ҳамчун дорои табиати нотакрори маънавӣ баррасӣ намояд. Воқеан, ин имкони шинохти наву дақиқи табиати инсон ва махсусан дарки омил ва унсурҳои инсоншиносии мутафаккирони тоҷик мебошад, ки таълимоти алоҳидаи башаргаро ва пур аз хушбинии худро таҳия намуда, бо он фарҳанги ҷаҳонро ѓанӣ гардонидаанд. Бо ҳамин андешаҳо устоди нуктасанҷу дурбин Маркази антропологияро ташкил намуда, дар он ба таври комплексиву гуногунсамт ба шинохти ҳастӣ ва табиати инсон пардохтаанд. Боиси тазаккур аст, ки Маркази мазкур аз ҷумлаи ниҳодҳои нодири илмии ҷаҳонӣ ба шумор рафта дар олам танҳо дар Аврупо, ИМА ва Россия чунин ниҳоди марказонидашудаи пажуҳиши инсон мавҷуд аст. Сароѓози ҷусторҳои мазкур дар ин соҳа ва асосноккунии илмии рушди антропологияи фалсафӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурбору босамари устод дар Маркази инсоншиносӣ мебошад, ки яке аз саромадони маънавии он устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ ҳастанд ва консепсияи маънавии омўзиши инсонро бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия намуд,а бо шавқи ҷавонии омўзгорӣ онро ба шогирдон дарс мегўянд.
  Бояд тазаккур дод, ки муҳимтарин тафовути ақидаи Муҳаммадалӣ Музаффарӣ аз муҳаққиқони дигари ватанию хориҷӣ, ки моҳият ва табиати инсонро таҳқиқ намудаанд, дар он аст, ки ў инсонро ҳамчун ягонагии хосияту сифатҳои физикию биологӣ, психологӣ ва зеҳнӣ (интеллектуалӣ) медонад, ки бо иловаи мабдаъҳои иҷтимоии ташаккули инсон ба ҳақиқати ҳол дар фаҳмиши илмии ин масъала комилан мутобиқат дорад. Аз ин рў аз нигоҳи ин муҳаққиқи тозаназар антропологияи системавӣ илми комплексӣ ва воҳидест, ки масъалаҳои ба табиат ва моҳияти инсон ба таври куллӣ дахлдоштаро бояд ба таври системанок мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ҳаминро ба назар гирифта, муҳаққиқон Ш. Қурбонова ва М. Абуллоҳ дар таҳқиқоташон “Чеҳраҳои академикӣ” Муҳаммадалӣ Музаффариро барҳақ ба ҳайси асосгузори антропологияи системавӣ эътироф кардаанд.
  Дар маҷмўъ, на танҳо фаъолияти илмӣ ва асарҳои илмӣ-таҳқиқотии Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, балки ҳаёти шахсӣ, ҳар як пиндор, гуфтор ва рафтори ў низ дурустии андешаву ақидаҳояшонро дар бораи фардияти инсон – нотакрорию нодирии шахсияти ҳар як фард ба пуррагӣ собит месозанд. Дар ин мавзўъ як андешаи файласуфи фаронсавӣ Эмманюел Мунйе (1905-1950) қобили зикр аст, ки гуфтааст: “Шахсият ягона воқеиятест, ки мо онро маърифат мекунем ва ҳамзамон онро аз ботини худ месозем”. Муҳаммадалӣ Музаффарӣ аз зумраи чунин донишмандони муосири тоҷик аст, ки шахсияти нотакрори худро тавассути худшиносии ориёна сохта, дар роҳи хидмат ба илм ва мардум ҳамчун инсоншиноси шинохта гомҳои устувор гузоштааст. Умед дорем, ки минбаъд низ ин файласуфи ҳақиқатпешаву хирадгаро, ки дар марҳилаи камолоти умри худ қарор доранд, дар якҷоягӣ бо ҳамкасбону шогирдон дар роҳи илму маърифати воқеияти табиию иҷтимоӣ қадамҳои наву боз ҳам устувортар хоҳанд гузошт.
Устодро бо зодрўзи ҳуҷастапай ва камолоти умр шодбош гуфта, зимни орзуҳои беҳтарин, хоҳони онем, ки солиёни зиёде аз шаҳди ҳастӣ шакаррез бошанд ва бо лаҳни шоирона ситоиш менамоем:
Ҷустаӣ фазлу адаб аз хоки гавҳархези худ,
Бо навои Рўдакӣ, бо бўи ҷўи Мўлиён...
 
Зиёӣ Х.М.
доктори илмҳои фалсафа, профессор
Маҳмадҷонова М. Т.
 доктори илмҳои фалсафа, профессор