Нусхаи чопи
    Имрӯз ҳаракати террористии «Толибон»  ҳамчун чеҳра ва ботини Ислом дар ҷаҳон муаррифӣ мешавад ва касоне, ки ин гурӯҳи террористонро ба сари ҳукумат оварданд, асли ҳадафашон ба ҷаҳониён  манфур нишон додани чеҳраи Ислом аст. Дар ин замина, фарзу суннат, иҷтимоъот ва бархўрди дини Ислом бо умматонашро дар шахси ҳаракати террористии «Толибон»  бозгӯ намудан аст, ки албатта, ин ҳама мухолифи аркону гуфторҳои дини Ислом аст, аммо инро мо медонему мегӯем, мардуми сайёра ин ҳамаро мӯ ба мӯ, ки намедонанд, гумон мекунанд Ислом - ин ҳаракати террористии “Толибон” аст.
    Аҷобат дар ин ҷост, ки кулли кишварҳои мусалмонӣ ва аз қисми зиёди мусалмонон дар ваҳшонияте, ки ҳаракати террористии  “Толибон” аз номи дини ислом анҷом медиҳанд, хомўшанд. То ҷое хабарҳои зидду нақиз дар расонаҳо пахш мегардад, зумрае аз кишварҳои исломӣ моили ин амалкардҳои “Толибон” ҳастанду мехоҳанд давлати қуруни вустоисохти ин гуруҳи ҷиноятиро ба расмият бишносанд. Намедонем, дунё то ба ин ҳад сармоядориву мумсиктинатиро дар қалби давлатмандон ҷо карда, ки иззат, шараф, номуси диндориву миллатгароӣ назди эшон дигар як зарра арзише надорад...
    Мисоли рушан, як кишвари исломии ҳамҷавори Афғонистон расман ва ғайри расман аз гурӯҳи ифротии “Толибон” пушбонӣ мекунад ва ҳатто барои ҳамла ба Панҷшери Афғонистон неруҳои заминиву ҳавоии худро равон карда, мардуми мазлуми ин сарзаминро зери тиру туфанг қарор додааст. Вале боз иддао пеш меоварад, ки мо чунин амалеро содир накардаему ин ҳама хабари кизб асту бас. Рӯирост ҷиноят мекунад, аммо қоил намешавад. Ин ҳама шаҳодат бар он медиҳад, ки барои бадном кардани дини Ислом
кишварҳои исломӣ низ даст доранд, вагарна, дар баробари даҳшатафканиву ваҳшигариҳои “Толибон” хомўширо ихтиёр намекарданд ва ҳам ҷонибдориаш наменамуданд.
  “Толибон”-и муздур ва аз донишу хирад орӣ кӯдаконро дар дабистонҳову ҷавононро дар донишгоҳҳо мунфаҷир менамуду мекунад ва занону духтаронро дар торикиву зулмот нигоҳ медошту медорад ва ҳолиё, ки ҳам сари ҳукумат омадааст, ба қавли худашон ҳиҷоб, вале он ҳиҷоб ба “ҷуволе” шабоҳат дорад, ки дар сар то пойи занон пўшондаанд ва ҳамчунин дар муассисаҳои таълимӣ миёни духтарону писарон парда кашидаанд ва иддао пеш овардаанд, ки он чї мо ҷорӣ мекунем, аз рӯи қавонун ва талаботҳои дини Ислом аст. Ин чӣ маънӣ дорад? Магар Исломро ба масхара кашидан нест?! Исломро чун дини зўргӯёну ваҳшигарон муаррифӣ кардан нест?! Агар ин гуна нест, пас чӣ буда метавонад?
   Исломро имрӯз ҷаҳониён синоними террор, қатлу ваҳшоният мешиносанд ва мусулмонеро рӯ ба рӯ оянд, аз ӯ “фосилаи иҷтимоӣ” мегиранд. Бубинед, Ислом дар баробари куруно дар шинохти оламиён вирус гардидааст ва ин “хидмат”-ро баҳри Ислом кӣ анҷом дод, ки Ислом чунин хашину даҳшатзо дар зеҳну афкори башар гардид? Дар зеҳни мо кӣ ин гуна даркро ҷо карда, ки ғайри мусулмон кофир аст ва ӯ вориди дўзах мегардад? Моро чунон таълиму тарбият додаанд, ки гумон мекунем роҳи росту ақли бартар ҷуз мусулмон надорад, вале ҳамагон аз мо алҳазар мекунанд, мекӯшанд аз мо, яъне мусалмон фосилаи бештаре дошта бошанд ва ин амал ба онҳо эҳсоси амн медиҳад. Ёду номи Ислом ва исломиро магар нухбагони динӣ дар тӯли торих то ба имрӯз доғдору сияҳном нанамуданд? Ба юмни нухбагони динӣ Ислом дини қатлу куштор нагардид?!
    Бузургтарин абармарди илму маориф Мавлонои Балхӣ дар гуфтору пиндори худ ҷумла кешу мазҳабҳоро эҳтиром қоил гардидааст ва дар осораш ҳам мо возеҳ мебинем, ки Исломро меъёри инсони баркамол барнашумурдааст, балки гуфтааст:
Ҳазорсола роҳ аст, аз ту то мусалмонӣ,
Ҳазор соли дигар, то ба ҳадди инсонӣ!
   Инсон дар шинохти Мавлоно бартар аз ҳама меъёрҳои иҷтимоӣ будааст ва инсон бидуни хушунату таассуб метавонад бо ҷумлаи одамон, ки фарқе аз дину кешаш нахоҳад гузошт, ҳамзистӣ намояд.
  Пеши худ суол гузоред, чаро аз кеҳтарон то меҳтарони ҷаҳон олимону хирадмандони форсу тоҷик ва соири миллатҳоро хуш пазироӣ мекунанд ва бо осорашон алоқаи ногусастанӣ доранд? Андешаи мо дар посухи ин суол чунин аст, ки бузургони миллати мо ва дигар миллатҳо дар меҳвари эҷодиёташон инсон, ишқ, муҳаббат, дӯстиву рафоқатро баргузидаанд ва ин сабаб гардидааст, ки ҷумлаи оламиён бар шахс ва эҷоди онон ишқ варзанду муҳаббати беолоиш дошта бошанд.
  Вале дар ин росто, бубинед, мусулмонон ҳатто наметавонанд миёни худ созгор бигарданду иҷтимоиёту фарҳанги муштарк бунёд намоянд. Ин ихтилофот дар тӯли торих дар миёни мусулмонон мавҷуд буд ва ба ҳамдигар шабехунҳои густурдае намудаанд, вале ин кирдору рафторро ҳамеша нухбагони динӣ миёни мардум эҷод мекарданд, дар натиҷа танҳо мардуми одӣ кушта мешуд ё зарари моддиву маънавӣ онон медиданд. Ин ихтилофҳо чунон густурда гардиданд миёни мусулмонон, ки анқариб мусулмоне набуд, ки аз ин “офат” зараре надида бошад ва бо таассуф, ин ҳолатро Хоҷа Ҳофиз чунин маҳкум менамояд:
Ҷанги ҳафтоду миллат, ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд!
Пури Синои бузургвор низ ҷое мефармояд:
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ў на хар аст, кофираш медонанд.
   Агар мо адабиёти классикиро варақ бизанем, чунин гуфторҳо бешуморанд. Ин бад-он ишорат мекунад, ки мо дар гузашта то ба имрӯз на панд шунидему на ибрате гирифтем.
  Имрӯз ҳам тамаддуну илми дунё сӯи коинот пар мекашад, вале нухбагони дини Ислом то ҳол аз ришу ҳиҷобу дасти росту чап мегӯянд ва ин иддаоро ҳаракати террористии “Толибон”-и имрӯз дар шакли аз ақли инсон берун пеш гирифтааст, ки мардуми Афғонистон аз даҳшатафкании ин гуруҳи ваҳшӣ қисме фирорӣ шуданду қисме кушта ва қисми дигар ба зулму асорат гирифтор гардиданд.
   Агар мо имрӯз пеши роҳи ин кӯчиёни хоки раҳро нагирем ва аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки роҳбарияташро фарзанди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд бар дӯш гирифтааст, ҷонибдорӣ накунем, албатта, фардо ворисонамон ба мо чунин ёдоварӣ хоҳанд намуд, ки эй мусулмон, шарму нангат бод, ба вижа гаҳвора ва соири кишварҳое, ки Исломро шиор кардаанд, сар зери хок баред, то торих чунин нангномаро дар саҳифааш ҳаккокӣ накунад!
   Хитоб ба ононе, ки ҳаракати террористии “Толибон”-ро ҷонибдорӣ мекунанд: гумон доред “Толибон” бо нерӯи худ сари ҳукумат омад? Гумон доред “Толибон” Исломро иззату икром дод? Фикр доред  “толиби террорист”    Исломро хушном ва ақлгаро дар намоиш мегузорад? Фикр доред ҳаракати террористии “Толибон” бо ин гуна рафтор Исломро бадном намекунад? Фикр мекунед ҳаракати террористии “Толибон” нангу ор ва сарафкандагии Ислом нест?!
   Хулоса, мусулмонон, шумо хоре ҳастед, ки дар чашми афлок уфтода...
   Далелаш, хомӯшии кишварҳои исломӣ дар баробари таҷовуз ва ваҳшонияти ҳаракати террористии “Толибон”, ки бевосита аз номи дин ҳарф мезананд.
 
  Зоҳири САЙФУЛЛО- муҳаққиқ,
Зебо ЗИЁЕВА- номзади илмҳои фалсафа