Нусхаи чопи
   Боиси хушнудист, ки мо имсол 27 –умин солгарди Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Маҳз ба ҳамин хотир бояд пеш аз ҳама инро қайд кард, ки мафҳуми Конститутсия истилоҳи лотинӣ буда , маънояш сохт ва муқаррар кардан мебошад. Хушбахтона қайд кардан лозим аст , ки  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 6- ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ  қабул карда шуда, ба он дар санаҳои 26.09.1999, 22.06.2003, ва 22.05.2016 сол тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст.
  Дар  баробари ин бояд зикр намуд, ки Конститутсия  таҷассумгари арзишҳои инсондӯстию сулҳпарварӣ ва яке аз дастовардҳои  даврони соҳибистиқлол  аст ва  дар он асосҳои сохтори  давлатдорӣ , муқаддасоти давлатӣ , муносибат ба моликият , самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хело ба таври возеҳу равшан инъикос гардидааст.
  Чи тавре ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд : “Конститутсия ин шаҳодатномаи давлат аст”.  Мусаллам аст, ки  ба ҳар шаҳре ки инсон мехоҳад  азми сафар кунад шахсияти фардии ӯро аз рӯи ҳуҷҷат маълум мекунанд. Имруз бошад кафолат ва ҳифозати ҳар як шахсро аз нигоҳи Конститутсия дида мебароянд.  Аз ин минвол,  Пешвои миллат, дар яке аз баромадҳои хеш чунин иброз менамоянд , ки: “Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта , муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад”. Барҳақ  чунин суханони Пешвои миллат заминаҳои бунёдӣ доранд. Зеро маҳз Конститутсия усули  давлатдорӣ , низоми идоракунии давлатиро ба танзим дароварда , тавассути он тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ , ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд кафолат дода мешаванд.
   Ҳамчунин бояд инро қайд намуд, ки имрӯзҳо  аҳамияти Конститутсия  ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ  ба ҳисоб меравад.  Он муҳимтарин арзишҳои бунёди ҷомеаи башарӣ , ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон , ҷомеа ва давлатро дар худ таҷассум намуда, давлатамонро имрӯз  ҳамчун давлати соҳибихтиёр , демократӣ , ҳуқубунёд , дунявӣ ва ягона арзёбӣ менамояду ва дар заминаи он ҳар як шаҳрвандро вазифадор менамояд , ки риояи ҳама гуна талаботи қонун ҳатмӣ буда , яъне шаҳрвандон бояд онро бе чуну чаро риоя намоянд ва ҳангоми иҷро накардани талаботи Конститутсия ба ҷавобгарӣ муайян карда мешавад.
  Ҳамзамон дар баробари ин ногуфта намонад, ки Конститутсияи ватани мо ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир буда, то имрӯз дар давоми  27 – соли амалишавии худ, ки мо тавонистем маҳз ба воситаи он дар самтҳои ҳифзи истиқлоли давлатӣ , демократикунонии ҳаёти сиёсӣ , иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву фарҳангӣ ба дастовардҳои басо арзишманди таърихӣ ноил гардем.       
  Инчунин қобили зикр аст , ки танҳо ба шарофати Конститутсия ва дар заминаи амали гардидани меъёрҳои он дар ҷомеаи имрӯза , фазои орому осуда , волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ барқарор гардида, баҳри рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии давлат  тамоми шароити  мусоид фароҳам оварда шуд . Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст , ки ба ин санади оливу мукаммали  сиёсиву ҳуқуқӣ , ки  ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу фардои кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад, ҷиддӣ муносибат намуда, ба хотири пешрафту тараққиёт ва   ҳамчунин баҳри пойдор ва ҳукмфармо будани сулҳу субот дар ватани азизамон  эҳтиром ва саҳми хешро гузорем.
Шокимова Дилрабо,
магистранти соли аввали
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқиба номи А.Баҳоваддинови АМИТ