Нусхаи чопи

Ба ифтихори 75 солгарди

 узви  вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ

  Дар ин навиштаи мухтасар сухан дар бораи як нафаре меравад, ки ӯ дар баробари олим, файласуф ва муҳаққиқи  илми антропология буданаш, боз дар айни замон як шахсиятанд, ки он кас Муҳаммадалӣ Музаффарӣ – доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори «Маркази антропология»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

  Профессор Муҳаммадалӣ Музаффариро солҳои зиёде мешиносам ва дар муддати тули ин солҳо ӯ ҳамчун як инсони комил бо тамоми хислату фазилатҳои инсонии хеш ҳеҷ тағйир накардааст ва калимаи «ман»-ро дар сухани хеш пазириш намекунад. Ӯ як шахсияти хоксору матин, бо андешаву мулоҳиза ва бо тафаккуру таҳаммул нисбати ҳамкору ёру дӯстон ва атрофиёни хеш амал мекунад. Зеро баъзе инсонҳо бо мурури болоравии унвону мавқеияташон тағйир меёбанд ва худшиносии «мани»-ашон дар як шакле буруз мекунад. Аммо муҳтарам Муҳаммадалӣ Музаффарӣ бо сабуриву таҳаммулпазирӣ ва хиради волои инсонӣ ҳамеша дар ҷаҳони маънавии хеш сайру сулук намуда, баҳри такомулу ташаккули маърифати инсоншиносӣ ва фалсафаи ҳастӣ дар саъю талошанд.

  Муҳаммадалӣ Музаффарӣ дар байни олимони кишварамон  аввалин муҳаққиқи фалсафа - фалсафаи инсон ва антропология, яъне инсоншиносӣ мебошанд ва ба назари мо ин ихтисос ба инсонияту шахсияти ӯ дар ҳамоҳангӣ пеш омадааст ва меарзад, ки ӯро дар қатори антропологҳои шинохташудаи башар бо шуҷоат ном барем ва ифтихори миллати тоҷик донем.

  Инсоншиносӣ яке аз муҳимтарин донишҳои бунёдӣ дар улуми инсонӣ аст ва таҳқиқу таҳлилу баррасии он аз масоили мубрами замон ба ҳисоб меравад. Ва Муҳаммадалӣ Музаффарӣ заминагузори илми антропологияи фалсафӣ дар Тоҷикистон мебошад.    

   Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ дар самтҳои фалсафа ва таърихи он, таърихи антропология ва методу равишҳои таҳқиқи антропология ва худшиносӣ ҷараён ёфтааст.

  Фикр мекунам, ки ҷавҳари сухан дар бораи бародари азиз Муҳаммадалӣ  Музаффарӣ ба таври муъҷаз баён шуд. Ва ӯро бахшида ба рӯзи камолоташон сидқан табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, сарсабзиҳои илмӣ-фарҳангӣ ва дурахшишҳои маърифатӣ хоҳонам.   

                                                            Муродова Тоҷинисо

н.и.фал., ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ