Нусхаи чопи
   Сарвари давлат дар муқаддимаи Паёми навбатӣ ба марҳалаи нави рушду тараққиёт ворид гардидани Тоҷикистонро таъкид дошта, бо хотирнишон намудан аз он, ки даҳсолаи аввали замони соҳибистиқлолии кишвар «…барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд», аз ҳисороти моддию маънавии муноқишаҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар он марҳилаи ҳассос ба вуқӯъомада ёдовар шуданд.
Дар ин росто, Пешвои миллат нақши муҳиму бунёдгузорандаи Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро, ки аввалин иқдомаҳо дар самти барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва давлатдории миллии муосири тоҷиконро заминагузорӣ намуд, махсус қайд намуд.
   Сарвари давлат сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро ҷиҳати амлӣ намудани иқдомҳои инсондӯстона воқеона мавриди баррасии мушахас қарор дода, бо назардошти сиёсати инсондӯстона 30 апрели соли 2004 ба имзо расидани фармон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл»-ро аз ҷониби Роҳбари давлат, ки барои дар кишвар дар самти татбиқи ҷазои қатл мораторий эълон гардидан замина бавуҷуд овард, ҳотирнишон намуд.
   Пешвои миллат аз амалӣ шудани ислоҳоти фарогир ишора намуда, дар ин раванд батадриҷ амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ (яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсул)-ро таъкид намуданд.
  Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат бори дигар дар партави ѓояҳои мардумпарваронаи хеш пуштибонии амиқи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро аз мардуми мамлакат баён дошта, расман  тазаккур доданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам, мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд».
   Аз таҳлилҳои дар мундариҷаи Паёми навбати иникосёфта, бармеояд, ки танҳо дар зарфи бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуда аст. Ин рақамҳо бозгӯи онанд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфта аст.          
Ба аҳолӣ ҷудо намуда додани 75 ҳазор гектар замин, ҳамчун заминҳои президентӣ ва 138 ҳазор гектар замин, ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматиро метавон аз иқдомҳои саривақтии Ҳукумати кишвар, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон арзёбӣ намуд.
  Президенти мамлакат аз куллан беҳтар гардидани маданияти истифодабарии замин, ва бо ин роҳ таъмин намудани афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар замони истиқлолият изҳори қноатмандӣ намуда, ин ҳолатро ҳувайдокунандаи саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар тазаккур доданд.
Дар ҳамин радиф, Сарвари давлат амалӣ гардидани 59 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 24 миллиард сомонӣ таъкид намуданд, ки зимнан 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуда, ҷиҳати таъмини рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он мусоидат намуд,
Чуноне, ки аз нуқтаҳои асосии Паём бармеояд, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 97 миллиард сомонӣ равона гардид.
    Ба сифати яке аз натиҷаҳои чунин иқдомҳо метавон сол ба сол афзоиш ёфтани шумораи ҷавонони боистеъдоди барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристод шударо мисол овард, ки «дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст».
    Президенти мамлакат дар ин Паём бори дигар ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус доштани Ҳукумати Тоҷикистонро изҳор дошта, дар  ин давра пешниҳод карда шудани зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ, кам кардани шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин кам кардани муҳлати бақайдгирӣ ва ба таври ройгон ба роҳ мондани  онро ёдрас намуданд.
Дар ҳамин росто, дар заминаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, пешниҳод гардидани як қатор сабукиҳои дигар, аз 10 то 7 номгӯй кам гардидани  шумораи андозҳо ва паст карда шудани меъёрҳои якчанд намуди онҳоро метавон дастгирии навбатии Ҳукумати мамлакат дар ин самт ҳисобид  
Дар Паём аз ҷониби Роҳбари Олии мамлакат бори дигар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамчун ҳадафи олии давлату ҳукумат эълон гардида, дар баробари қабул ва амалӣ гардидани 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар идома доштани татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ қайд карда шуд.
Бунёди ҳазорҳо иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ инчунин, таъсиси беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимро, дар ҷодаи ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуда, Пешвои миллат аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шудани сатҳи камбизоатиро аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳисобид.
     Сарвари давлат Ҳукумати мамлакатро ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда ва ба ин мақсад афзалият додани масъалаҳои марбут ба таъмини рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ муваззаф намуда, дар панҷ соли минбаъда зиёд кардан дар сатҳи на кам аз 7 фоизи рушди миёнасолонаи иқтисодиёт, то 2 баробар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва афзоиш додани содироти маҳсулоти саноатиро талаб намуданд.  
    Ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ Роҳбари Олии мамлакат қабул ва амалӣ кардани Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ва барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи онро зарур ҳисобида, роҳандозӣ намудани тадбирҳои иловагиро ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ, бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон, таъсиси ҷойи нави корӣ инчунин, идома бахшидани ислоҳот ҷиҳати мукаммал гардонидани низоми идораи давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии онро талаб намуданд, ки дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад.
    Дар ҳамин вобастагӣ ва ба мақсди ҳимояи ҳуқуқ ва дастгирии шахсони ҳуқуқии ба коркарди пилла ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғулбуда инчунин, замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд.
   Дар асоси нуқтаҳои муҳими Паём аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шудани воридоти нақлиёти барқӣ (электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо)- ро метавон аз талошҳои Роҳбарияти Олии Ҳукумати кишвар ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва вазъи мусоиди экологии ҳисобид.
   Яке аз ҳадафҳои муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату  ҳукумат бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки ин нуқта дар Паёми навбатӣ бори дигар таҷассум ёфт. Президенти мамлакат ғамхорӣ нисбат ба маорифро сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан тавзеҳ дода, дар ин вобастагӣ Вазорати маориф ва илмро барои таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ муваззаф намуданд.
   Чуноне, ки  дар Паём тазаккур дода шуд, яке аз бахшҳои муҳим, ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, ба ин мақсад, ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа дода шуда аст. Масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва рушди саноати дорусозӣ низ, ҷиддан баррасӣ гардида, андешидани тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъиро дар ин самт зарур арзёбӣ шуд.
Эмомадӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори пуртаҷриба ба  муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳоро шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ҳисобида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро омили асосӣ медонад.
Роҳбари давлат дастовардҳои дар муддати 30 соли истиқлолият ноил гардидаро, ҳувайдокунандаи ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавии мардуми шарафманди тоҷик маънидод намуда, ба як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққӣ табдил додани Тоҷикистонро натиҷаи заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат меҳисобад.
Бо итминон аз мардуми шарифи кишвар ҷиҳати бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба Ҳукумат ва ниҳодҳои марбута супориш дода шуд, ки дар муддати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро барои истиқболи сазовори 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва солҳои рушди саноат таҳия карда, ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқ ба Роҳбари давлат пешниҳод карда шавад.
Сарвари давлат зарур медонад, ки бо назардошти вазъи мураккабу печида ва шиддати таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид буда, Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.
Ҳамин тавр метавон хулоса намуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории мамлакат муайянсозандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда буда, дар он мавзӯҳои мушаххаси ба дурнамои манфиатбори сиёсати хориҷӣ, инчунин, таъмини пешрафти ҳамаи соҳаҳои зарурӣ-ҳаётии ҷомеа ва давлати Тоҷикистон дахлдошта мавриди баррасӣ, таҳқиқ ва масъалагӯзорӣ қарор гирифта аст.
  Сангов Тоҷиддин
 
ходими илмии Шуъбаи
ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ