Нусхаи чопи
  Таърихи тамаддун ва дастоварди кишварҳои мутамаддин собит менамояд, ки омӯзондани насли ҷавон, фароҳам овардани имконоти ташаккулёбӣ ва муҳайё намудани шароитҳое, ки ба рушди зеҳниву ҷисмонии онҳо замина мегузорад, асоси рушду пешрафти ҳар давлат аст. Аз ин рӯ, сиёсати ҷавонон дар ҳамаи кишварҳои рушдкарда қисми муҳими сиёсати давлатӣ ва миллӣ мебошад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 - сола ташкил медиҳанд, ба ин ҷишри ҷомеа диққати махсус зоҳир менамоянд.
  Бояд гуфт, ки дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Раванди сиёсии кишвар собит месозад, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Президенти кишвар қарор дошт. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», квотаи президентӣ, стипендияи президентӣ аз иқдомҳои аввалини  Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии ҷавонон мебошад.
  Қайд кардан ба маврид аст, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 квотаи президентӣ ҷудо гардид, ки ин як иқдоми саривақтӣ ҷиҳати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон, аз ҷумла, духтарони деҳот аст. Бояд гуфт, ки дар муддати 25 соли амали квотаи президентӣ аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат 22209 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳоло дар 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қариб 7000 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд. Дар баробари ин, маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд, ки тӯли ин солҳо барои тарбияи кадрҳои ояндасозу ҷавонони донишманд саҳми муносиб гузошта истодааст.
  Дар шароити муосир таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо ва умуман, ба тақдири тамаддун таъсири амиқ мерасонад. Аз ин ҷо зарурати таҳкиму густариши маърифати илмӣ пеш меояд. Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат соли 2010 – ро  “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ”  ва  инчунин, “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040” - ро эълон намуданд. Зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.
Бояд гуфт, ки эълони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва “Илм - фурӯғи маърифат” ҳадафи дигари Пешвои миллат аст, ки рушди зеҳнии ҷавонону наврасон, тарбияи одобу ахлоқи ҳамида, такмили суханварию сухандонӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа беҳтар гардад.
  Воқеан ҳам дар чунин гирудори ҷаҳонӣ Тоҷикистон тавонист таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба сӯи ободкориву созандагӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ раҳнамун созад. Чунки дар шароити пешрафти босуръати ҷомеаи зудтағйирёбанда, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои милливу умумибашарӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан ба имрӯзу ояндаи насли наврасу ҷавон яке аз масъалаҳои муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёбад.
  Албатта, ҳадафи аслӣ ва муҳтавои тамоми ташаббусҳои Пешвои миллатро нисбат ба сиёсати ҷавонон рӯз ба рӯз беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо, дарки ҳифзи истиқлолият, амният, манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ, маданияти сиёсӣ, ҳисси ватандустӣ ва худшиносии миллӣ ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардид ва дар оянда маҳз ҷавонон метавонанд барои рушду густариши онҳо саҳмгузор бошанд. Махсусан, чунин дастовардҳои муҳимтарин, ба монанди давлатдории миллӣ, ваҳдату субот, фарҳанги нави сиёсӣ, ба вуҷудоии имиҷи нави давлатдорӣ дар сатҳи байналхалқӣ ва ғайра аз мо ҷавонон тақозо менамояд, баҳри ҳифзу густариши онҳо ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ саҳмгузор бошем.
 
Саидова Ф.С.
ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ